Мақомоти Суғд гуфтанд, Абдушукур Ҳакимов озод шуд

Мақомоти амниятии вилояти Суғд Абдушукур Ҳакимов, як шаҳрванди Тоҷикистонро, ки моҳи июл аз Маскав ба Хуҷанд истирдод шуд, баъд аз бозпурсӣ ва санҷиши қазияаш парвандаро қатъ ва худи ӯро озод кардаанд.

Тафтиши парвандаи Ҳакимов маълум кард, ки ӯ аз соли 2012, ки берун аз қаламрави Тоҷикистон зиндагӣ мекунад, ба аъмоли ҷиноие даст назадааст, бинобар ин парвандаи ӯ қатъ шуда ва худаш аз боздоштгоҳ озод карда шуд

Додситонии Суғд мегӯяд, мақомоти амниятӣ алайҳи Ҳакимови 30-сола бо иттиҳоми “Ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ)” парванда боз карда буданд, вале бинобар “сидқан пушаймон шуда ва ихтиёрӣ баргаштани ӯ” парвандаи ӯро қатъ кардаанд.

Мақомот гуфтанд, ки замони зиндагӣ дар Тоҷикистон Абдушукур Ҳакимов бо аъзои Ҳаракати исломии Узбекистон иртибот барқарор кард ва бо ҳамин сабаб ҳам мавриди шубҳа ва таваҷҷӯҳи мақомоти ҳифзи қонун қарор гирифт. Додситонии Суғд гуфт, ки нисбат ба Абдушукур Ҳакимов ҳанӯз се сол пеш бар асоси моддаи 307, қисми 3-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон – “Ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ)” парванда боз шуда буд. Вале соли 2006 ӯ Тоҷикистонро тарк ва тамоми ин вақт дар берун аз кишвар зиндагиву кор кардааст.

Ҳамсараш дар Интернет гуфт, Абдушукур рабуда шуд

Қазияи Абдушукур Ҳакимов шоми 12 июл, замоне расонаӣ шуд, ки ҳомиёни ҳуқуқи инсон ва ҳамсараш дар Маскав аз маҷбуран баргардонидани ин корманди ихтиёрии як созмони дифоъ аз ҳуқуқи инсон дар Русия сару садо баланд карданд. Замони бозгардонидани Абдушукур Ҳакимов ба Хуҷанд, ҳамсари ӯ ва ҳомиёни ҳуқуқи инсон дар Русия бо пахши изҳорот гуфтанд, ки Ҳакимов ба таври ғайриқонунӣ дуздида ва берун аз ихтиёраш ба Тоҷикистон истирдод шуд. Мақомоти додситонии вилояти Суғд истирдоди шаҳрванди Тоҷикистон Абдушукур Ҳакимов аз Русия ба Тоҷикистонро тасдиқ карда, гуфта буданд, ки ӯ дар боздоштгоҳи Хуҷанд нигаҳдорӣ мешавад.

Вале Абдушукур Ҳакимов зимни баррасии парвандааш гуфтааст, ки ӯро касе аз Маскав ба Тоҷикистон истирдод накарда, худаш ихтиёран 12 июл ба Хуҷанд омад ва фардои он рӯз ба мақомот таслим шуд. Манобеи ин ниҳод рӯзи 11 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки моҳи майи ҳамин сол Ҳакимов бо кӯмаки падараш ба мақомот муроҷиат кард ва аз онҳо хост, ки ӯро афв кунанд.

Додситонии Суғд мегӯяд, “тафтиши парвандаи Ҳакимов маълум кард, ки ӯ аз соли 2012, ки берун аз қаламрави Тоҷикистон зиндагӣ мекунад, ба аъмоли ҷиноие даст назадааст, бинобар ин парвандаи ӯ қатъ шуда ва худаш аз боздоштгоҳ озод карда шуд".

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Муҳоҷири тоҷик дар Русия бе ному нишон шуд

Бар асоси эзоҳи моддаи 307, қисми 3, дар ҳолате, ки гумонбар ихтиёран аз иштирок дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё динӣ ва ё дигар созмони фаъолиятааш манъшуда даст кашида, назди мақомот ҳозир шавад ва дар сурате, ки дар кирдори ў таркиби ҷинояти дигар мавҷуд набошад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад.

Мақомот ҳоло ин роҳи қонуниро барои афв ва бозгашти шаҳрвандони Тоҷикистон аз кишварҳои ҷангзадаи мисли Афғонистону Сурияву Ироқ ба кор мебаранд. Дар қонун гуфта шудааст, ки дар сурати сидқан пушаймон ва ихтиёрӣ баргашти шаҳрванди гумонбар дар ширкати амалиёти мусаллаҳонаи кишварҳои хориҷӣ, нисбати ӯ афв татбиқ мешавад. То имрӯз аз бозгашт ва озод шудани даҳҳо аъзои созмонҳои мунаққиди ҳукумат дар хориҷи кишвар хабар дода шудааст.

Зиндагӣ дар Туркия ва Русия

Қаблан худи Ҳакимови сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд гуфта буданд, ки соли 2006 Тоҷикистонро тарк карда, ҳамроҳи ҳамсар ва се фарзандаш дар Туркия мезист ва дар он ҷо бо корҳои тиҷорат машғул буд. Ӯ солҳои охир ҳамроҳи аҳли оилааш дар Маскав зиндагӣ мекард ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз таъқибу фишори сохторҳои интизомии Тоҷикистон шикоят карда буд. Ба нақли пайвандонаш, кормандони ҳифзи ҳуқуқ пайваста ба ӯ занг зада, талаб мекарданд, ки ба ватан баргардад.

Замони боздошти асрорангез ва истирдодаш ба Тоҷикистон, Абдушукур Ҳакимов дар як маркази дифоъ аз ҳуқуқи инсон дар Маскав фаъолият мекард. Вале Ҳоҷирхон Маҳдихонова, ҳамсари Абдушукур Ҳакимов рӯзи 12 июл гуфт, шавҳараш саҳарӣ ба кор рафт ва бегоҳи соати 6 аз рақами мобили ӯ паёмаке дарёфт кард, ки ӯро рабудаанд ва мехоҳанд ба Тоҷикистон бубаранд. “Маълум буд, ки СМС саросемавор навишта шудааст, зеро пур аз хато буд," – гуфт хонум Маҳдихонова.

Хоҳари Абдушукур – Мавлуда Ҳакимова ба фурудгоҳи Домодедово шитофт. Аммо Абдушукур Ҳакимов аллакай дар фурудгоҳ марзро убур карда буд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Додситонӣ: Абдушукур Ҳакимов ба Тоҷикистон истирдод шуд. ВИДЕО

Биноба иттилои додситонии Суғд, дар нимсолаи аввали соли равон мисли Абдушукур Ҳакимов 15 сокини Суғд, ки ба гумони даст доштан дар содир кардани ҷиноятҳои марбут ба ифротгароӣ ва фаъолият дар ҳизбу созмонҳои мамнуъ бар зидди онҳо парвандаҳои ҷиноӣ боз гардида, таҳти ҷустуҷӯи ҷиноӣ қарор доштанд, ихтиёран ба ватан баргашта, худро ба мақомот таслим кардаанд. Ҷавобан мақомоти тафтишотӣ парвандаи онҳоро қатъ карда, аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод кардаанд.

То лаҳзаҳои омода шудани ин гузориш имкони мулоқот ва сӯҳбат бо худи Абдушукур Ҳакимов даст надод.