"Photoshop"-и ришу ҳиҷоб барои санадҳои расмӣ

Акс аз бойгонӣ.

Ба қавли мақомоти тоҷик, низомномаи нави гирифтани акс барои санадҳои расмӣ, ришу ҳиҷобро низ дар назар дорад.
Ба гуфтаи як манбаъ дар Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, низомномаи нави гирифтани акс барои шиноснома ва дигар санадҳои расмӣ баррасӣ мешавад, ки масъалаи риш ва ҳиҷобро низ дар назар дорад.

Ин манбаъ афзуд, айни замон дар шиносномаҳо акси мардони то 40-сола бо риш қабул карда намешавад ва акси духтарони боҳиҷобро низ барои санади расмӣ қабул намекунанд: "Ҳоло як низомномаи нави гирифтани сурат барои шиноснома дар ҳоли баррасӣ аст. Баъди қабули он масъалаи доштани риш ва ҳиҷоб ба танзим хоҳад даромад."

Бар пояи низомномаи нав, хонумҳо барои асноди расмӣ бояд бидуни рӯсарӣ акс бигиранд.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар гузашта гуфтааст, ки бинобар арзу шикояти шаҳрвандон, аз ҷумла дархостҳо барои иҷоза додани акс бо риш, рӯймол ва ҳиҷоб, гурӯҳи корие таъсис ёфта ва ҳамин масъаларо баррасӣ мекунад. Дар Тоҷикистон, ки мардум солҳои ахир ҳар чӣ бештар ба мазҳаб рӯ овардаанд, теъдоде аз ҷавонон вақти гирифтани санад маҷбур мешаванд, ки риши худро битарошанд ва дигар ин, ки масъалаи бе рӯсарӣ акс гирифтан барои шиносномаҳо дар гузашта ҳаёҳӯи зиёдеро дар матбуот барангехта буд.

Мақомот акс бо ҳиҷобро барои шиноснома қабул намекарданд ва духтарон ҳам кашидани рӯсарӣ ҳангоми аксгириро бар хилофи эътиқод медонистанд. Анвар Ворисов, корманди яке аз суратгирхонаҳои Душанбе гуфт, ҳанӯз ҳам ин масъала вуҷуд дорад ва баъзе аз эътиқодмандони ришдор ва ҳиҷобпӯш ҳангоми гирифтани санад ба истилоҳ дар дуроҳа қарор мегиранд: «Бисёриҳо меоянд ва мегӯянд, ки бо сатр ва риш онҳоро акс бигирем. Вале мо ба онҳо мефаҳмонем, ки бо ин шакл ба онҳо шиноснома намедиҳанд. Баъзе духтарон сатрашонро мекашанд ва сурат мегиранд. Писарон агар ришашон дароз бошад, метарошанд. Агар ришашон кӯтоҳатар бошад, мо бо барномаи Photoshop тоза мекунем.»

Дар гурӯҳи корӣ барои таҳияи низомномаи нави аксгирӣ барои санадҳои расмӣ, намояндагони Кумитаи дини Тоҷикистон шомиланд ва онҳо дар номае аз Шӯрои уламои Тоҷикистон хостаанд, барои ҳалли ин масъала мусоидат кунанд. Яке аз масъулони Маркази исломии Тоҷикистон, ки нахост номаш бурда шавад гуфт, воқеан ду моҳ қабл Кумитаи дини Тоҷикистон бо ирсоли номае аз шӯъбаи фатвои Маркази исломӣ хостааст, донишмандон тибқи талаботи мазҳаби ҳанафӣ миқдори

Мавлон Мухторов ва Саидмукаррам Абдулқодирзода

мондани ришро таъйин кунанд, то назари онҳо низ дар бораи шакли расмгирӣ ва чеҳраи шаҳрвандон дар санадҳои расмӣ ба инобат гирифта шавад. Аммо ӯ гуфт, гузоришҳо дар бораи онки, Маркази исломии Тоҷикистон андозаи ришро муайян кардааст, дуруст нест.

Мавлон Мухторов, муовини раиси Кумитаи дини Тоҷикистон рӯзи 17-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт: «Хабарҳои расонаҳо дар мавриди он, ки мо гуё тарзи мондани ришро муайян кардем дурӯғ аст. Мо дар ин бора баъдан ба расонаҳо хабар медиҳем.»

Расонаҳои Тоҷикистон қаблан бо такя ба як манбаъ дар Шурои уламои Тоҷикистон навишта буданд, ки ин ниҳод дарозии риш барои мардонро мувофиқи талаботи мазҳаби ҳанафӣ ба қадри як мушт муайян кардааст. Дар Тоҷикистон шиносномаи дохилӣ дар 16 солагӣ, 25 солагӣ ва 40 солагӣ дода мешавад ва барои пирамардон тарошидани риш барои акси шиноснома, ҳатмӣ нест.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, гурӯҳи корӣ “Оид ба расмиятдарории шиносномаҳои шаҳрвандӣ” то кунун дар чанд ҷаласа назару андешаҳои мардумро баррасӣ кардааст ва хулосаҳои худро барои қабули қарори марбут ба ҳукумат мефиристад.

Навор аз бойгонии "Озодӣ": Ҳадаф аз риш чист?

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ҳадаф аз риш чист?(Навор аз соли 2010)