Ду баҳори фарҳанги тоҷик дар саҳнаи Маскав

Шоми 12 ноябр саҳнаи Кохи миллатҳои шаҳри Маскавро ду бонуи боғи адабиёти тоҷик – Шоираи Раҳимҷон ва Шоистаи Равшан – обод хоҳанд кард.

Шоистаи Равшан, адибаи тоҷик ва устоди фанни фалсафа ва зебоишиносии Донишгоҳи байналмилалии Қирғизистон, рӯзи 12 ноябр дар як шаби эҷодии муштарак бо шоираи тоҷик Шоира Раҳимҷонова китоби дувуми “Мозаика”-ро, ки маҷмӯаи осори адибон аз кишварҳои мухталиф, аз ҷумла аз Тоҷикистон аст, рӯнамоӣ мекунад. Ин шабнишинӣ дар Кохи Миллатҳои пойтахти Русия таҳти унвони "Ду баҳор дар Маскав" доир мешавад.

Шоистаи Равшан, донишманд ва адиби тоҷики муқими Бишкек яке аз мубаллиғони шинохтаи фарҳангу адабиёти тоҷик дар хориҷ шинохта шудааст.

Шоистаи Равшан соли 1961 дар шаҳри Китоби ҷумҳурии Ӯзбекистон ба дунё омада, Донишгоҳи омӯзгории Душанберо хатм кардааст. Ӯ аз миёнаи солҳои 80 то ибтидои соли 1997 дар Донишгоҳи миллӣ аз фанни фалсафа дарс мегуфт. Шоистаи Равшан соли 1998 барои табобат ба Австрия рафта, баъди даргузашти шавҳараш Фаршид Маваддат дар Қирғизистон муқим шуд. Ӯ ҳоло дар Донишгоҳи байналмилалии Қирғизистон аз фанни фалсафа ва зебоишиносӣ дарс медиҳад.

Шоистаи Равшан ҳамчунин Анҷумани фарҳангии “Аржанг”-ро, ки адибону ҳунармандони тоҷики муқими Қирғизистонро гирд овардааст, раҳбарӣ мекунад ва масъули нашри маҷмӯаи “Мозаика” мебошад. Шоистаи Равшан то имрӯз 68 китоби илмиву бадеӣ чоп кардааст. Яке аз ин китобҳо бо номи “Одамушшуаро” дар бориа осори падари шеъри форсӣ Абӯабдуллоҳи Рӯдакист. Охирин китоби ӯ – “Дона-дона марворид” тоза дар ин ҳафта дар Бишкек аз дасти чоп берун мешавад. Шоистаи Равшан ҳамзамон дар садади ҳимояи рисолаи докториаш дар Маскав аст. Ин рисола дар мавзӯи “Ҷанбаҳои ахлоқиву зебоишиносии афсонаҳои халқи тоҷик” таълиф шудааст.

Шоистаи Равшан рӯзи 10 ноябр дар як мусоҳибаи ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ ибтидо аз барномаи шаби эҷодии ӯву Шоираи Раҳимҷон дар Маскав сӯҳбат кард:

Шоистаи Равшан: Шабнишинии мо дар Кохи Миллатҳои Маскав (Московский Дом национальностей) баргузор мегардад. Ин шабнишинӣ бо мусоидати раҳбари Маркази фарҳанги тоҷикони Маскав профессор Хуршеда Ҳамроқулова ва сафорати Тоҷикистон дар Русия доир мешавад.

Радиои Озодӣ: Шумо ширкат мекунед ва Шоираи Раҳимҷон? Ҳамин тавр?

Шоистаи Равшан

Шоистаи Равшан: Бале. Ибтидо сухан дар бораи рӯнамоии танҳо нашри дувуми китоби “Мозаика” буд, ки мо дар Қирғизистон нашр кардем ва мехостем дар Маскав ҳам рӯнамоияш кунем. Баъд Шоира пешниҳод кард, ки бо ҳам муштарак гузаронем. Ман бо камоли майл розӣ шудам. Шоираро кайҳост мешиносам, дар донишгоҳ шогирди ман буд. То ҳол чандин чунин шабнишиниҳои эҷодии муштарак доштем.

Радиои Озодӣ: Маҷмӯаи “Мозаика” ки инак нашри дувамаш бояд дар Маскав муаррифӣ шавад, чӣ маҷмӯаест? Кай рӯи кор омад? Чӣ дорад?

Шоистаи Равшан: Мо дар солҳои 2013 ва 2015 ду шумораи “Мозаика”-ро чоп кардем, ҳар ду маҷмӯа ҷанбаи байналмилалӣ дорад ва адибон ҳам аз Осиёи Марказӣ, ҳам аз Русия, Қафқоз, Амрико, Чин, Эрон, Австралия, Непал, Изроил ва аз кишварҳои дигарро дар бар мегирад. Ҳам назму ҳам насру ҳам асарҳои публитсистиро бо забонҳои мухталиф чоп кардем. Як гӯшаи тарҷума ҳам дорем. Дар мпҷмӯаи авалӣ асарҳои 67 нафар адибони кишварҳои гуногун рӯи чоп омада буданд. Ҳоло дар маҷмӯъаи дуввуми “Мозаика” асарҳои 112 адиб, аз ҷумла 11 адиби тоҷик дар ин маҷмӯа осори худро нашр кардаанд. Аз байни дӯстони тоҷик, аз ҷумла навиштаҳои Гулрухсор, Сиёвуш, Аниса Собирӣ, Бахтиёр Аминӣ, Сафарбек Солеҳов, Мирасрори Фарғонӣ, Қодиршоҳи Мурувват, Тилав Расулзода адиби тоҷики муқими Қирғизистон Шарифҷони Учқӯрғонӣ, ва аз навиштаҳои худи ман дар “Мозаика” рӯи чоп дидаанд.

Радиои Озодӣ: Кӣ чоп мекунад “Мозаика”-ро?

Шоистаи Равшан: Бори дуввуме, ки маҷмӯаи “Мозаика чоп шуд, бо пули худи ман ва дастгирии муаллифон чоп шуд. Мо ҳоло қасд дорем, як фонди байналмилалӣ бо номи “Аржанг” ҳам таъсис диҳем. Пас аз он ки он ба расмият шинохта шуд, мо бо грант кор хоҳаем кард. Чун теъдоди хоҳишмандон аз байни адибон зиёд шуданд, ки ин ҳама махориҷи хеле зиёд мехоҳад. Ман ибтидо танҳо ба адибони қирғиз пешниҳод дода будам, ки биёед, муштаракан маҷмӯае нашр кунем. Баъд адибон аз кишварҳои Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон ва аз кишварҳои дигар ҳамроҳ шуданд ва ин тарҳ чунин васеъ шуд. Ман ҳамин тавр, узви ПЕН-Клубам. Ин як созмони ҷаҳонии нависандагон аст, ки маркази он дар Лондон мебошад ва аз ҳуқуқи адибон дифоъ мекунад. Соли гузашта Конгресси байналмилалии ПЕН-Клуб дар Қирғизистон анҷом гирифта буд.

Радиои Озодӣ: Шумо ягона узви ПЕН-Клуби Лондон аз Тоҷикистонед?

Шоистаи Равшан: Гулрухсор Сафиева низ ҳастанд, ӯ узви ПЕН-Клуби Русия мебошад. Бештари аъзои аъзои ПЕН-Клуб, ки маро мешиносанд, навиштаҳои худро барои чоп дар “Мозаика” фиристоданд.

Радиои Озодӣ: Шумо, то ҷое медонем, зиндагӣ дар Аврупо, мушаххасан дар Австрияро андохтеду омадед ба Қирғизистон. Ин чӣ гуна иттифоқ уфтод?

Шоистаи Равшан: Шавҳари ман – Фаршид Маваддат – эронии шаҳрванди Австрия буд ва дар шаҳри Инсбрук умр ба сар мебурд. Ӯ, бадбахтона, дар як садама дар Македония аз олам рафт. Баъди марги ӯ ман дар Австрия истода натавонистам ва хонаамро онҷо гузошта, зиндагӣ дар Қирғизистонро ихтиёр кардам. Мо бо даъвати Чингиз Айтматов, ки дӯсти наздики шавҳарам буд, инҷо омада будем. Шавҳари ман профессор ва яке аз табибҳои маъруфи Австрия буд, ки тавассути барномаҳои СММ ба таври маҷҷонӣ дар кишварҳои фақир ба мардум кӯмак мерасонд. Дар ин сафарҳо маро низ ҳамроҳ мебурд. Ба Қирғизистон низ дар соли 2002 бо ҳамин ният омада будем, ки умр барояш вафо накард, вале ман ҳамин ҷо мондам.

Радиои Озодӣ: Фарзандонатон ҳаминҷо ба воя расиданд?

Шоистаи Равшан: Бале, ҳар се духтари ман ҳаминҷо бузург шуданд. Духтари калониам ҳоло бо шавҳараш дар шаҳри Мелбурни Австралия умр ба сар мебарад. Духтари дуюмам ҳаминҷо издивоҷ кард ва сеюмаш феълан дар Русия таҳсил мекунад.

Радиои Озодӣ: Фарзандони шумо дар чӣ муҳите бузург шуданд?

Шоистаи Равшан: Дар як муҳити саддарсад тоҷикона. Духтарҳои ман ҳамааш шеърдонанд ва забони форсиашон ҳам хеле хуб аст. Ба хатти форсӣ ҳам менависанд, ҳам мутолиа мекунанд. Набераам Рияҷон русиву англисиро балад аст, вале пеш аз ҳама барояш забони модариамон – тоҷикиро ёд додем, чунки мавзӯи забон дар хонаводаи мо мавзӯи хеле муҳим аст.

Радиои Озодӣ: Бо шавҳаратон Фаршид Маваддат чӣ гуна ошно шудеду риштаи зиндагиатонро ба ҳам пайвастеду рафтед аз Тоҷикистон?

Шоираи Раҳимҷон

Шоистаи Равшан: Ман дар солҳои 90 дар созмони “Counterpart Consortium” ҳамкорӣ доштам. ва дар бораи масоили баробарии ҷинсӣ мақолаҳо менавиштам. Чанд бор аз ҷониби шахсони номаълум таҳдид ҳам шудам, ки бас кунам ин корро. Дар соли 1998, вақте 1500 доллар маоши чандмоҳаам дар даст ба хона мерафтам, дар маҳаллаи 92-юми Душанбе ба ман ду нафар ҷавон ҳамла карданд. Ҳам пуламро гирифтанд, ҳам либосҳоямро ва ҳам сахт латукӯбам карданд. Ба андозае ки аз по афтодам. Дӯстонам маслиҳат доданд, ки худро ба як табибе, ки аз Австрия барои табобати мардум омадааст, нишон диҳам. Ӯ баъди ташхис гуфт, бояд ба Австрия барем, чунки табибони маҳаллӣ гуфтанд, ки шароити табобати маро надоранд ва дар инҷо агар бимонам, шояд моҳе бештар аз умрам накашад. Фаршид Маваддат маро ба Австрияву Италия бурд, чанд бор ҷарроҳӣ шудам. Дар ин миён бо ҳам унс гирифтему издивоҷ кардем. Бо амри тақдир, касе ки ҷонамро наҷот дод, шавҳарам шуд.

Радиои Озодӣ: Хеле қиссаи ҷолиб.

Шоиcтаи Равшан: Бале, агар он ҳамаро бинависам, худаш як роман мешавад. Бо як дунёи пур аз инсоният ошно шудам ва дидам, ки инсонҳо чигуна бидуни ягон интизоре метавонанд ба ҳамдигар кумак кунанд. Тамоми табобати ман маҷҷонӣ буд.

Радиои Озодӣ: Чун аз қиссаву роман гуфтед, эҷодиёти худи шумо дар бораи чист?

Шоистаи Равшан ва Аниса Собирӣ

Шоистаи Равшан: Ман бештар панду насиҳат, қисса ва тарона менависам, як китоби шеъриам ба забони русӣ чоп шудааст. Дар бораи ишқ, дар бораи инсоният ва фазилатҳои инсонӣ. Бештар пиромуни масоили ахлоқӣ ва зебоишиносист. Чун ман худам устоди фалсафаам ва дар донишгоҳи байналмилалии Қирғизистон аз фалсафаву зебоишиносӣ дарс медиҳам. Инчунин маркази мавзӯи навиштаҳои ман масъалаи ҷангу сулҳ аст. Ҳодисаҳои ҷангӣ, хору зор гадидани мардум дар кишварҳое, ки ҷангу ҷидолу қитол идома дорад, маро хеле нороҳат мекунад. Ман мутмаинам, ки замоне дар саросари олам сулҳу салоҳ танинандоз хоҳад шуд. Хосса фарҳанги ғании тоҷикона мояи омӯзишу парастиши ман аст. Ман аз адабиёти форсу тоҷик ба ҳамаи суолҳои худ ҷавоби дақиқ мегирам. Аз ин рӯ бо ҷону дил дар ҳамаи сафарҳои худ ба хонандагони худ ва дӯстон аз маърифату адаби мардуми тоҷик нақл мекунам ва то умр дорам, фарҳангу адабиёти тоҷикро таблиғ мекунам.