Имрӯз, сешанбеи 2-юми июл дар ноҳияи марзии Панҷ размоиши муштараки сохторҳои қудратии Тоҷикистон баргузор гардид.
Хушнуд Раҳматуллоев, сухангӯи Идораи марзбонии КДАМ-и Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз майдони размоиш гуфт, ки, "дар ин машқ неруҳои марзбонӣ, бахшҳои ноҳиявии амнияти миллӣ, вазорати корҳои дохилӣ ва дифоъ, ки дар маҷмӯъ 400 нафарро ташкил медиҳанд, ширкат доранд."
Ҳамчунин ба таъкиди ҷаноби Раҳматуллоев, дар ин машқи муштарак аз техника ва муҳимоти ҷангӣ, назири зиреҳпӯшҳо низ истифода шудааст. Аммо ба гуфтаи сухангӯи Идораи марзбонии Тоҷикистон, ҳарчанд ҷангандаҳо ва чархболҳои дар ин машқ мавриди истифода қарор надоранд, аммо нерӯҳои ширкаткунанда дар ҳолати ҷанги рамзӣ бо душман машқро анҷом медиҳанд.
Хушнуд Раҳматуллоев "ташкил ва кофтукоби марзшиканон, зада баргардонидани ҳуҷуми мусаллаҳонаи душман дар шароити тағйирёбии вазъияти сиёсӣ - низомӣ" -ро аз мавзӯъоти меҳварии ин машқи муштарак унвон кард. Ба гуфтаи Раҳматуллоев, "ин тамрин бо ҳадафи омодабошии ҷангии воҳидҳои марзӣ, такмили фаъолияти қисмҳо ва дидбонгоҳҳо дар шароити мураккаб шудани вазъияти эҳтимолӣ " сурат гирифтааст.
Сухангӯи Идораи марзбонии КДАМ афзуд, бо таваҷҷӯҳ ба он, ки дар ин машқҳо бар иловаи ҳайати марзбонону амнияти миллӣ, неруҳои вазорати дифоъ ва корҳои дохилӣ ширкат доранд, масоили ҳамоҳангсозии фаъолияти муштарак дар таъмини боэътимоди ҳифзи марзи давлатӣ матраҳ ва баррасӣ шудааст. Размоиши муштарак зери назари раҳбарии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, вазорати дифоъ ва вазорати корҳои дохилӣ сурат гирифт.
Нозирони умур бо таваҷҷӯҳ ба вахим шудани вазъият дар бархе аз қаламрави Афғонистон, ба хусус манотиқи шимоли он, баргузории размоиши муштараки сохторҳои қудратии Тоҷикистонро ба манзури ҷилавгирӣ аз мавориди марзшикӣ ва ҳуҷуми эҳтимолии гурӯҳҳои табаҳкор ба марзи ин кишвар муҳим медонанд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки Тоҷикистон бо манотиқи шимолии Афғонистон 1400 км марзи муштарак дорад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад