Дардисарҳои зиндагӣ дар "ҷазираҳои марзӣ"

Марзи Тоҷикистон ва Узбакистон дар ноҳияи Конибодом. Акс аз бойгонӣ.

Марзи Тоҷикистон ва Узбакистон дар ноҳияи Конибодом. Акс аз бойгонӣ.

Сокинони бархе манотиқи марзии Суғд, ки деҳаҳои онҳо ба "анклав" табдил ёфтаанд, мегӯянд, ки дар рафтуомади фарзандонаш ба мактаб ва ҳамчунин истифодаи озод аз заминҳояшон, ба маҳдудиятҳо рӯбарӯ ҳастанд.

Бархе аз маҳаллаҳоро дар ноҳияҳои Конибодому Ашт ва Шаҳристон симхорбандии Узбакистон ба ҷазираҳои баҳснок табдил додааст. Сокинони ин маҳалҳо мегӯянд, мушкили аслӣ, убуру мурур ба хориҷи маҳали зисташон ва рафтан ба сари заминҳояшон аст, ки байни онҳо посгоҳҳои марзбонӣ гузошта шудааст.

Деҳаи Равоти ноҳияи Конибодом дар сарҳади вилояти Фарғонаи Узбакистон ҷойгир аст ва 58 гектар заминҳои кишти беш аз 50 хонаводаи ин деҳа дар он сӯи посгоҳи марзии Узбкистон мондааст. Фарида ном сокини ин деҳа дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, сарҳадбонҳои узбак ба онҳо танҳо рӯзона иҷозаи рафтан ба сари заминҳояшонро медиҳанд ва онҳо ҳаққи бурдани чорвои худ барои чаронидан ба он минтақаро надоранд.

“Ҳол он, ки мавсими ҷамъоварии ҳосили зардолу ва дарави гандум, мо бояд бо чизу чораву ҷогаҳамон сари заминамон рафта, шаб он ҷо монем. Чорвоямон ҳам бояд сари замин бошад. Чунки мо дигар кору манбаи даромад надорем ва ризқи худро аз ҳамин замин меёбем.”

Ба гуфтаи мусоҳибам, бегоҳиҳо дар сурати каме таъхир кардан аз вақти муқарраршуда, марзбонҳои узбак онҳоро номнавис карда ва таҳдид менамоянд, ки дар сурати се дафъа таъхир, онҳоро ба қисми сарҳадӣ мебаранд.

Сокинони деҳаи Сарваки ҷамоати Пунуки ноҳия Ашт, воқеъ дар тақрибан 150-километрии Хуҷанд ва сарҳади вилояти Намангони Узбакистон мушкили монанд бо сокинони деҳаи Равоти Конибодомро доранд. Дар байни роҳи ягонаи ин деҳа то маркази ҷамоат посгоҳи марзии Узбакистон гузошта шудаст ва равуои ҳудуди 500 сокини ин деҳаи Тоҷикистон зери назорати сарҳадбонҳои узбак сурат мегирад. Миёнаҳои соли 2011, Узбакистон барои 9 моҳ ин роҳи ягонаи 10-километриро баст ва бошандагони деҳаи Сарвак барои рафтан ба маркази ҷамоати худ беш аз 40 километр роҳ тай мекарданд.

Зафар Собиров - раиси ҷамоати Пунук рӯзи 25 - уми сентябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, баъди поёни он баҳс то ҳол роҳ боз аст ва маҳдудиятҳое барои равуои сокинон ҷорист: “Сокинон аз соати 7-и пагоҳӣ то 7. 30 - и бегоҳӣ метавонанд ба ду тараф ҳаракат кунанд. Аммо аз рӯйи рӯйхати қаблӣ ва шиноснома, онҳоро дар посгоҳ сабти ном мекунанд.”

Раҳбарони ниҳодҳои марзбонии Узбакистону Тоҷикистон баҳори соли 2012 ба тавофуқ расида буданд, ки Узбакистон роҳро барои сокинони деҳаи Сарваки ноҳияи Ашт ва Равоти Конибодом боз мекунад ва бар иваз Тоҷикистон низ равуо ва иқомати муваққатии 23 хонаводаи аз нигоҳи маъмурӣ тобеи деҳкадаи «Казарма» - и ҷамоати Ҳомид Олимҷони шаҳри Бекободро ба Тоҷикистон тавассути гузаргоҳи марзии Платина дар Спитамен иҷозат медиҳад.

Инҳо шаҳрвандони Узбакистон ҳастанд, ки дар минтақаи марзии Тоҷикистон дар ноҳияи Спитамен зиндагӣ ва дар Бекободи Узбакистон кор мекунанд. Насимҷон Деҳқонбоев, раиси ҷамоати Сарбанд (пешина Қуштегирмон) –и ноҳияи Спитамен рӯзи 25 – уми сентябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, убури шаҳрвандони сабтиномшудаи шаҳри Бекободи Узбакистон аз марзи Тоҷикистон, бемушкил сурат мегирад.

Дар деҳаҳои Платина ва Горнийи ҷамоати Сарбанди ноҳияи Спитамен беш аз 3.5 ҳазор сокинони тоҷику узбак канори ҳам зиндагӣ доранд. Вале мактаби ягонаи ин маҳалҳо узбакӣ буда, таълим аз рӯи барномаҳои таълимии Узбакистон ва бо ҳуруфи лотинӣ сурат мегирад. Чизе, ки дархӯри хости 1.5 ҳазор тоҷикони маҳал нест.

Як сокини деҳкадаи Горний мегӯяд: «Ҳар кас ки шароит дорад, фарзандонашро ба мактаби тоҷикии тахминан 7 километр дур ба деҳаи Қуштегирмон мебарад. Агар не, бачаҳои тоҷик дар ҳамин мактаби узбакӣ ба хати лотинӣ хондан мегиранд. Мо чанд маротиба ба ҳукумати ноҳияи Спитамен муроҷиат карда, хоҳиш намудем, ки дар маҳали зистамон мактаби тоҷикӣ бисозанд, аммо ин мушкили моро ҳал карда натавонистанд.»

Баҳодур Турабоев, мудири морифи ноҳияи Спитамен вуҷуди ин мушкилро тасдиқ кард ва гуфт, аз он мақомоти ҳукумати Тоҷикистон огоҳанд. Вай гуфт, дар ҳоли ҳозир аксари кулли кӯдакони тоҷик аз мактаби рақами 14- и Узбакистон дар деҳкади Платина ба мактабҳои рақамҳои 10 ва 31 дар деҳкадаи Қуштегирмон гузаронида шудаанд. Таълим дар ин мактабҳо ба ду забон: узбакиву тоҷикӣ аст. Насимҷон Деҳқонбоев, раиси ҷамоати Сарбанд (пешина Қуштегирмон) – и ноҳияи Спитамен гуфт, ҳол барои бунёди мактаби нав дар ин маҳал 3 гектар замин ҷудо шуда, сохтмонаш соли оянда шурӯъ хоҳад шуд.

Тоҷикистону Узбакистон 1332,9 километр хати сарҳади муштарак доранд, ки таъин ва аломатгузории он то ҳол анҷом наёфтааст ва дар он минтақаҳои баҳсноке, ки ҳарду ҷониб қаламрави худ мешуморанд, зиёд аст.