Соҳибкорони тоҷику узбак хостори лағви раводид шуданд. ВИДЕО, САДО

Мақомоти Тоҷикистону Узбакистон гуфтанд, ки дар як соли ахир мизони гардиши молу коло миёни ду кишвари ҳамсоя тақрибан шаш баробар афзуда, ба 70 миллион доллар расидааст. Аммо дар айни замон соҳибкорони ду тараф гуфтанд, ҳанӯз мониаҳое ба мисли виза ба додугирифти бештар халал мерасонад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Додугирифт миёни Тоҷикистону Узбакистон 6 баробар афзудааст

Мо барои содда шудани интиқоли мол ва рафтуомад миёни Тоҷикистону Узбакистон ба мақомоти кишварамон пешниҳоди худро ироа кардем. Ҳадди ақал низоми рафтуомад миёни кишварҳоямон осон шавад.

Нишасти аъзои ҳукумат ва соҳибкорони тоҷику узбак

Нишасти бесобиқаи аъзои ҳукумат ва соҳибкорони Тоҷикистону Узбакистон рӯзи 20-уми июн дар Душанбе баргузор шуд. Давлаталӣ Саид, муовини нахуствазири Тоҷикистон, далели афзоиши додугирифтро ба беҳбуди равобити миёни ду кишвар ва баргузории мулоқоти ҳайатҳои расмӣ, ташкили намоишгоҳҳо ва бизнес-форумҳои соҳибкорони тоҷику узбак рабт дод.

Давлаталӣ Саид ва Улуғбек Розиқулов

​Улуғбек Розиқулов, муовини нахуствазири Узбакистон, низ бо тасдиқи ин нукта гуфт, ки танҳо дар ҷараёни намоишгоҳ-фурӯши молу маҳсулоти кишвар дар Душанбе дар моҳи апрели имсол миёни ширкат ва соҳибкорони ду тараф ба маблағи 50 миллион доллар қарордод имзо шудааст. Дар ин намоишгоҳ беш аз 160 ширкат ва ҳудуди 500 соҳибкори узбакистонӣ иштирок карда, ҳудуди 1500 навъи маҳсулоту молҳои саноатӣ муаррифӣ шуданд.

Намоиши маҳсулот ва рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Тошканд

Қарор аст, дар моҳи сентябри имсол дар Узбакистон намоишгоҳи маҳсулот ва рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар он кишвар доир шавад.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Соҳибкорони тоҷику узбак хостори лағви раводид шуданд.

Дар ҳамин ҳол, соҳибкорони тоҷику узбак вуҷуди муқаррароти виза ва мушкили рафтуомад аз роҳҳои заминиро аз мониаҳои аслӣ дар самти рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ миёни Тоҷикистону Узбакистон арзёбӣ карданд. Хуршед Лутфуллоев, соҳибкори узбак, ки ба коркарди маҳсулоти кишоварзӣ машғул аст, гуфт, маҳсулоти корхонааш умдатан ба Русия ва Қазоқистон содирот мешавад. Ҳоло вай талош мекунад, ки дар бозори Тоҷикистон низ барои маҳсулоти корхона муштарӣ пайдо кунад.

Лутфуллоев: Мо пешниҳодҳои худро гуфтем

Лутфуллоев вуҷуди визаро аз мушкили аслӣ дар роҳи густариши ҳамкориҳои соҳибкорони ду кишвар хонд. “Мо барои содда шудани интиқоли мол ва рафтуомад миёни Тоҷикистону Узбакистон ба мақомоти кишварамон пешниҳоди худро ироа кардем. Ҳадди ақал низоми рафтуомад миёни кишварҳоямон осон шавад. Молҳои худро асосан аз тариқи мошинҳои боркаш интиқол медиҳем. Агар рафтуомад тавассути роҳҳо ва гузаргоҳҳои марзӣ беҳтар шавад, интиқоли мол ҳам осон шуда ва нархаш арзон мешавад”,-афзуд Хуршед Лутфуллоев.

Соҳибкорони тоҷик низ мегӯянд, агар дар шароити феълӣ бекор кардани виза миёни Тоҷикистону Узбакистон душвор бошад, ҳадди ақал дар марҳилаи аввал барои рушди ҳамкориҳои иқтисодии тиҷоратӣ раванди дарёфти виза содда шавад.

Соҳибкори тоҷик: Виза лағв шавад

Азим Ҳакимов, раиси кулли ширкати хусусии “Аваз Инженеринг”-и Тоҷикистон гуфт, “хуб мебуд, барои рушди бештари ҳамкориҳо, муқаррароти виза миёни Тоҷикистону Узбакистон бекор мешуд. Аммо дар марҳилаи аввал мумкин аст тарзи дарёфти соддаи виза ҷорӣ шавад. Яъне, ҳар соҳибкор дар фурудгоҳ ё гузаргоҳи марзӣ визаи вурудро гирифта метавонист. Ё муддати гирифтани виза камтар шавад”.

Некрӯй Забирзода

Дар ҳоле ки намояндагони Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Узбакистон аз ибрози назар дар мавриди имкони содда кардани низоми виза миёни ду кишвар худдорӣ карданд, Некрӯй Забирзода, раиси ширкати “Тоҷинвест”-и Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон гуфт, тавсеаи бештари ҳамкориҳо худ ба худ ба содда шудани низоми раводид мусоидат хоҳад кард.

“Имрӯзҳо ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Узбакистон дар сатҳи баланд қарор дорад. Корхонаҳои муштарак ташкил мешаванд. Барои ин корхонаҳо ашёи хом аз Тоҷикистон ё Узбакистон ворид мешавад. Ин вазъият моро маҷбур мекунад, ки монеаҳои сунъиро аз сари роҳ гирем”, - гуфт Некрӯй Забирзода.

То ҳол миёни Тоҷикистон ва Узбакистон иртиботи заминӣ, яъне, рафтуомади автобусҳову қаторҳои мусофирбар барқарор нашудааст. Ҳарчанд дар моҳи апрели имсол парвози ҳавопаймоҳо дар масири Тошканду Душанбе пас аз танаффуси 25-сола шурӯъ гардид.

Маркази фурӯши “Равон” дар Тоҷикистон

Шералӣ Ганҷалзода

Ширкати “Asian Express Terminal” дар моҳи гузашта эълон кард, ки музокиротро барои оғози ҳаракати мусофирбарҳо аз Тоҷикистон ба қаламрави Узбакистон шурӯъ кардааст ва мехоҳад, то тирамоҳи имсол сокинонро аз Душанбе ба шаҳрҳои Тошканду Самарқанд ва Бухоро бибарад. Шералӣ Ганҷалзода, муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон, дар ҳошияи нишасти истеҳсолкунандагон ва соҳибкорони Тоҷикистону Узбакистон дар шаҳри Душанбе гуфт, ҳанӯз дар бораи ҳаракати автобусҳо дар масири шаҳрҳои ин ду кишвар, созишнома имзо нашудааст ва музокирот дар ин замина идома дорад. Василае, ки ба гуфтаи ширкаткунандагони ҳамоиш, дар густариши ҳамкориҳо ва осон шудани рафтуомади шаҳрвандони Тоҷикистону Узбакистон мусоидат мекард.

Бо ин вуҷуд мошинҳои сохти Узбакистон оҳиста-оҳиста ба бозорҳои Тоҷикистон роҳ меёбанд. Имрӯз дар ҳамоиши шаҳри Душанбе эълон шуд, ки дар шаҳри Душанбе сохтмони нахустин Маркази фурӯши мошинҳои сабукрави тамғаи “Равон” шурӯъ шудааст.