Ашраф Гулов, писари вазири собиқи энержӣ ва домоди раисиҷумҳури Тоҷикистон консули генералии ин кишвар дар Русия таъин шуд.
Рӯзи 15 май дар идомаи силсилаи тағйироти кадрӣ дар низоми дипломатии Тоҷикистон Ашраф Гулов консули генералии Тоҷикистон дар Русия таъин шуд. Ашраф Гулов писари вазири собиқи энержӣ Шералӣ Гул ва домоди раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон буда, тоза дар моҳи март раиси бахши аудити дохилии Кумитаи андози Тоҷикистон интисоб шуда буд. Ӯ то расиданаш ба ин мақом дар Кумитаи андоз раҳбарии бахши кор бо андозсупорандагони бузургро бар ӯҳда дошт. Ашраф Гулов ба духтари панҷуми раисиҷумҳури Эмомалӣ Раҳмон – Парвина Раҳмонова - издивоҷ кардааст.
Ашраф Гулов дар мақоми консули генералии Тоҷикистон дар Русия Садбарг Ғаниеваро иваз мекунад. Садбарг Ғаниева духтари ҳаҷвнависи фақид Бурҳон Ғанӣ 5 соли охир дар ин мақом кор мекард. Садбарг Ғаниева, ки 28 сол собиқаи кори дипломатӣ дорад, акнун барои идомаи фаъолият ба дафтари марказии вазорати хориҷаи Тоҷикистон ба Душанбе бармегардад.
Сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Русия Муҳаммади Эгамзод дар сӯҳбат бо Озодӣ алакай ба кор шурӯъ кардани Ашраф Гулов дар симати сардори Хадамоти консулии сафорати Тоҷикистон дар Русияро тасдиқ кард. Муҳаммади Эгамзод бо ёдоварӣ аз собиқи кори Ашраф Гулов дар вазорати хориҷаи Тоҷикистон ва сафорати ин кишвар дар Брюссел гуфт: "Ба ақидаи ман, ба ин мақом нафари сазовор омадааст. Азбаски консулгарӣ дар Маскав мураккабтарин қитъаи кор дар байни ниҳодҳои мо дар хориҷ ба шумор меравад, интисоби чунин дипломати ҷавону пурэненржӣ бо таҷриба ва имконоти кор тасмими дуруст аст. Умедворем, ки бо омадани ӯ талошҳо барои ҳалли мушкилоти шаҳрвандони мо, бахусус мушкилоти муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия фаъолтар хоҳад шуд."
Хабари дигари расида дар робита ба тағйироти кадрӣ аз Душанбе мегӯяд, Хусрав Нозирӣ, ки то имрӯз дар мақоми раҳбари департаменти Осиё ва Африқо дар вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон кор мекард, ба ҷои Нарзулло Назаров сафири Душанбе дар Миср таъин шудааст.
Вокунишҳо ба тағйироти кадрӣ
Бархе аз таҳлилгарон ин дигаргуниҳоро пешгӯишаванд, вале бархи дигар хилофи мантиқи қавии давлатдорӣ, ҳифзи манофеи миллӣ ва нозукиҳои дипломатия мувофиқ мешуморанд.
Раҷаби Мирзо, таҳлилгари тоҷик дар вокуниш ба тағйироти ахири кадрӣ ва таъйин шудани Маликшоҳ Неъматов ба симати сафири Тоҷикистон дар Олмон гуфт, «Маликшо Неъматов шояд дар муҳити Тоҷикистон як нотиқи хуб буд, аммо кишварҳои Ғарбӣ, аз кишварҳое нестанд, ки сухани зиёд гуфтан ҳунар дониста шавад. Балки бештар ба он такя мекунанд, ки то куҷо як сухан кӯтоҳ ва пурмаъниву бомантиқ гуфта шудааст.»
Ҷаноби Мирзо бар ин аст, ки дар ин гуна кишварҳо бояд нафаре ҳамчун намояндаи Тоҷикистон таъйин мешуд, ки ба ҳайси дипломати хуб дар сохтани имиҷи Тоҷикистон дар хориҷи кишвар саҳм бигзорад. Аммо Раҷаби Мирзо, «чун сиёсати кадрии Тоҷикистон дар пояи усулҳои асосии давлатдорӣ бунёд нашудааст, маъмулан интихоби кадрҳо ғайримантиқӣ сурат мегирад.»
Раҷаби Мирзо мегӯяд, аксари дипломатҳое, ки дар кишварҳои хориҷ аз Тоҷикистон намояндагӣ мекунанд, наметавонад дар ҳоли нақзи ҳуқуқи шаҳрвандон ва ё қазияи байнидавлатӣ, изҳори назар кунанд. Ин тағйироти ахири кадриро ҳам ҷаноби Мирзо «идомаи сиёсатҳои қаблӣ» медонад. Вай гуфт, Эмомалӣ Раҳмон «бештар онҳоеро ба ин ё он вазифа мансуб мекунад, ки ба худи раиси ҷумҳур моиланд.»
Шодӣ Шабдолов, вакили парлумон дар робита ба таъини кадрӣ мегӯяд, захираи кадрӣ дар ҳукумати кишвар то ҳол дуруст ба роҳ монда нашудааст. Ба гуфтаи вай ҳоло ҳам бо вуҷуди ҷавон будани кадрҳо аксаран аз як минтақа, аз як ҳизб ва аз як гурӯҳанд. «Дар робита ба кадрҳо навтаъин ман ягон эрод надорам, аммо захираҳои кадрӣ бояд васеъ карда шавад. Кадрҳоро зина ба зина аз ҳамаи манотиқи кишвар, новобаста аз халқу миллат ва ҳизб парвариш кардан лозим. Аз кадрҳои навтаъиншуда ягон нафарашон коммунист нестанд. Дар ҳизби коммунист ҳам кадрҳои хуб зиёданд», мегӯяд Шабдолов.
Ҷаноби Шабдолов сабаби аслии аз як ҳизбу маҳал таъин кардани аксари кадрҳоро дар яклухтии парлумон мебинад, ки аксаран намояндагони як ҳизбро ташкил мекунанд. Шабдолов ҳатто кишварҳои Куба ва Ветнамро, ки низоми коммунистӣ доранд, мисол меорад, ки намояндаи ҳизби ҳоким дар онҷо Тоҷикистонро намояндагӣ мекунад. «Чаро дар як кишвари коммунистӣ намояндаи ҳизби коммунист сафир нашавад?», суол мегузорад Шабдолов.
Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқшиноси тоҷик бар он назар аст, ки Тоҷикистон дар таъини намояндаи ин кишвар баъзе давлатҳои «муҳим» бояд шахсони ботаҷрибаро мансуб кунад: «Ман фикр мекунам, ки Амрико, Олмон ва Русия кишварҳе ҳастанд, ки имрӯз сиёсати ҷаҳониро пеш мебаранд. Дар ин кишварҳо бояд нафароне таъин мешуданд, ки ба ҳар пайомад омода бошанд.»
Ба андешаи хонум Бобоназарова, ҳоло ҳам ҷойивазкунии кадрҳо дар ҳукумати Тоҷикистон бештар ба чашм мерасад ва ӯ гуфт бояд ҳукумат хазинаи кадрии худро васеъ кунад: «Мо медонем, ки ҷавонони зиёде дар хориҷ таҳсил кардаанд, мешавад онҳоро ба кор ҷалб карда таҷрибаашонро зиёд кард.»
Ойниҳол Бобоназарова, дар мавриди таъини Маликшоҳ Неъматов ба симати сафир дар Олмон гуфт, ки бо вуҷуди таҷрибаи зиёди ин шахс дар сохторҳои ҳукумати Тоҷикистон Неъматов ба ҳайси сафирӣ дар кишвари аврупоӣ омода набуд.
«Маликшоҳ Неъматов, медонем, ки солҳои зиёд дар соҳаи варзиш ва сиёсати ҷавонон кор мекард. Ман шахсан ягон маротиба ин шахсро дар масъалаи сиёсат ё дипламатия надида будам. Дипломатия дар кишварҳои дигар талаботи зиёд дорад. Дипломатҳо дар ҳар ҳолат бояд манфиатҳои давлатро ҳимоя кунанд. Ман то ҳол надида будам, ки Маликшоҳ Неъматов дар бораи сиёсати хориҷӣ сухан карда бошад ё чизе навишта бошад. Маликшоҳ Неъматов дар варзиш ҳам онқадар муваффақ набуд.»
Раҳмон Озодаи Эмомалӣ муовини аввали вазири хориҷӣ таъйин шуд
Раҳмон Озода Эмомалӣ, духтари раиси ҷумҳури Тоҷикистон муовини аввали вазири умури хориҷӣ таъйин шудааст. Раҳмон Озодаи Эмомалӣ, ки то кунун дар вазифаи муовини вазири умури хориҷии Тоҷикистон кор мекард, муовини аввали вазири корҳои хориҷӣ таъин шуд. Парвиз Додов дар мақоми муовини вазири умури хориҷии Тоҷикистон ҷойгузини Раҳмон Озода Эмомалӣ шудааст.
Ҳамзамон бо ин, Фарҳод Салим сафири Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таъин шуд. Манобеъ дар вазорати умури хориҷӣ мегӯянд, Фарҳод Салим дипломати ҳирфаӣ буда дар гузашта ҳамчун иҷрокунандаи вазифааи сафири Тоҷикистон дар Амрико фаъолият кардааст. Фарҳод Салим писари Абдулмаҷид Достиев, сафири пешини Тоҷикистон дар Русия аст.
Дар ҳамин ҳол, Абдумаҷид Достиев, сафири Тоҷикистон дар Русия аз мақомаш барканор шудааст. Абдулмаҷид Достиев, рӯзи 15-уми май дар тамоси телефонӣ аз Маскав бо "Озодӣ" барканории худ аз симати Сафири Тоҷикистон дар Русияро тасдиқ кард. Ӯ афзуд, ду давраи масъулияти сафириаш ба охир расид ва акнун ба ҷои вай нафари дигар меояд. Абдулмаҷид Достиев аз моҳи апрели соли 2007 ба ин тараф дар симати сафири Тоҷикистон дар Русия кор мекард.
Имомиддин Сатторов, ки дар мақоми сафири Тоҷикистон дар Олмон кор мекард, ҷойгузини Абдулмаҷид Достиев шудааст. Ҷаноби Сатторов аз моҳи майи соли 1995 дар ин сафорат дар вазифаҳои атташе, котиби аввал кор карда, аз моҳи июни соли 2007 сафирТоҷикистон дар Олмон буд. Ба гуфтаи манобеи "Озодӣ", Маликшоҳ Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон сафири Тоҷиистон дар Олмон таъйин шудааст.
Абдулмаҷид Достиев то иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ депутат ва ҳамзамон раиси кумитаи иҷроияи собиқ ноҳияи Коммунистӣ (Бохтари кунунӣ) дар вилояти Қурғонтеппа буд. Ва дар ин иҷлосия ӯ муовини раиси Шӯрои Олӣ интихоб шуда, тайии понздаҳ сол дар ҳамин симат фаъолият кард.
Абдулмаҷид Достиев то замони ба симати сафирӣ расидан солҳои 2000-2007 муовини аввали раиси Маҷлиси намояндагон, палатаи поёни парлумони Тоҷикистон буд. Абдулмаҷид Достиев яке аз поягузорони ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон мебошад ва дар поёни солҳои 1990 муовини раиси Комиссияи оштии миллии Тоҷикистон буд.
Нозирони умур фаъолияти ҷаноби Достиев дар симати сафири Тоҷикистон дар Русияро муассир арзёбӣ мекунанд. Ба гуфтаи онҳо, бо вуҷуди мушкилоти фаровон дар муносиботи миёни Тоҷикистон ва Русия, ба хусус дар заминаи кору фаъолияти муҳоҷирони корӣ, оқои Достиев тавонист то андозае аз ҳуқуқи манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ҳимоят кунад.
Аммо бо ин ҳам аз мунтақидон мегӯяд, ки мушкилоти муҳоҷироин кории тоҷик дар Русия, ба вижа нақзи ҳуқуқи онҳо ва таҳқиру тавҳин ҳанӯз ҳам вуҷуд дорад ва сафорати Тоҷикистон дар Русия натавонистааст ҷилави ин амрро бигирад ва ин масоилро ба кишвари мизбон ҷиддан дар миён бигузорад.
Бо ин ҳама гуфтугузорҳо аксари таҳлилгарон дар пайи таъини кадрии ахир рушди неопотизм ва ё хешутаборчигӣ дар ҳукумати Тоҷикистонро як навъ маризие унвон мекунанд, ба таъикди онҳо метавонад низоми демократӣ ё мардумсолриро дар ин кишвар зери суол мебрад.
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, ки аз соли 1992 зимоми қудратаро дар даст дорад, ҳамакнун писари калонияш Рустами Эмомалӣ раҳбари хадамоти гумруки Тоҷикистонро ба зима гирифтаст. Ҷамолиддин Нуралиев, домоди Эмомалӣ Раҳмон, ба ҳайси муовини вазири молияи Тоҷикистон кор мекунад. Ахиран додари яке аз домодҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон муовини раиси Оҷонсии захираҳои моддии давлатии назди ҳукумати ин кишвар таъин шуд. Ҳамин тавр Ҳасани Асадуллзода, додарарӯси президент раиси "Ориёнбонк" - бузургтарин бонки тиҷории Тоҷикистон буда, як додарарӯси дигари оқои Раҳмон - Амонуллоҳ Саъдуллоев - соли гузашта раиси бахши фурӯши барқ дар ширкати "Барқи Тоҷик" ва додарарӯси дигараш Амирулло Холов дар моҳи феврал шаҳрдори Қӯрғонтеппа таъин гардиданд. Дар моҳи апрел Сироҷ Гулмуродов, хоҳарзодаи раисиҷумҳур ба симати раиси идораи андози вилояти Хатлон пазируфта шуд.