Сафири Тоҷикистон дар Русия дар сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ дар бораи муноқишаи рӯзи 14-уми май дар гӯристони Хованскоеи Маскав изҳори назар кард. Имомиддин Сатторов гуфт, ки дар ҳодисаи занозанӣ дар гӯристони Хованское дар Маскав 110 нафар муҳоҷирони тоҷик низ боздошт шуда буданд, ки бо талоши сафорату ниҳодҳои дигари Тоҷикистон ва дар ҳамоҳангӣ бо мақомоти вазорати умури дохилии Русия, аксари онҳо раҳо шуданд.
Ба гуфтаи Имомиддин Сатторов, дар пайи ин ҳодиса, ки боиси марги се муҳоҷири тоҷик ва захмӣ шудани беш аз 20 шаҳрванди Тоҷикистон шуд, гурӯҳи махсусро аз ҳисоби кормандони сафорат, хадамоти консулӣ ва вазорати меҳнат, вазорати дохилӣ таъсис доданд ва ин комиссия дар ҳамоҳангӣ бо вазорати умури дохилии Русия ба беморхонаҳо ва он шӯъбаҳои милиса рафтанд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон онҷо буданд.
Сафир мегӯяд, ки бо талоши онҳо баъд аз як рӯзи ҳодиса аз 110 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки боздошт шуда буданд, 87 нафари онҳо озод шуданд: "Қариб 20 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон ҳамакнун дар бемористон мебошанд ва вазъи 4 нафари онҳо вазнин аст."
Ба гуфтаи вай, ҳудуди 20 нафари дигар ба иттиҳоми майдаавбошӣ ба муддати 15 рӯз ҳабс шуданд ва баъди адои ҷазо озод хоҳанд шуд. Сафири Тоҷикистон ҳамзамон гуфт, ки дар миёни шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ин ҳодиса боздошт шуданд, танҳо се нафар ҳуҷҷатҳои будубош надоштанд ва аз Русия ихроҷ мешаванд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ин дипломати тоҷик эътироф кард, ки қонунҳои қабулшуда дар Русия вазъи муҳоҷирони на танҳо Тоҷикистон, балки аз дигар кишварҳоро шадидтар кардааст. Ин аст, ки ба таъкиди ӯ, афроде, ки расмиёт ё патент надоранд ва ё дар ҳуҷҷатҳои будубошашон мушкил вуҷуд дорад, боздошт ва истирдод мешаванд.
Имомиддин Сатторов гуфт, ки дар рӯзи ҳодисаи занозанӣ дар гӯристони Хованское, ҳам сафорати Тоҷикистон дар Русия ва ҳам вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ба ҷониби Русия нота ирсол кард ва аз ҷониби Русия дархост намуд, ки ҳуқуқҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави он кишвар набояд нақз шаванд. Ҳамчунин дар мулоқотҳои раиси парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо мақомоти рус, ин нигарониҳои ҷониби Тоҷикистонро дар миён гузоштаанд.
Рӯзи 14 май, соати тақрибан 11 байни ду гурӯҳ дар назди дарвозаи оромгоҳи Хованское занозании сахт рух дод ва ба тирандозӣ печид. Ба гуфтаи мақомот дар ин муноқиша 3 муҳоҷири тоҷик кушта шуданд ва 9 нафари дигар захм бардоштанд. Ҳарсеи онҳо зодагони шаҳри Роғун будаанд:
1. Хушаков Сӯҳроб (1990)
2. Ризоев Иноят (1977)
3. Собиров Сайнуриддин (1974).
Кумитаи тафтишоти шаҳри Маскав гуфт, ки дар қиболи ин ҳодиса бар асоси моддаи 105-уми Кодекси ҷиноии Русия (куштор) парвандаи ҷиноӣ кушодаанд. Шаҳрдории Маскав гуфт, ба иллати занозанӣ рӯзи 14 май дар қабристони Хованское ду ҷанозаро натавонистаанд ба хок бисупоранд ва шаҳрдорӣ мудири ин оромгоҳро баъди ин занозанӣ барканор кардааст.
Қабристони Хованское, воқеъ дар минтақаи Новая Москва, соли 1972 таъсис ёфта, бузургтарин оромгоҳи нафақат пойтахти Русия, балки тамоми қораи Аврупо ба шумор меравад. Ин оромгоҳ дар километри 21-уми шоҳроҳи Киевское дар майдони 197,2 гектар доман густурдааст.