Ташвиши Имомов аз вазъи Кундуз дар мулоқот бо доктор Абдуллоҳ

Мулоқоти сафири Тоҷикистон бо доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ.

Сафири Тоҷикистон дар Кобул Шарофиддин Имомов дар мулоқот бо доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ, аз расидани доманаи хушунатҳо ба марзи ду кишвар ибрози ташвиш кардааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раёсати иҷроияи ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон, рӯзи 6-уми октябр сафири Тоҷикистон дар Кобул Шарофиддин Имомов бо доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар робита ба таҳаввулоти ахир дар шимоли он, кишвар сӯҳбат кардааст.

Ба гуфтаи ин ниҳод, дар мулоқот таҳаввулоти ахир дар вилояти Кундуз, вазъияти беҷошудагон, ҳузури террористҳо дар марз ва расидани доманаи ҷангу хушунат ба сарҳади миёни ду кишвар матраҳ шудааст.

Мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Кобул бо ин мақоми баландпояи ҳукумати Афғонистон дар робита ба вазъи амниятӣ дар шимоли Афғонистон дар ҳолест, ки ҳамакнун даргириҳои шадид дар шаҳри Кундуз ва манотиқи дигари шимоли Афғонистон идома доранд.

Мақомоти вазорати умури хориҷии Тоҷикистон рӯзи 6 октябр гуфтанд, ки бар асари даргириҳо дар Кундуз, бинои консулгарии Тоҷикистон осеб дида ва ҳамакнун ба таври муваққатӣ фаълияти худро қатъ кардааст.

Аз сӯи дигар, чанд рӯз пеш Абдурауф Иброҳимӣ, раиси парлумони Афғонистон ва намояндаи Кундуз дар маҷлиси он кишвар, аз вазорати умури муҳоҷирони он кишвар хост, ки дар ҳамкорӣ бо Дафтари умури муҳоҷирони Созмони Милали Муттаҳид заминаи зиндагиро барои он афроде, ки аз Имом Соҳиб ба ҷангалҳои наздики дарёи Ому интиқол дода шудаанд, мусоид созанд ё онҳоро ба хоки Тоҷикистон интиқол диҳанд.

Абдурауф Иброҳимӣ ин матлабро рӯзи 1-уми окябри зимни як нишасти хабарӣ дар шаҳри Кобул баён дошт. Раиси парлумони Афғонистон гуфт, пас аз он, ки нерӯҳои амниятии афғон аз Имом Соҳиб ақибнишинӣ карданд, мардуми ин ноҳия фирорӣ шуданд ва шумори зиёде аз онҳо, ки дар миёнашон занон ва кӯдакон ҳастанд, тариқи киштӣ ба яке аз ҷангалҳо дар наздикии дарёи Ому дар марз бо Тоҷикистон интиқол ёфтаанд.

Шаҳри Кундуз, ки рӯзи душанбеи 28 -уми сентябр ба тасарруфи Толибон даромад, як қисматаш танҳо пас аз се рӯз аз сӯи нерӯҳои амниятии Афғонистон бозпас гирифта шуд. Тибқи иттилои вазорати дифои Афғонистон, дар ҷараёни амалиёти нерӯҳои афғон 150 мухолифи мусаллаҳ кушта шуда ва 90 тани дигар захмӣ шудаанд. Даргириҳо ҳамакнун дар қисматҳои ҷудогонаи шаҳри Кундуз идома дорад.