А. Достиев: Душанбе ба Маскав эътироз дорад

Сафири Тоҷикистон дар Маскав гуфт, ки аз бархӯрди таҳқиромези мақомоти Русия нисбати 150 мусофири ҳавопаймо шадидан нороҳат шудааст.
Абдумаҷид Достиев, рӯзи ҷумъаи 1 март ба "Озодӣ" гуфт, ки ба нишони эътироз аз бархӯрди мақомоти Русия нисбати 150 мусофири ҳавопаймои Хуҷанд- Ростови лаби Дон, бо талаби пардохти ҷуброни маънавии мусофирон ёддошти эътирозӣ ирсол хоҳад шуд.

Рӯзи 28 феврал парвози ҳавопаймо ба гумони гирифтории чанд мусофир ба бемории вабо, мутаваққиф ва ҳамаи 150 мусофири ҳавопаймо дар тули як шабанарӯз мавриди муоинаи пизишкӣ қарор гирифтанд. Ин ҳодиса дар матбуоти Русия сарусадои зиёд барпо кард, аммо рӯзи ҷумъа вазорати беҳдошти вилояти Ростов гуфт, ташхиси бактериологӣ бемории ваборо дар се мусофири гумонбаршуда ошкор накард. Танҳо маълум шуд, ки онҳо бемории дарунравӣ (дизентерия) доштаанд. Мақомот Русия мегӯянд, акнун мусофирони дигар метавонанд ба сафари худ идома бидиҳанд. Мо аз сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев пурсидем, ки ҳодисаро аз дидгоҳи намояндагии Тоҷкистон дар Русия шарҳ диҳад.

Достиев: Вақте мо хабардор шудем, ки ҳамин воқеа рӯй додааст, аз субҳи барвақт кормандони сафорат ва консулагрӣ бо масъулини фурудгоҳ ва ходимони беҳдошт дар тамос шуда, аз онҳо талаб карданд, ки ба мо гузориш диҳанд, ки чӣ мегузарад. Мо ҳам мунтазири натиҷаҳои ташхиси тиббӣ шудем, ба он хотир, ки нахостем, баъзе афроди алоҳида ва мақомдор, ба хотири ҳифзи мақому мундири худ ҳар балоро болои шаҳрвандони мо бор кунанд. Дар ниҳоят маълум шуд, ки ин дурӯғи маҳз будааст. Онҳо на мо, балки худро шарманда карданд, ки фарқи ваборо аз дарунравӣ намефаҳмидаанд. Ҳоло баъди кӯшиши бадном кардани ин мардум, мегӯянд, ки онҳоро то манзилашон мерасонем. Онҳо дар як шабонарӯз қариб 150 нафарро таҳқир карданду «ту касали гузаранда» гуфтанду азоб доданд. Ҷавоби маънавии инро кӣ медиҳад?

Мо мунтазири натиҷаи расмӣ будем ва ҳоло онҳо дурӯғи худро худашон исбот карданд. Ман супориш додам, ки ҳамаи инро ҷамъбаст кунанд ва мо ба мақомоти расмии ин ҷо муроҷиат мекунем. Дигар ин ки, аз рӯи маълумоти гирифтаи мо, аз болои самолёт халабонҳои тайёра ба замин хабар додаанд, ки ду мусофир тез-тез ба ҳоҷатхона рафта омада истодаанд. Ин масъала мояи нигаронии мо шудааст ва моро ба ин андеша водор мекунад, ки минбаъд ба масъулини нақлиёти мо бигӯем, ки ҳар хел ширкатҳои моҷароҷӯро ба он ҷо роҳ надиҳанд. Бинанд, ки бо кӣ сару кор доранд. Ду-се бор ба ҳоҷатхона рафтани мусофирро даррав ба замин хабар додану 150 нафарро беобрӯ кардан, ин як ҷиноят аст. Мо талаб мекунем, ки ҳар касе гунаҳгор бошад, масъулини фурудгоҳ ё ширкат, ҷуброни маънавии ин амалро пардохт кунанд.


Озодӣ: Шумо ин эътирозро ба чӣ шакл ба Вазорати хориҷаи Русия ирсол мекунед?


Достиев: Онҳо то рӯзи душанбе ёддошти эътирозии моро мегиранд. Гунаҳкорро ёфта диҳанд. Ман ба вазорати хориҷа нота мефиристам ва онҳо бар асоси ин санад масъаларо бояд ба додситонии кулл то вазорати нақлиёт баррасӣ кунанд ва ба мо ҷавоб диҳанд. Масъалаи дигар ин аст, ки агар мусофирони ҳавопаймо тасмим гиранд, ки ба додгоҳ муроҷиат кунанд ва пардохти ҷуброни маънавии ин ҳодисаро талаб кунанд, мо омодаем, ки аз онҳо пуштибонӣ кунем. Консулгарии мо ҳоло ҳам бо мусофирон дар тамос аст.


Озодӣ: Вақте ки ҳодисаи ахир сар зад, бисёре аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар навиштаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз депортатсияи дастаҷамъонаи муҳоҷирони тоҷик дар паи моҷарои халабонҳои «Ролкан» ва ҳодисаҳои дигар, навиштанд. Суоли аслии онҳо ин буд, ки чаро Русия «ингуна фишорро танҳо болои шаҳрвандони Тоҷикистон пиёда мекунад? Чаро ба шаҳрвандони Арманистон, Гурҷистон ё Ӯзбакистону Қазоқистон ингуна рафтор намешавад?». Баъзеҳо фаротар рафтанд ва гуфтанд, ки шаҳрвандони тоҷик «бесоҳибанд», аз ин рӯ, русҳо ҳарчи дилашон хост, болои тоҷикҳо таҷриба мекунанд. Назари шумо ба ин шикоятҳо чист?


Достиев: Мушоҳидаҳои ман нишон медиҳад, ки ин ҷо муносибат нисбати шаҳрвандони Ӯзбакистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон як хел аст. Ба наздикӣ баъзе гурӯҳҳо дар майдони Манежнии Маскав хайма зада барои ҷорӣ кардани виза бо ин кишварҳо имзо ҷамъ карданд. Кадом қуввае ҳаст, ки намехоҳад миёни Тоҷикистон ва Русия муносибатҳои хуб бошад. Ҳамин ки як чизи хубе пайдо шуд, ягон нафаре, дар симои мисли Онишенко пайдо шуда, пешпо мемонад, то ки таъкид кунад, ки на, муносибатҳои мо чандон хуб нест. Мақсади онҳо доим дар нигарониву тарс нигоҳ доштани кишварҳои хурд аст.

Озодӣ: Шумо як дипломати собиқадоре ҳастед, ки аз субҳ то шом дар муҳити он кишвар ба сар мебаред. Оё фикр намекунед, ки фурсате расидааст, ки стратегия муносибот бо Русия бояд бознигарӣ шавад, як проекти нави муносибот бо ин кишвар пешниҳод шавад, бо Кремл музокираҳое дар масъалаи беҳтар шудани равобит роҳандозӣ шавад? Яъне корҳое, ки давлатҳои дигар дар нисбати обурӯи худ мекунанд?


Достиев: Фикр мекунам, ки як-ду соли охир ин кор шурӯъ шудааст, яъне таҷдиди назар ва муносибатҳо. Имрӯз ҳеҷ касе ба Тоҷикистон гуфта наметавонад, ки «ин корро кун». Ҳеҷ кас гуфта наметавонад, ки «фалон иншоот ё минтақаатро деҳ». Ин корҳо оғоз шудааст.