"Тоҷик Эйр" зоиронро ба Макка бурд, аммо вазъаш беҳ нашуд

Як ҳавопаймои “Тоҷик Эйр” ба кашондани зоирони тоҷик ба Макка машғул аст, вале ин ширкат ҳанӯз дар вазъияти ногувор қарор дорад. Мақомот мегӯянд, бояд як бахши амволи ин ширкат фурӯхта шавад, то фаъолияташ дубора имконпазир шавад. Коршиносон мегӯянд, ширкат дар ҳоли муфлис шудан аст.

Ҳавопаймоҳои "Тоҷик Эйр" аз моҳи январи имсол ба ин тараф бо сабаби бад будани вазъи молиявии ширкат парвоз намекунанд.

"Тоҷик Эйр" дастикам дар ду ҳолат бо ширкатҳои хориҷӣ бар сари миллионҳо доллар қарз баҳси додгоҳӣ дорад. Ширкати литвонии "Скайроуд Лизинг" шикоят дорад, ки "Тоҷик Эйр" 20 миллион доллар қарзашро напардохтааст. Додгоҳи артибражии Маскав рӯзи 30-юми июл қарор кард, ки “Тоҷик Эйр” бояд барои хадамоти аэронавигатсионӣ ба “Росавиатсия” 555 ҳазор доллар бидиҳад.

Бо ин вуҷуд, мақомоти Оҷонси авиатсияи гражданӣ гуфтанд, давлати Тоҷикистон нияти муфлис эълон кардани ширкати "Тоҷик Эйр"-ро надорад. Икром Субҳонзода, мудири Оҷонси авиатсияи граждании Тоҷикистон, охири ҳафта дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, “давлат талош дорад "Тоҷик Эйр"-ро аз бӯҳрон берун орад”.

Мудири Оҷонси авиатсияи гражданӣ афзуд, тасмим гирифта шуд, ки баъзе воситаҳои, ба қавли ӯ, истифоданашавадаи ширкати "Тоҷик Эйр" ба фурӯш бароварда шуда, маблағи он барои муътадил гардондани вазъи ширкати мазкур сарф гардад. Маблағи эҳтимолии ин амволи "Тоҷик Эйр" то 4 миллион доллар гуфта мешавад.

“Ҳамзамон барои ҷалби сармоя бо шарикони эҳтимолии маблағгузор гуфтушунид анҷом дода, барои амалӣ шудани парвозҳо чораҳои дахлдор андешида мешавад", -- идома дод ӯ. Ин дар ҳолест, ки "Тоҷик Эйр" натиҷаи молиявии худро дар ним соли гузашта бо 17,5 миллион сомонӣ зарар ҷамъбаст кардааст.

Масъулони Оҷонси авиатсияи гражданӣ гуфтанд, пас аз ҳафт моҳ бори нахуст ҳавопаймои ширкати давлатии "Тоҷик Эйр" парвоз кард. Рӯзи 26-уми июли имсол ҳавопаймои "Тоҷик Эйр" як гурӯҳ зоиронро аз Фурудгоҳи Хуҷанд ба шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ бурдааст.

Тибқи омори Оҷонси авиатсияи гражданӣ, бо аз парвоз мондани "Тоҷик Эйр", ширкати "Сомон Эйр" парвозҳои худро тақрибан 50 дарсад зиёд кардааст.

Қаблан Cотим Умаров, иқтисоддони тоҷик, ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки миёни ду ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон "бархӯрди манфиатҳо" бармало зоҳир мешавад.

"Ба муфлисшавӣ наздик шудани "Тоҷик Эйр"- ширкате бо собиқаи беш аз нимасра дар пасманзари "Сомон Эйр", ки 11 сол пеш бунёд шудаст, як мисоли рӯшан ва классикии ҳукмронии "клептократия" аст. Яъне, манфиатҳои шахсони алоҳида аз манфиати умумии давлат боло гузошта мешавад. Ин гуна ҳолат танҳо дар давлатҳое мисли Тоҷикистон, ки низоми мустақили судӣ надоранд ва қонун дар баробари афроди пурнуфуз оҷиз аст, имконпазир мебошад", -- иброз дошта буд ӯ.

"Тоҷик Эйр" ягона ширкати ҳавопаймоии давлатӣ дар Тоҷикистон мебошад, ки гирифтори мушкилоти сахти молиявӣ аст. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар моҳи январи имсол мудири собиқи ин ширкатро аз толори ҷаласа берун кард ва дертар мақомот нисбат ба Хайрулло Раҳимов парвандаи ҷиноятӣ боз карданд.