Осмони баста. Буҳрони "Тоҷик Эйр" натиҷаи кори кӣ ва ба манфиати кист?

Ширкати миллии ҳавонавардии Тоҷикистон, “Тоҷик Эйр”, дар остонаи варшикастагии комил аст. Вазорати молияи Тоҷикистон рӯзи 2-юми августи имсол гуфт, ҳукумат дигар аз пайи дарёфти сармоя барои наҷоти он нест ва сарнавишти ширкат бояд дар сатҳи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳал шавад.

Ҳушдори муфлисиро вазорат бори аввал соли 2016 дода, гуфта буд, ки даромади ширкат 1118% паст рафтааст.

Президенти Тоҷикистон акнун ҳамаи парвозҳои расмияшро бо ҳавопаймои “Сомон Эйр” анҷом медиҳад. Дар омади гап, Сомон номи писари хурдии ӯст.

Аз он вақт гирифта, чанд имкони наҷоти “Тоҷик Эйр” вуҷуд дошт, вале таҳқиқи Радиои Озодӣ нишон медиҳад, ки ба ҷойи истифода аз онҳо, раҳбарони ширкат, яке аз паси дигар, роҳро барои нобудии он ҳамвор кардаанд. Се нафари онҳо бо сару садо аз кор ронда шуда, нисбат ба онҳо тафтишоти ҷиноӣ оғоз гардид. Бархе ҳабс низ шуданд, аммо ҳеч яке аз онҳо ҷазои ҷиддӣ надид ва боздоштшудагони собиқ акнун тоҷироне бо даромадҳои чандмиллионӣ ҳастанд.

Манбаъҳое дар дохили “Тоҷик Эйр” мегӯянд, амалкарди раисони ин ширкат тавре будааст, ки он варшикаста шавад ва осмонро барои “Сомон Эйр”, ширкати марбут ба Ҳасан Асадуллозода, додарарӯси президенти Тоҷикистон, холӣ кунад.

Ба ин хешованди раисҷумҳури Тоҷикистон тааллуқ доштани “Сомон Эйр”-ро Додгоҳи олии Лондон низ тасдиқ кардааст.

Дар ҳамин ҳол, як номаи дипломатии Амрико, ки дар Wikileaks нашр шудааст, “Сомон Эйр”-ро ширкате меномад, ки таҳти назорати худи Раҳмон қарор дорад. Ҳанӯз дар ҳамин нома аз 30-юми сентябри соли 2009 гуфта мешавад, “Сомон Эйр” нақша дорад, дар оянда ҷойи “Тоҷик Эйр”-ро, ки рӯ ба варшикастагӣ дорад, бигирад.

Агар мехоҳед, ки хабару таҳлилҳои ҷолибро дар бораи Тоҷикистон бихонед, лутфан, замимаи Радиои Озодиро бигиред: Google Play; App Store

Ҳукумат дар соли 2015 ба “Тоҷик Эйр” имтиёз дода, 370 ҳазор доллар қарзи онро бахшид. Бори дувум дар соли 2019 қарзи ин ширкатро аз андоз ва дигар корхонаҳои давлатӣ ба маблағи 2.6 миллион доллар бекор кард.

Бо вуҷуди ин, ҳоло “Тоҷик Эйр” аз идораи андоз, бонкҳо, фурудгоҳҳо ва хадамоти техникӣ зиёда аз 40 миллион доллар қарздор аст. Инчунин, додгоҳ онро ба пардохти зиёда аз 20 миллион доллар товон ба ширкати литвонии “Скайроуд Лизинг” вазифадор кардааст.

Моҳи августи соли 2019 Додгоҳи ҳакамии Маскав "Тоҷик Эйр"-ро вазифадор кард, ки ба “Росавиатсия” наздик ба 555 000 доллар товон диҳад. Он ҳамчунин даъвои “Скайроуд”-ро дастгирӣ кард.

Ҷамъан, то ин вақт дар додгоҳҳои Русия беш аз бист парвандаи зидди “Тоҷик Эйр” бо талаби пардохти қариб 1,5 миллион доллар иҷро ё баррасӣ ва ҳимоят шудаанд.

Аввали соли 2019 “Тоҷик Эйр” аз паридан монд ва парвозҳояшро ба “Сомон Эйр” супурд, зиёда аз 90 дарсади 520 кормандаш пас аз он ки наздик ба як сол маош нагирифтанд, ба рухсатии маҷбурӣ фиристода шуданд.

Чанде аз пилотҳои ботаҷрибаи онро “Сомон Эйр” ба кор гирифт. Бозори ҳавопаймоӣ бе рақобат монд ва нархи бе ин ҳам гарони чиптаҳо осмонӣ шуд.

РАҚОБАТИ “НОСОЛИМ

Пайдо шудани “Сомон Эйр” дар соли 2008 ҳанӯз ҳамон вақт вазъи “Тоҷик Эйр”-ро, ки 16 ҳавопаймои кӯҳнаи сохти Шӯравӣ дошт, бадтар карда буд. Ба оилаи президент тааллуқ доштани “Сомон Эйр” барояш имтиёз ва имкон дод, масирҳои беҳтарини парвозро аз “Тоҷик Эйр” бигирад.

Аммо маҷмуаи иборат аз фурудгоҳҳо, тиҷорати сӯзишворӣ, хӯроки умумӣ, навигатсионӣ ва билетфурӯшӣ буданаш ҳамоно “Тоҷик Эйр”-ро дар баробари “Сомон Эйр” рақобатпазир нигоҳ медошт. Қарзи “Тоҷик Эйр” он замон ҳамагӣ 1,3 миллион долларро ташкил медод. Аммо ширкат метавонист, қарзу коҳишҳоро ба воситаи бахшҳои даромаднокаш пӯшонад.

Вале ин ҳол зуд тағйир кард. Бо пайдо шудани “Сомон Эйр” ҳукумат дар соли 2008 “Тоҷик Эйр”-ро ба ҳашт бахши мустақил ҷудо кард. Фурудгоҳҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб ва Бохтар мустақил ва байнулмилалӣ шуданд, фурудгоҳҳои Хоруғ ва минтақаҳои дигар ба ихтиёри мақомоти маҳаллӣ гузаштанд. Сохторҳои дигаре, ки ба фурудгоҳ ва ширкатҳои ҳавопаймоӣ хидмат мекарданд, низ мустақил ва қисме ҳам хусусӣ шуданд. Ҷолиб аст, ки раҳбарии чанде аз онҳо ба афроде дода шуд, ки ба навъе бастагӣ бо “Сомон Эйр” доштанд.

Аз ҷумла, бахши таъмини сӯхти ҳавопаймоҳоро ба таври монополӣ ширкати “ТЗК” ба даст гирифт, ки дар минтақаи офшори бритониёии Menford Holding LTD сабт шуда, ба Ҳасан Асадуллозода рабт дода мешавад.

Ин ширкат сӯзишвориро бо нархе медод, ки 40% аз қиматҳои Қирғизистони ҳамсоя баландтар буд. Фурӯши билет ба таври монополӣ ва бе баргузории тендер ё озмун дар ихтиёри ширкате гузошта шуд, ки аз они хоҳарзодаи Ҳасан Асадуллозода ва духтари президент Эмомалӣ Раҳмон -- Таҳмина Раҳмонова ва шавҳари ӯ Зарифбек Давлатов аст. Он низ дар минтақаи офшор сабти ном шудааст. Ба навиштаи чанд расона, ин ширкат ҳаққи ягонаи фурӯши чиптаҳои “Тоҷик Эйр”-ро дар ихтиёр дошт ва аз он 14% фоида ё комиссия мегирифт.

таҳқиқотро дар ин бора инҷо хонед: Аз фурӯши билети ҳавопаймоҳо дар Тоҷикистон кӣ фоида мегирад?

Пойгоҳи Фергана.ру соли 2019 дар матлабе дар ин бора аз номаи шахсе нақл кардааст, ки мудирони хадамоти дигари ҳавонавардиро низ “одамони Ҳасан” меномад ва амалкарди онҳоро “сӯиқасде барои нобуд кардани ширкати миллии “Тоҷик Эйр”.

Валерий Шарифов, муовини пешини раиси “Тоҷик Эйр”, дар суҳбате дар соли 2018 гуфтааст, ниҳодҳои кумакрасони ҳавонавардӣ нархҳоро барои ҳавопаймоҳои “Тоҷик Эйр” то се баробар боло бурда, сабаби ба қарз ғӯтидани он шуданд.

Ҳамзамон бо ин, аз ихтиёри ин ширкат гирифтани масирҳои парвоз ва ба “Сомон Эйр” додани онҳо идома ёфт. Шикояти роҳбари “Тоҷик Эйр” дар солҳои 2012-14 Фирӯз Ҳамроев аз “рақобати носолим” ва имтиёздиҳии ҳукумат ба “Сомон Эйр” сабаби барканории ӯ аз мақомаш шуд.

Ин дар ҳолест, ки соли 2014 “Сомон Эйр” дар мусофиркашонӣ бо 550 ҳазор нафар аз “Тоҷик Эйр” (370 ҳазор нафар) пеш гузашт ва ин раванд давом ёфт.

Президенти Тоҷикистон низ акнун ҳамаи парвозҳои расмияшро бо ҳавопаймои “Сомон Эйр” анҷом медод. Дар омади гап, Сомон номи писари хурдии ӯст.

Ҳамин тариқ, ширкати асосӣ ва қадимии ҳавонавардии Тоҷикистон, ки номи “Тоҷик”-ро дошт ба буҳрони амиқтар фурӯ мерафт. Ва дар ҳоле ки таърихи қариб 100-солаи ҳавопаймоии Тоҷикистонро ба он нисбат медиҳанд, як ширкати навтаъсис дар камтар аз 6 сол тавонист, ҷояшро бигирад.

Ҳавопаймои нахустин дар Тоҷикистон соли 1924 пайдо шудааст. Ду сол пеш аз омадани автомобил ва панҷ сол пеш аз омадани қатори роҳи оҳан ба ин кишвар.

То соли 2008 ҳамаи парвозҳои Тоҷикистонро “Тоҷик Эйр” анҷом медод, вале бо он ҳам зери фишору рақобати сахти ширкатҳои Русия қарор дошт.

РОНДА ШУДАН АЗ ҶАЛАСАИ ҲУКУМАТ

21-уми январи соли 2019 президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раиси вақти “Тоҷик Эйр” Хайрулло Раҳимовро дар ҷаласаи солонаи ҳукумат шадидан танқид кард ва аз толор ронд ва таҳқиқи фаъолияти ӯро талаб намуд.

Дере нагузашта, Раҳимов бо иттиҳоми "сӯиистифода аз мақом" ва "тасарруфи молу мулк" боздошт шуд. Вале парванда то додгоҳ нарасид. Бо вуҷуди айбномаи ҷиддӣ, аз ҷумла дуздии 374 ҳазор доллар, Раҳимов бо пардохти 200 ҳазор доллар ва пас аз ним моҳи зиндон озод шуд.

Хайрулло Раҳимов

Танқиди президент ба сари каси дигар -- Азизулло Сафаров, ронандаи Раҳимов ва ҳамзамон масъули хоҷагидории ширкат бор шуд. Ӯро боздошт ва ба дуздии 2 миллион сомонӣ гунаҳкор карданд.

Сафаров иттиҳомро напазируфт ва парвандаро “сохта, дурӯғ ва туҳмат” меномад. Ба гуфтаи ӯ, додситонӣ мехост, ҳар тавр ки шуда, дастури президентро иҷро кунад. “Ба ман масъулони “Тоҷик Эйр” ва муфаттиши додситонӣ гуфтанд, ки гуноҳро ба гардан гир, зарарро медиҳем ва туро озод мекунем,” -- мегӯяд Азизулло Сафаров, ки акнун дар хориҷ аз кишвар аст.

10-уми сентябри соли 2020 Сафаров маҳкум, аммо бино бар “пӯшондани зарар” афв шуд ва баъд аз ним соли ҳабс озод гашт. “Худашон пули зарарро аз номи бародарони ман супориданд,” – мегӯяд Сафаров.

Дар ҳукмномаи ӯ гуфта мешавад, ки вай “ҷиноят”-ро “бо маслиҳати пешакӣ бо шахсони масъули “Тоҷик Эйр” анҷом додааст, вале аз онҳо ном бурда намешавад. Тафтишот ва додгоҳ дар чанд ҳолат зарур надонистаанд, ки имзои раиси ширкатро зери санадҳои “сохтакоришуда” ва “азхудкунии маблағ” аз ташхиси хатшиносӣ гузаронанд.

Азизулло Сафаров мегӯяд, гуноҳи дигаронро ба ӯ бор карданд, то раҳбарон наҷот ёбанд.

Супориши президент ба тафтиши парвандаи “Тоҷик Эйр”дар ҷаласаи ҳукумат бо ҳамин поён ёфт. Хайрулло Раҳимов нахост, масъаларо барои Радиои Озодӣ шарҳ диҳад, ба ҷуз ин ки гуфт, мушкилоти “Тоҷик Эйр” дар давраи ӯ не, балки пештар ба миён омада буд.

ПЕШТАР ЧӢ ШУДА БУД?

Як манбаъ дар дохили “Тоҷик Эйр”, ки хост, номаш пинҳон монад, гуфтаҳои Раҳимовро тасдиқ мекунад. Ба ақидаи ӯ, ҳарчанд парвозҳо дар давраи мудирияти Раҳимов қатъ шуданд, заминаи асосиро барои ин пешгузаштааш, Рустам Холиқов, рехта буд.

Рӯзе, ки пилоти собиқ Фирӯз Ҳамроев баъд аз чанд соати шиквааш аз “рақобати носолим” бо “Сомон Эйр” аз мақомаш барканор шуд, президент Раҳмон раҳбарии “Тоҷик Эйр”-ро бар дӯши мудири фурудгоҳи Душанбе Рустам Холиқов гузошт. Бо вуҷуди ризоият ба муттаҳид кардани ширкат ва фурудгоҳ, дастур шуд, ки наҷоти “Тоҷик Эйр” набояд аз ҳисоби фурудгоҳ амалӣ гардад. Ин дар ҳоле ки ширкат аз фурудгоҳ, ба гуфтаи Холиқов, зиёда аз 70 миллион сомонӣ қарздор буд.

Пас аз камтар аз шаш моҳ Холиқов эълон кард, ки ширкат ҳамаи қарзҳои худро супурд ва дар андешаи харидани ҳавопаймоҳои нав ва кушодани масирҳои нави парвоз аст.

Вале дере нагузашта, 26-уми январи соли 2016, Холиқов низ аз мудирияти “Тоҷик Эйр” барканор ва ҳамзамон ширкат аз Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе ҷудо карда шуд. Тибқи маъмул дар чунин қарору фармонҳо сабаби барканории мансабдорони тоҷик гуфта намешавад. Ин ҳамон даврае буд, ки Вазорати молияи Тоҷикистон гуфт, қарзҳои ширкат 50% афзуда, даромади он 1118% кам шуд.

ФИРОР БО 17 680 ЕВРО

Моҳи апрели соли 2018 додгоҳи Вилнюси Литва ҳалнома содир кард, ки аз ҳисоби “Тоҷик Эйр” 20 миллиону 301 ҳазору 900 доллар пули иҷораи ду ҳавопаймо ва баҳраи он ба фоидаи “Скайроуд Лизинг” ситонида шавад. Дертар ошкор шуд, ки судури ин ҳукмро беамалии Зафар Ҳафизов, сардори шуъбаи ҳуқуқи Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, фароҳам овардааст. Вай мебоист, ҳамчун намояндаи “Тоҷик Эйр” дар мурофиа ҳузур медошт ва 8 ҳазор евро боҷи додгоҳро месупурд.

Оҷонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон моҳи июни соли 2018 ҳамроҳ бо 17 ҳазору 680 еврои давлат “ғайб” задани ин масъули вазоратро ҷиноят номид, аммо марти соли 2019 ӯро бегуноҳ дониста, парвандаро баст. Дар иваз ҳамсафари ӯ, сардори шуъбаи маркетинг ва рушди хатсайрҳои “Тоҷик Эйр” Рустам Ниёзовро айбдор ва бо ҷарима ё то 12 сол зиндон таҳдид намуд. Баъд аз ин, масъули “Тоҷик Эйр” бо сабаби “сидқан пушаймон шудан ва барқарор кардани зарар” аз ҷавобгарӣ озод гашт.

Таҳқиқи Радиои Озодӣ нишон дод, ки Зафар Ҳафизов бо вуҷуди қатъи парванда тарки Тоҷикистон ва мансаб кард. На Вазорати нақлиёт ва на “Тоҷик Эйр” сабаби ширкат накардани ӯро дар суд шарҳ намедиҳанд.

Дар гузориши Сулаймон Султонзода, раиси Оҷонси мубориза бо фасод, ба сарвазир Қоҳир Расулзода аз 10-уми октябри соли 2018, ки нусхаи он ҳамчунин ба Озода Раҳмон, раиси дастгоҳи иҷроияи президент низ расидааст, гуфта мешавад, “беэътиноӣ” ва “мусоидат”-и раҳбарони “Тоҷик Эйр” боис ба бохтани баҳси додгоҳӣ шудаанд.

Оҷонси мубориза бо фасод панҷ мудири “Тоҷик Эйр” аз соли 2008 ба ин сӯ:

  • Алимурод Маҳмадалиев,
  • Музаффар Исҳоқов,
  • Фирӯз Ҳамроев,
  • Рустам Холиқов ва
  • Хайрулло Раҳимовро масъули буҳрони бавуҷудомада донистааст.

20 МИЛЛИОН ДОЛЛАР -- ЗАРБАИ САНГИН

“Тоҷик Эйр” соли 2009 ду ҳавопаймои куҳнаи “Боинг”-ро аз ширкати литвонии “Скайроуд Лизинг” (он замон “Avia Asset Management”) иҷора гирифт.

Додситонии кулли Тоҷикистон ва Оҷонси мубориза бо фасод мегӯянд, ин ҳавопаймоҳо беш аз будашон нархгузорӣ шуда, шартнома хилофи қонунҳои Тоҷикистон имзо шудааст. Бар замми ин, аз ҳавопаймоҳо истифодаи дуруст нашуда, раҳбарони ширкат на барои баргардондани онҳо ва на тағйир додани шартнома коре накардаанд. Баръакс “Тоҷик Эйр” музди иҷораи онҳоро насупорид ва сабабгори даъвои судии “Скайроуд” шуд. Намояндаи “Тоҷик Эйр” қасдан дар ҷаласаи додгоҳ ширкат накард ва имкон дод, ки “Скайроуд” пирӯз гардад.

Ҳуқуқшиносони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон мегӯянд, созишномаи “Тоҷик Эйр” ва “Скайроуд” аз оғози кор ба зидди манфиатҳои “Тоҷик Эйр” буд.

"Он шартномае, ки соли 2009 имзо шудааст, мебахшед, ба фикрам ягон ҳуқуқшинос надидааст он шартномаро, ягон манфиати "Тоҷик Эйр" дар он шартнома дарҷ нашудааст," – гуфт яке аз онҳо ба Радиои Озодӣ, ки бо сабабҳои амниятӣ нахост номаш ошкор гардад.

Ширкати ҳуқуқии литвонии “Магнуссон”, ки қарор буд, дар додгоҳи Вилнюс пас аз ҳукми ниҳоии он, аз манфиатҳои “Тоҷик Эйр” ҳимоят кунад, 23-юми июли соли 2018 дар номае ба раҳбарони “Тоҷик Эйр” даъвои “Скайроуд” ва амалкарди шуъбаи он “ФЛ Текникс”-ро ноодилона ва миқдори ҷаримаро “номутаносиб” номид. Ба ақидаи ин ширкат, даъво сунъӣ буда, манъ кардани истифодаи ҳавопаймоҳои лизингӣ хилофи қарордод буд ва ба “Тоҷик Эйр” 20-25 миллион доллар зиён овард. Ин амал ҳамчунин роҳ надод, “Тоҷик Эйр” тавонад, даромад ба даст орад ва қарзҳои худро пӯшонад.

“Магнуссон” ба “Тоҷик Эйр” пешниҳод кард, зидди “Avia Solution Group” даъвои муқобил пеш бурда шавад, ки метавонад, роҳи оштии осоиштаро боз кунад. Аммо “Тоҷик Эйр” ин пешниҳодро напазируфт.

Вақте ки Додгоҳи иқтисодии Душанбе 12-уми апрели соли 2019 ба далели ғайриқонунӣ будани шартномаҳои иҷора даъвои “Скайроуд”-ро рад кард, “Тоҷик Эйр” аз ин ҳукм низ барои тақвияти мавқеяш истифода набурд. Вале вақте ки Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон қарори додгоҳи зинаи поёниро рад ва бознигарии онро талаб намуд, “Тоҷик Эйр” сукут ихтиёр кард ва имкон дод, муҳлати даъво гузарад.

Масъулони “Тоҷик Эйр” сабаби беамалии худро шарҳ надоданд. Як манбаъ дар Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе ба шарти зикр нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, вақте ин додгоҳ ба фоидаи “Тоҷик Эйр” ҳалнома дод, раҳбарони ширкат хурсанд нашуданд. Ин манбаъ афзуд, мудири ширкат Дилшод Исматуллозода ба бекор шудани ин ҳукм аз тарафи Додгоҳи олии иқтисодӣ мусоидат кардааст.

Ба гуфтаи ин манбаъ, “ӯ аз номи “муаллима”(манзур Озода Раҳмон, мудири дастгоҳ ва духтари Эмомалӣ Раҳмон) хоҳиши чунин ҳал шудани корро кардааст”. Иддаое, ки масъулони “Тоҷик Эйр” онро “дурӯғи маҳз” номиданд.

Дилшод Исматуллозода, ки моҳи январи соли 2019 ба ҷойи Хайрулло Раҳимов раиси “Тоҷик Эйр” таъйин шуд, пеш аз ин дар дастгоҳи иҷроияи президент муовини Озода Раҳмон буд.

Дилшод Исматуллозода

Масъулони Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон рӯзи 22-юми июли соли 2021 эълом доштанд, ки ҳалномаи ниҳоии зидди “Тоҷик Эйр” бароварда шуд ва акнун танҳо суол ин аст, ки 20 миллион доллар бояд аз куҷо ёфта ва ба “Скайроуд Лизинг” дода шавад.

ШАРТНОМАИ БАҲСБАРАНГЕЗ

Додситонии кулли Тоҷикистон ва Оҷонси мубориза бо фасод дар бораи шартномаи “Тоҷик Эйр” ва “Скайроуд Лизинг” хулоса додаанд, ки дар он “манфиатҳои “Тоҷик Эйр” ба инобат гирифта нашудааст” ва “раҳбарони ширкат вазифаҳои худро ҳангоми ҳамкорӣ бо ин ширкат иҷро накардаанд”. Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 5-уми апрели соли 2019 дар қароре эълон кард, ки нисбат ба масъулони ин ширкат барои “хунукназарӣ” парванда мекушояд. Аммо, зоҳиран, чунин нашудааст. Оҷонси мубориза бо фасод мегӯяд, ин шартнома хилофи қонуни Тоҷикистон “Дар бораи иҷораи лизингӣ” буда, баробарҳуқуқии “Тоҷик Эйр”-ро бо ширкати литвонӣ таъмин намекард.

Ин қонуни Тоҷикистон пешбинӣ мекунад, ки дар сурати иҷора гирифтани мол ва пардохти моҳонаи иҷораи он дар охири кор бояд мол ба иҷорагир супурда шавад. Маблағи ҳавопаймоҳо бо маблағи иҷора бар асоси қонун бояд ҳисоб мешуд. Дар шаст моҳ “Тоҷик Эйр” мебоист беш аз 17 миллион доллар месупурд. Дар ин шартнома, ки нусхаи он дар дасти Радиои Озодӣ ҳаст, гуфта мешавад, ки пас аз пардохти иҷора “Тоҷик Эйр” барои соҳиб шудан ба ҳавопаймоҳо бояд боз 4 миллион доллари дигар пардозад.

Паулиус Дока, ҳуқуқшинос ва намояндаи ширкати “Скайроуд Лизинг”, мегӯяд, вақте ки дар соли 2013 “Тоҷик Эйр” супурдани маблағи лизингро бас кард, фавран бо он тамос гирифта шуд, вале “ширкати тоҷикӣ вокунише накард”. Ӯ гуфт, пас аз хоҳишҳои батакрори шарҳи масъала, ки чаро қарз супурда ва ҳавопаймоҳо истифода намешаванд ва хомӯшии “Тоҷик Эйр” ба додгоҳ муроҷиат карданд.

Чанд манбаи огоҳ аз қазия мегӯянд, раҳбарони собиқ ва имрӯзаи “Тоҷик Эйр” дар пирӯзии “Скайроуд Лизинг” “кадом манфиате” доштанду доранд, вагарна ин баҳс дар лаҳзаи пайдоишаш метавонист осон ва ба манфиати “Тоҷик Эйр” ё ҳадди ақал бо ҷаримаи чанд баробар камтар ҳал шавад.

ПАРДОХТИ БЕШТАР АЗ ТАЛАБ

Рафтори “Тоҷик Эйр” дар баҳсҳои судӣ ба командаи футболе монанд аст, ки илоҷе карда, бозиро бохтан мехоҳад. Аз пешниҳоди даъвои муқобил худдорӣ мекунад, намояндааш ба додгоҳ намеравад, ба ҷойи даъво ба зинаи болоӣ мунтазир мемонад, ки муҳлати даъво гузарад, бо донистани он ки дар ин муҳлат товон торафт калонтар мешавад, коре барои тағйири вазъ намекунад, аз пайи даромадҳои нав намешавад, то маблағи ҷаримаро таҳия кунад ва ба камияш дар як маврид аз ҷаримаи муайянкардаи додгоҳ дида зиёдтар пул медиҳад.

Аксари онҳое, ки ба шикасти “Тоҷик Эйр” кумак карданд, ба ин ё он шева бо соҳиби “Сомон Эйр” Ҳасан Асадуллозода ва атрофиёни ӯ наздикӣ доранд. Хайрулло Раҳимов қаблан муовини раиси ширкати “Сомон Эйр” буд. Сармуҳосиби ширкат Акбар Шарифов ҳоло дар яке аз бахшҳои “Талко” сармуҳосиб аст. Бародари раиси нави ширкат Шуҳрат Исматуллозода муовини Асадуллозода дар "Ориёнбонк” аст.

Ин ҳол, яъне зиёда аз талаби додгоҳ пардохтани ҷарима дар баҳс бо ширкати “ФЛ Текникс”, ки шарики “Скайроуд” аст, ба миён омад. “Текникс” даъво кард, ки “Тоҷик Эйр” ҳаққи хадамоти онро надодааст. Ин дар соли 2014 буд, даврае, ки “Тоҷик Эйр” аз лиҳози молӣ метавонист, сари вақт ин маблағро диҳад. Дар додгоҳ созиш ҳосил шуд, ки “Тоҷик Эйр” ба “Текникс” 1 миллиону 200 ҳазор доллар супорад. Вале “Тоҷик Эйр” ба ҷойи ин ба ширкати литвонӣ 1 миллиону 653 ҳазор доллар, яъне 453 ҳазор доллар бештар пул гузаронд.

Чаро қариб ним миллион доллар зиёдтар пул дода шуд, намояндагони “Тоҷик Эйр” шарҳ дода натавонистанд. Суханони ҳуқушиноси “Текникс” низ сабаби ин “саховат”-и “Тоҷик Эйр”-ро рӯшан накард.

“Ман ин ҳолатро шарҳ дода наметавонам. Мо бояд ба он вақт баргардем. Бояд фаромӯш накунем, ки вақте қарори додгоҳи ҳакамӣ содир мешавад, маблағ зиёд шудан мегирад. Он метавонад, дар як моҳ афзоиш ёбад. Дар як сол имкон дорад, ки 10 дар сад зиёд шавад. Он гоҳ метавонад дар пардохти пул фарқ пайдо шавад. Ба ростӣ, дар ин бора чизе гуфта наметавонам,”-- гуфт Паулиус Дока, намояндаи ширкати “Скайроуд Лизинг”.

Аксар манбаъҳои огоҳ дар “Тоҷик Эйр” мегӯянд, ин кор ба хоҳиши Рустам Холиқов, ки он замон мудири ширкат буд, сурат гирифтааст. Ҷаноби Холиқов, ки ҳоло раҳбари як ширкати хусусӣ дар Тоҷикистон аст, ба номаи “Озодӣ” дар ин маврид посух надод.

МАНСАБДОР ВА СОҲИБКОР

Рустам Холиқов субҳи 4-уми августи соли 2019, пеш аз парвоз ба Туркия дар фурудгоҳи Душанбе боздошт шуд. Ӯро аз фурудгоҳ ба боздоштгоҳи КДАМ бурданд ва эълон карданд, ки бино бар парвандаи ҷиноии дуздии сармояҳои “Тоҷик Эйр” маҳалли зисташро тарк карда наметавонад. Ҳадс аз миллионҳо мерафт, аммо Радиои Озодӣ он замон ошкор карда буд, ки Холиқов барои тармими меҳмонхонаи давлатӣ дар Маскав 100 ҳазор доллар ба Дастгоҳи иҷроияи президент дода, ин қарз ба фурудгоҳ бозгардон нашудааст.

Рустам Холиқов

Ва бино бар як таҳқиқи ҳафтаномаи “Нигоҳ”, дар як соли кораш Холиқов ба буҷаи Тоҷикистон гуё 150 миллион сомонӣ зиён овардааст. Ин фошкорӣ ду ҳафта пеш аз барканории Холиқов нашр шуда, на худаш ва на мақомот онро тасдиқ ё рад накардаанд.

Дар як номаи дастҷамъонаи кормандони “Тоҷик Эйр” унвонии сомонаи Ахбор.ком аз моҳи майи соли 2019 талаб карда мешавад, ки Рустам Холиқов бояд миллионҳо доллари ширкатро баргардонад. Ин расона ҳамчунин аз тасдиқ шудани ӯ ба ҳайси раиси ширкати “Сомон Эйр” хабар дод, вале, зоҳиран, Холиқов дар ин вазифа ба кор сар накард.

ЧАРХИШИ ҶОЛИБ

18-уми сентябри соли 2020 президент Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳисор корхонаи Рустам Холиқов “Ситабр-Агро”-ро боз кард.

Дар гузориши телевизионӣ гуфта шуд, ки Холиқов “ин корхонаро бо дастуру супоришҳои Пешвои миллат” сохтааст. Ин ширкат замоне ташкил шудааст, ки Рустам Холиқов аз соли 2008 раиси фурудгоҳи Душанбе буд. Соли 2015, замоне ки Холиқов раҳбари “Тоҷик Эйр” буд, дар сомонаи президенти Тоҷикистон аз ӯ ҳамчун мудири ширкати хусусӣ ном бурда шудааст. Дар сафарҳои президент бо вуҷуди он ки Холиқов ду вазифаи давлатӣ дошт, ҳамчун роҳбари ширкати хусусӣ президентро ҳамроҳӣ кардааст. Қонунҳои Тоҷикистон соҳибкориро барои кормандони давлатӣ манъ мекунанд.

Соли 2015 низ президент аз “Ситабр-Агро” дидан ва аз кори он ситоиш кардааст.

Рустам Холиқов бо Эмомалӣ Раҳмон, 18-уми сентябри 2020

НАҚШИ “НАЗДИКОН-ИСОМОН ЭЙР

Ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ дар чанд ниҳод бар инанд, ки фасоди густарда, беэътиноӣ, боло гузоштани манфиатҳои шахсӣ ягона ширкати миллии ҳавонавардии Тоҷикистонро аз по афтонд. Шикасти он осмони фарох ва бозори ҳавонавардиро дар ихтиёри “Сомон Эйр” гузошт.

Аксари онҳое, ки ба шикасти “Тоҷик Эйр” кумак карданд, ба ин ё он шева бо соҳиби “Сомон Эйр” Ҳасан Асадуллозода ва атрофиёни ӯ наздикӣ доранд. Барои намуна, Хайрулло Раҳимов қаблан муовини раиси ширкати “Сомон Эйр” буд. Сармуҳосиби ширкат Акбар Шарифов, ки аз номи ду раҳбари “Тоҷик Эйр” амал карда, дар аксари муомилаҳои шубҳабарангез даст доштааст, пас аз оғози тафтишоти “Тоҷик Эйр” аз кор рафт ва ҳоло дар яке аз бахшҳои “Талко” сармуҳосиб аст.

Бародари раиси нави ширкат Шуҳрат Исматуллозода муовини Асадуллозода дар "Ориёнбонк” аст. Ҳамаи суратҳисобҳои “Тоҷик Эйр” низ дар ин бонк буда, Ҳасан Асадуллозода ба аксар ҷаласаҳои Шӯрои давлатии наҷоти “Тоҷик Эйр” даъват мешавад. Хулосаҳои ин шӯро ва гузориши ниҳодҳои тафтишотӣ дар бораи қазия ба президент Эмомалӣ Раҳмон расонда мешаванд. Вале амали бунёдии ӯ дар ин масъала дида нашуда, маълум нест, ӯ дурнамои ин ширкатро чӣ гуна тасаввур мекунад.

Дар як маврид зидди фурӯши чархболҳои “Тоҷик Эйр” баромадани ӯ маълум гаштааст. Ҳамчунин эҳтимол меравад, ӯ аз қазияи харидории иштибоҳии ҳавопаймо аз Канада ва ба ҳаво сар додани 1 миллион доллари дигар дар авҷи буҳрони ширкат огоҳ аст.

Вазъияти кунунии ширкати “Тоҷик Эйр” ба ҳавопаймое мемонад, ки қисмҳои эҳтиётии он аз кор афтода ва дар ҳоли фуруд омадани изтирорист, вале барои ҷилавгирӣ аз суқути эҳтимолии он – на аз тарафи давлат ва на аз тарафи мудиронаш – ҳеч коре анҷом дода намешавад.

Таҳқиқотро бо забони русӣ дар инҷо хонед