Як мақоми низомии тоҷик мегӯяд, ки табобати сарбозону афсарони бемор ва ё захмии афғон дар кишвар манъ шудааст.
Қаблан афсарону сарбозони афғонро, ки дар наздикиҳои марзи Тоҷикистон бемор ва ё захмӣ мешуданд, барои табобат ба беморхонаҳои наздимарзии Тоҷикистон меоварданд.
Танҳо ба он сарбозону афсароне имкони муолиҷа дар Тоҷикистон дода мешуд, ки интиқоли онҳо ба беморхонаҳои Афғонистон имконнопазир буд.
Як мақоми Идораи марзбонии Тоҷикистон, рӯзи 23-уми апрел дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, марзбонони бемору маҷрӯҳи афғон дар қатори дигар сокинони оддӣ бар асоси як созишномаи ҳукуматӣ аз соли 2012 ба ин тараф дар Тоҷикистон табобат меёфтанд.
Ба гуфтаи ӯ, танҳо марзбононеро барои табобат меоварданд, ки ҳаёташон дар хатар буд ва имкони интиқоли онҳо ба дигар минтақаи Афғонистон вуҷуд надошт.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ин мақоми Идораи марзбонӣ сабаби манъи муолиҷаи марзбонон ва низомиёни афғонро шарҳ надод ва фақат гуфт, ки “аз ин пас танҳо шаҳрвандони оддӣ барои табобат ба Тоҷикистон роҳ дода мешаванд”.
Вай афзуд: “Пештар барои он табобат мекардем, ки аз хизмати дурусти онҳо дар марзи худашон ба мо низ фоида мерасад. Яъне марзбони афғон марзи Афғонистонро дуруст нигоҳ кунад, ки касе нагузарад, ин ба фоидаи мо ҳам ҳаст“ - гуфт, ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ.
Ҳоло ба гуфтаи ин мақоми тоҷик аз назари инсондӯстӣ дар гузаргоҳҳои марзӣ танҳо ба кӯдакон ва занони ҳомилаи афғон имкони таваллуд ва табобат дар беморхонаҳои Тоҷикистон дода мешавад.
Зоҳиран, ҳалокати як афсари тоҷик дар даргирӣ бо қочоқбарони афғон дар марзи Тоҷикистону Афғонистон, мақомоти тоҷикро озурда кардааст, ки дигар аз муолиҷаи сарбозону низомиёни афғон даст кашидаанд.
Баъди ҳалокати Хайриддин Аҳтамов, полковники тоҷик дар марз бо Афғонистон дар моҳи декабри соли гузашта, робитаҳои марзбонони тоҷику афғон ва дигар мақомоти амниятӣ сард шудааст.
Хайриддин Аҳтамов ҳангоми муқовимат ба гурӯҳи 12 нафарии қочоқбарони афғон дар минтақаи марзии Шамсиддини Шоҳин (Шӯроободи пешин) кушта шуд. Чаҳор сарбозу афсари дигар маҷрӯҳ шуданд, аммо қочоқбарон ба Афғонистон фирор карданд.
Баъди ин ҳодиса, мақомоти Тоҷикистон моҳи январи имсол чанд пул ва бозори марзиро бастанд. Рафтуомад аз тариқи пулҳое, ки Тоҷикистонро бо Афғонистон мепайвандад, маҳдуд шуд.
Мақомоти афғон қаблан гуфтанд, ки Тоҷикистон аз онҳо боздошти 12 қочоқбареро талаб доранд, ки дар куштори полковники марзбони тоҷик даст доранд. Аммо ҷониби Афғонистон ҳанӯз ин гурӯҳро боздошт накардааст ва дар посух ба талаби ҷониби Тоҷикистон гуфтааст, “онҳо бо Толибон павастаанду имкони боздошташон мушкил шудааст”.
Тоҷикистон бо Афғонистон беш аз 1400 километр марз дорад. Дар гузашта ҳам дар охири солҳои 90-ум ва замони ҳукумати Толибон дар Афғонистон сарбозони Эътилофи шимол, ки ба зидди Толибон меҷангиданд, дар Тоҷикистон муолиҷа мегирифтанд.
Аз ҷумла, Аҳмадшоҳи Масъуд, раҳбари ин эътилофро соли 2001 баъди сахт маҷрӯҳ шуданаш дар ҳамлаи ду маргталаб ба Тоҷикистон оварданд, вале бино ба гузоришҳо дар роҳ ҷон дод.