Муҳаммад Ҳаким Хуррам бо ҳамсараш Фарибо Хуррам, шаҳрвандони Афғонистон баъд аз анҷоми мурофиа, ҳукми додгоҳро ноодилона номиданд. Муфаттишон гуфтанд, ки хонаводаи афғон беш аз ду ҳафта дар ноҳияи Рӯдакӣ зистаанд, аммо худро дар манзиле ба қайд нагирифтаанд, ки мухолифи қонун аст.
Қувват Назарзода, додраси додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур зимни мурофиа ҳамчунин амр дод, ки ҳарду шаҳрванди Афғонистон дар маҷмӯъ 8 ҳазору 800 сомонӣ ҷарима супоранд ва сипас Тоҷикистонро тарк кунанд.
Муҳаммад Ҳаким Хуррами 41-сола, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯ на тавони пардохти ҷаримаро дорад ва на ба Афғонистон рафта метавонад. Ҳамсӯҳбатамон гуфт, агар ба Афғонистон баргардад, ӯ ва хонаводаашро мекушанд.
Муҳаммад Ҳаким, ки ба қавли худаш дар вазорати умури хориҷии Афғонистон ба ҳайси ронанда кор мекард, баъди таҳдиди пайвастаи ифротгароён ва мухолифони давлат, аз тарс Кобулро тарк карда ва бо 6 фарзандаш ба Тоҷикистон омадааст.
Ӯ мегӯяд, "ба ман тамос мегирифтанду мегуфтанд, ту демократ ҳастӣ, корманди давлат ҳастӣ, зидди ислом ҳастӣ, туро мекушем. Бо тарсу ҳарос зистан ва аз таҳдидҳои зиёд хаста шудем. Як моҳ пеш аз шаҳри Кобул ба Душанбе омада, манзиле дарёфтаму худро ба қайд гузоштам".
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Муҳаммад Ҳаким Хуррам бо дархости паноҳандагӣ ба вазорати умури дохилӣ муроҷиат кардааст, аммо ба ӯ гуфтаанд, ки бояд на дар Душанбе, балки ноҳияҳои атроф зиндагӣ кунад. Ба қавли паноҳҷӯи афғон, ба сабаби муқаррароти печида, натавонистааст, худро сари вақт дар шӯъбаи умури дохилии шаҳри Рӯдакӣ сабти ном кунад.
Муқаррароти печида сабаби таъхир дар сабти ном
Ба мақомоти умури дохилӣ рафта худро ҳамчун гуреза, ки хостори дарёфти панҳандагӣ дорам, ба қайд гирифтам, гуфтанд мумкин нест дар ҳудуди Душанбе зистанатон бояд берун аз пойтахт бошед, ба ноҳияи Рӯдакӣ рафтем ва он ҷо манзилеро иҷора гирифта, ният доштем ҳуҷҷатҳоямонро дуруст кунем. Аз раиси маҳаллаи “Чоргултеппа” дар мавриди макони зистам дар ин маҳалла як маълумотнома гирифтаму ба ман гуфт рафта, дар бораи худ дар Кумитаи амният маълумот деҳ. Ин корро кардам. Баъдан як корманди ин Кумита ҳуҷҷатҳоямро гирифт ва гуфт, баъдан зангат мезанам, чун ҳуҷҷатҳоям дар дасти онҳо кас буд, дигар дар масъалаи ҳуҷҷатгузорӣ коре карда натавонистам".
Баъди ин мақомоти интизомӣ ба Муҳаммад Ҳаким Хуррам гуфтаанд, ки қонунҳои иқоматро риоят накардааст, барои ҳамин бояд ба ватанаш баргардад.
Ӯ афзуд: Гуфтанд, аз Душанбе ба Рӯдакӣ рафтӣ ва худро ба қайд нагирифтӣ, ҳама ҳуҷҷатҳои ман дар дасташон буд, чӣ хел худро ба қайд мегузоштам, бе шиносномаам?”.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Тоҷикистон хориҷиёнро афв мекунадМуҳаммад Ҳаким Хурам мегӯяд, ӯ худ тоҷик аст ва зиёд умед дошт, дар Тоҷикистон кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг бо Афғонистон бидуни мушкиле ба хонаводааш ҳаққи паноҳандагӣ медиҳанд: “Дар мурофиа гуфтанд, бояд худи ҳамин рӯз маблағи беш аз 8 ҳазор сомониро супоред, ман ҳоло 500 сомонӣ надорам, чӣ кор кунам намедонам, мӯҳлати раводидам ду рӯзи дигар мондааст, фарзандонам пайваста гиряву зорӣ мекунанд, ки дубора ба Афғонистон намеравем”.
Ҳарчанд ин шаҳрванди Афғонистон мегӯяд, ҳеҷ амали ғайриқонунӣ анҷом надодааст, аммо дар додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур гуфтанд, иттиҳомоте, ки нисбати ӯ эълон гардидааст, зимни мурофиа шуд ва агар Муҳаммад Ҳаким Хуррам аз ҳукм розӣ нест, метавонад ба марҳилаҳои болоии додгоҳӣ шикоят барад.
Муҳаммад Ҳаким Хуррам мегӯяд, маблағе надорад, ки вакили дифоъ гирад ва барои беэътибор кардани қарори додгоҳ шикоят барад.
Муҳаммад Ҳаким Хурам ягона афғоне нест, ки дар Тоҷикистон мушкили дарёфти паноҳандагӣ дорад. Айни мушкилро садҳо паноҳҷӯи дигари афғон доранд.
Мушкиле, ки бисёр паноҳҷӯён доранд
Дар Тоҷикистон бино ба омори расмӣ ҳудуди 3 ҳазор паноҳҷӯ зиндагӣ мекунанд, ки дар байни онҳо шаҳрвандони Эрону Ироқ ва Украинаву Узбекистон ҳам ҳастанд. Дар ин миён бештарини онҳо, зиёда аз 2 ҳазору 600 нафар аз Афғонистон ҳастанд, ки аз ҷангу хунрезӣ гурехта, ба Тоҷикистон омадаанд. Бо вуҷуди солҳо зиндагӣ дар Тоҷикистон бисёре аз онҳо мақоми шаҳрвандӣ нагирифтаанд ва ба гуфтаи худашон ба мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ мешаванд.
Дар ҳамин ҳол, бархе аз афроди огоҳ мегӯянд, баъзе аз ин паноҳҷӯён солҳо боз талош доранд, ки тавассути Созмони Милал ба кишвари севум ва асосан ба Аврупову Канада бираванд. "Аз сабаби онки навбат тӯлонист ва имкони дар як вақт баррасӣ кардани санадҳо ва фиристодани онҳо ба кишвари севум вуҷуд надорад, мунтазир мондаанд. Агар баъзеашон мехоҳанд, Тоҷикистонро ватани худ бипазиранд, баъзеи дигар баҳона мекунанд, ки ин кишвар солҳо боз шаҳрвандӣ намедиҳад ва онҳо бояд ба кишвари севвум интиқол ёбанд", -- гуфт як ҳамсуҳбати мо.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Чаро паноҳҷӯён аз Тоҷикистон мераванд?Тоҷикистон, ки бузургтарин мизбони паноҳҷӯён дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад, тарҳи қонуни афви хориҷиён ва афродеро таҳия кардааст, ки ғайриқонунӣ дар қаламрави кишвар зиндагӣ мекунанд. Қаблан як мақоми расмии огоҳ аз ин санад, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфта буд, тарҳ комилан омода аст ва “ҳоло дар вазорату идораҳо мувофиқа мешавад.”
Ҳадафи ин санад, қонунӣ кардани ҳузури хориҷиён ва ҳам афроди бешаҳрвандӣ дар Тоҷикистон арзёбӣ мешавад, ки дар зиндагии рӯзмарраашон ба мушкилоти зиёдӣ ҳуқуқӣ рӯ ба рӯ гардидаанд.