Мақомоти Афғонистон мегӯянд, ноҳияи Кӯҳистон, воқеъ дар наздикии марз бо Тоҷикистонро аз дасти ҷангҷӯёни гурӯҳи Толибон пас гирифтанд. Як рӯз пештар аз ин Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз таҷаммӯи Толибон дигару гурӯҳҳои тундрав дар он тарафи марз изҳори нигаронӣ кард.
Файсал Бекзод, раиси вилояти Бадахшон рӯзи 5-уми май дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “Ду рӯз пеш вулусволии (ноҳия) Кӯҳистон ба тасарруфи душман даромада буд ва билохира баъд аз вуруди қувваҳои кӯмакӣ ба шумули нерӯҳои махсус, ноҳияро дар муддати як соат аз ҳузури Толибон пок кардем. Феълан нерӯҳои амниятӣ дар онҷо мустақар ҳастанд.”
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ба гуфтаи Файсал Бекзод, ҷангҷӯёни Толиб ба фишори нерӯҳои ҳукуматӣ тоб наёварда, ба самти ноҳияи Роғистон ақибнишинӣ кардаанд. Толибон, ки ноҳияҳои Вардуҷ ва Юмгони Бадахшонро дар тассаруфи худ доранд, ба тозагӣ аз оғози амалиёташон бо номи “Хандақ” дар Афғонистон хабар додаанд.
Ҳамла ба Кӯҳистон ва нигаронии Эмомалӣ Раҳмон
Мақомоти Афғонистон рӯзи 5-уми май гуфтанд, ки дар натиҷаи ҳамлаи Толибон ба ноҳияи Кӯҳистон 5 маъмури пулис кушта шуданд ва даҳҳо оила бе хонаву дар монданд.
Раиси вилояти Бадахшон ба хабарнигори бахши дарии Радиои Озодӣ гуфт, ки теъдоди ҷангҷӯёни дохилӣ ва хориҷии Толибон ба 2 ҳазор тан мерасад.
“Толибони хориҷӣ байни 350 то 400 нафаранд, ки инҳо аз вилояти ноороми Нуристони Покистон ҳастанд, ки ба тарафи Бадахшон меоянд. Бақияаашон Толибони дохилӣ ҳастанд, ки инҳо барои ноамн кардани Бадахшон ва таҳдиди бузург барои ҳамсояҳо меоянд. “
Аз ин пештар дар рӯзи 4-уми май, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар як нишасти байналмилалӣ дар бораи роҳҳои мубориза бо терроризм ва ифротгароии хушунатбор дар шаҳри Душанбе, аз ҳузури гурӯҳҳои ҷанггӯ ва аз ҷумла Толибон дар наздикии марзи кишвар изҳори нигаронӣ кард.
Вай гуфт, “Вусъатёбии фаъолияти чунин гурӯҳҳои террористиву тундгаро, аз қабили созмони ба ном “Давлати исломӣ”, “Ал-Қоида”, “Толибон” ва монанди инҳо илова ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар ин кишвар, аз ҷумла дар минтақаҳои бо Тоҷикистон ҳаммарзи он боиси нигаронии амиқи мо гардидааст.”
Файсал Бекзод, раиси вилояти Бадахшон дар вокуниш ба баёнияи раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, “Ҳузури террористони байналмилалӣ дар Бадахшон, ки дар ҳамсоягӣ бо Тоҷикистон мебошад, табиист, ки кишварҳои ҳамсояро нигарон мекунад. Мубориза бо терроризм, як вазифаи муштараки ҳамаи кишварҳои озоди ҷаҳон аст, онҳо бояд муштаракан ба Афғонистон кӯмак кунанд, ки ин террористҳо саркӯбу нобуд шаванд, то ин ки нигарониҳои онҳо ҳам рафъ шавад ва мардуми Афғонистон нафаси роҳат бикашанд.”
Таҳдидҳо асос доранд, ё муболиға ҳастанд
Дар посух ба ин суоли Радиои Озодӣ, ки “Оё ин гурӯҳҳо то ҳадде ҳастанд, ки Тоҷикистонро бо таҳдид рӯ ба рӯ кунанд?” чунин посух дод: “Ҳузури инҳо дар Бадахшон, ки бо Тоҷикистон тақрибан 905 километр марз дорад, маънои ҳаминро дорад, ки онҳо ба ҳамсояҳо таҳдид мекунад.”
Ба қавли Файсал Бекзод, гурӯҳҳои ҷангҷӯ ва аз ҷумла Толибон баъди амалиёти нерӯҳои Покистон дар соли 2014 дар манотиқи қабоилнишин, аз онҷо “амдан ба ин тараф омаданд.”
Ҳузури ҷангҷӯёни хориҷӣ ва Толибон дар манотиқи шимолии Афғонистон рӯзи 4-уми май ҳам дар Душанбе баррасӣ шуд. Дар як нишасте дар бораи посбонии марзҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ,Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон гуфт, дар чанд соли ахир Толибон 29 пойгоҳи омӯзишиву низомиашро аз ҷануб ба шимол ба наздикии марзи Тоҷикистон кӯчонидааст.
Ба қавли Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, тақрибан 7 ҳазор ҷангҷӯи ҳирфаӣ ва террорист як ё ду километр дуртар аз марзи Тоҷикистон мустақар шудаанд ва асосан сокинони кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳастанд.
Ҳарчанд аз марзи бештар аз 1300 километрии Афғонистону Тоҷикистон қочоқбарони маводи мухаддир ҳар сол даҳҳо маротиба саъйи вуруд мекунанд, аммо гузорише дар бораи саъйи гурӯҳҳои ҷангҷӯ ва ё террористӣ ба қаламрави Тоҷикистон то кунун нашр нашудааст.