Як пули дигар Тоҷикистону Афғонистонро васл хоҳад кард

Пуле, ки ноҳияи Шамсиддини Шоҳинро бо Афғонистон васл мекунад.

Сохтмони пули ҳаштум дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон баҳори соли 2019 оғоз меёбад. Ин пул деҳаи Кокули ноҳияи Фархори вилояти Хатлонро бо ноҳияи Ойхоними вилояти Тахори Афғонистон пайваст хоҳад кард.

Як манбаъ дар ҳукумати ноҳияи Фархор дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дарозии пул 180 метрро ташкил медиҳад ва тибқи нақша бояд дар чаҳор сол мавриди баҳрабардорӣ қарор бигирад.

“Барои бунёди ин пул Иттиҳодияи Аврупо 16 миллион евро ҳамчун грант ҷудо мекунад. Дар баробари сохтмони пул 18 километр роҳи мошингарди дохилии ноҳияи Фархор барои таъмир ба нақша гирифта шудааст. Дар баробари ин тибқи лоиҳа бояд дар деҳаи Кокул бозори наздимарзӣ сохта шавад” - гуфт манбаъ.

Бунёди пули нав дар марзи Тоҷикистону Афғонистон бахше аз барномаи тақвияти ҳамкориҳои байни ду кишвар ва ҳамчунин мусоидат ба эҳёи кишвари ҳамсоя ва аз ин роҳ коҳиши ноамнӣ дар Афғонистон будааст.

Дар сурати ба итмом расидани сохтмони пул дар минтақаи Кокули Фархор дар умум 8 пул Тоҷикистонро бо Афғонистон пайванд мекунад. Бузургтарин пули байнимарзӣ дар Панҷи Поён аст, ки бо маблағгузории Амрико бунёд шудааст.

Бозори наздимарзӣ дар Бадахшон

Ду кишварро рӯдхонаи Панҷ аз ҳам ҷудо мекунад, ва дар назди ин пулҳо бозорҳои наздимарзӣ ҳам боз кардаанд, то мардуми минтақаҳои сарҳадӣ тавонанд, бо ҳам додугирифт дошта бошанд. Яке аз бозорҳои гарм дар вилояти Бадахшони Тоҷикистон аст.

Маъмулан шанбеи ҳар ҳафта 300 то 400 тоҷири афғон бо иҷозатномаву гузарномаи махсус ва санҷиши молашон аз ин пулҳо убур карда, вориди бозори Тоҷикистон мешаванд ва дар бозори муштарак моли худро ба фурӯш мегузоранд. Фаъолияти бозорро ниҳодҳои ҳифзи қонун назорат мекунанд.

Аммо бо сабаби ноамниҳо ва ишғоли қаламравҳои марзии Афғонистон аз ҷониби Толибон дар соли 2016, муддате кори бозори муштарак ҳам камранг шуд. Вале ҷонибдорони бунёди бозорҳои наздимарзӣ бовар доранд, ки бо афзоиши имкони тиҷорату кор барои сокинони ҳарду ду ҷониби марз, эҳтимолан шиддати ноамнӣ ҳам поин меравад ва имкони кору даромади мардум, ки аксаран бекор мебошанд, дар ташвиқи кору даромад, мусоидат мекунад.

Сокинони ноҳияи Фархор низ мегӯянд, ки овозаи сохтмони бозори наздимарзӣ ва пул аз солҳои 2008 вуҷуд дошт ва бовар надоранд, ки сохтмони пули нав баҳори соли 2019 оғоз шавад. Онҳо мегӯянд, ки онҳо интизори бунёди ин пуланд, ки равуо ба ноҳияро зиёдтар ва ҳамингуна ба ривоҷ ёфтани тиҷорату зиёд шудани даромади мардуми ноҳия, ки ҷойи кор надорад, мусоидат кунад.

Мусо, як сокини деҳаи Кокул дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки онҳо ба кишоварзӣ машғуланд ва агар пулу бозор бунёд шавад, даромади онҳо бештар мешавад.