20 рӯз то хатми санҷиш. Кӣ аз адвокатӣ маҳрум мешавад?

Нишасти адвокатҳои Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ.

Адвокатҳое, ки то ду ҳафтаи дигар аз санҷиши комиссияи тахассусии Вазорати адлияи Тоҷикистон намегузаранд, аз ҳаққи идома додани фаъолияти адвокатӣ маҳрум хоҳанд шуд.

Комиссияи санҷиши вакилони дифоъ дар Вазорати адлияи Тоҷикистон мегӯяд, авдокатҳое, ки то рӯзи 28-уми марти соли ҷорӣ аз санҷиш намегузаранд, аз фаъолияти адвокатӣ маҳрум мешаванд.

Абубакр Ёров, узви Комиссияи санҷиши адвокатҳои Вазорати адлияи Тоҷикистон рӯзи 9 март ба Радиои Озодӣ гуфт, аз ҳудуди 1000 адвокате, ки айни ҳол дар кишвар фаъолият доранд, бо шурӯи имтиҳони вакилони дифоъ дар Вазорати адлия, ҳудуди 200 нафар аз санҷиш гузаштаанд. Вай афзуд, агар адвокатҳои боқимонда барои санҷиш ба ин комиссия муроҷиат накунанд ва аз имтиҳон нагузаранд, аз фаъолияти адвокатӣ маҳрум карда мешаванд

Абдуқаюм Юсуфов, як вакили дифоъ, ки худ имтиҳонро дар назди комиссияи санҷишӣ супурдааст, чунин шартгузории Вазорати адлияро як навъ фишор ва маҳдудсозии фаъолияти адвокатҳо медонад. Вай афзуд, ҳар сокини кишвар мехоҳад дар сурати зарурӣ аз ҳимояти адвокат баҳраманд бошад, вале ба гуфтаи вай, чунин маҳдудсозиҳо, дастрасӣ ба адоватҳоро мушкилтар мекунад.

Аксари вакилони мудофеъ бо шурӯъи санҷиши вакилони дифоъ аз ҷониби Вазорати адлия изҳори норозигӣ мекунанд ва мегӯянд, ки ин як амали танг кардани фаъолияти онҳост. Онҳо мегӯянд, беҳтар аст, ки вазорати адлия мӯҳлати санҷиши адвокатҳоро баъд аз 28-уми март низ идома бидиҳад.

Он вакилони мудофеъ, ки аз санҷиши Вазорати адлия гузаштаанд, мегӯянд, ки дар ҷараёни санҷиш, суолҳои мухталиф оид ба Қонуни асосӣ, ҳуқуқҳои адвокат, дониши компютерӣ ва масоли дигар, пурсида мешавад. Танҳо дар феҳрасти пурсишҳои Вазорати адлия ҳудуди 1000 суол ҷой дода шудааст, ки вакилони мудофеъ бояд посух диҳанд

Рустами Шоҳмурод, вазири адлияи Тоҷикистон ҳанӯз дар моҳи январи соли равон зимни нишасти хабарӣ гуфта буд, ки то ба ҳол 94 вакили дифоъ аз санҷиши комиссияи вижаи ин ниҳод гузашта ва ба таври расмӣ мақоми адвокатиро гирифтаанд. Ин комиссия аввали моҳи декабри 2015 дар назди Вазорати адлия ташкил шуда буд. Комиссияи махсус аз ҳисоби кормандони Вазорати адлия, Донишгоҳи миллӣ ва Иттиҳоди адвокатҳои Тоҷикистон таъсис шудааст.

Масъулони Вазорати адлия қаблан гуфта буданд, ки вакилони дифоъ дар тӯли панҷ сол як бор аз санҷиш мегузаранд, ки тартиби баргузорияшро худи адвокатҳо муайян хоҳанд кард. Ба гуфтаи онҳо, ин тағйирот ба хотири ҷалби бештари мутахассисон ба фаъолияти адвокатӣ, аз байн бурдани ҳолатҳои ришватхорӣ, таҳкими фаъолияти адвокатӣ ва ба ин васила таъмини адолати додгоҳӣ дар тамоми марҳилаҳо, ҳангоми тафтишот ва мурофиаи додгоҳӣ мебошад.

Авоили моҳи ноябри соли гузашта парлумони Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ба қонун дар бораи фаъолияти вакилони мудофеъро тасвиб кард. Дар пайи тасвиби тағйиру иловаҳо ба қонун дар бораи фаъолияти вакилони мудофеъ бархе аз онҳо гуфтанд, ки ин қонун назорат аз болои корашонро шадидтар карда, бештар роҳи халосӣ аз вакилони "гапнодаро" ва ё вакилони парвандаҳои пурсарусадост. Бар асоси ин тағйиру иловаҳо, афроди дорои душаҳрвандӣ ва вакилони мудофеи маҳкумшуда дар Тоҷикистон низ аз ҳаққи идомаи фаъолияти адвокатӣ маҳруманд.

Ба иттилои созмонҳои байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи башар тайи ду соли гузашта дар Тоҷикистон чор вакили мудофеъ, ки дар парвандаҳои пурсарусадо иштирок доштанд, боздошт шудаанд. Яке аз ин вакилон ​Шӯҳрат Қудратов гуфта мешавад, ки дар гузашта аз ҳаққи соҳибкор ва раҳбари зиндонии “Тоҷикистони нав” Зайд Саидов ҳимоят мекард. Акнун тағйироти қабулшуда ба ӯ имкон нахоҳад дод, ки баъд аз раҳоияш аз зиндон ба фаъолияти вакилӣ идома диҳад.

Ҳоло Бузургмеҳр Ёров, яке дигар аз вакилони мудофеи шинохта, ки моҳи сентябр аз ҳаққи аъзои боздоштшудаи ҳизби инак мамнӯи наҳзати исломӣ дифоъ мекард, дар боздошт қарор дорад. Мақомот ӯро низ дар қаллобӣ ва сохтакории аснод муттаҳам медонанд.