Омодагии вакилони дифои тоҷик барои ҳимоя аз ҳуқуқи падари Ҳувайдо

Абдусалом Саидов, падари Ҳувайдо.

Як вакили дифои тоҷик изҳори омодагӣ кардааст, ки аз ҳуқуқҳои Абдусалом Саидов, падари Ҳувайдо дар додгоҳ ҳимоя кунад. Қазияи марги Ҳувайдо Тиллозода феълан дар Додгоҳи вилояти Маскав баррасӣ мешавад ва падари ин тифл низ хоҳони кӯмаки ҳуқуқӣ аст.

Ҳамза Ҳакимзода, раиси адвокатҳои шаҳри Душанбе рӯзи 27-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, омода аст, ки аз ҳуқуқҳои падари Ҳувайдо дар Додгоҳи Маскав ҳимоя кунад. Ҳакимзода гуфт, барои иштирок дар мурофиаи қатли Ҳувайдо, бояд нахуст дар Вазорати адлияи Русия сабти ном шуд.

Раиси адвокатҳои Душанбе афзуд, дар оғоз машварат шуд, ки беҳтар аст ягон вакили рус дар додгоҳ аз ҳуқуқҳои падари Ҳувайдо ҳимоя кунад. "Аммо агар ҳоло маро даъват кунанд, омода ҳастам ҳамон замон ба Русия биравам ва аз ҳуқуқҳои падари Ҳувайдо дар додгоҳ ҳимоя кунам",-гуфт Ҳамза Ҳакимзода.

Ҳакимзода гуфт, дар навбати аввал ба мақоми минтақавии Иттифоқи адвокатҳо дар вилояти Хатлон муроҷиат кардааст, то барои исботи падари қонунӣ будани Абдусалом Саидов, санади додгоҳӣ бигиранд.

Дар рӯзи аввали мурофиа пайвандон ва вакили мудофеи шаҳрванди Русия Александр Сёмин, нафари гумонбар ба қатли Ҳувайдо Тиллозода аз додгоҳ хостаанд, ки падари духтарро ба мурофиа роҳ надиҳад. Онҳо даъво доранд, ки Абдусалом Саидов гӯиё падари биологии Ҳувайдо нест ва ҳаққи даъво аз номи ӯро надорад. Волидайни Ҳувайдо бо ҳам никоҳи расмӣ надоштаанд.

Ба ин хотир Ҳамза Ҳакимзода мегӯяд, барои исботи падарии Абдусалом Саидов бояд қарори додгоҳи Кӯлоб содир шавад ва вакилони дифоъ бояд дар гирифтани ин санад ба волидайни кӯдак кумак кунанд.

Муҳокимаи нахустини парвандаи қатли Ҳувайдо Тиллозода аз Тоҷикистон рӯзи 23-юми август дар Додгоҳи вилояти Маскав пушти дарҳои баста баргузор шуд. Аз тарафи даъвогар танҳо падари Ҳувайдо ва вакили мудофеаш Дагир Хасавов иштирок доранд. Дигарон ба мурофиа роҳ наёфтаанд.То имрӯз ду даври мурофиа гузаштааст ва қарор аст рӯзи 29 август идома кунад.

Абдусалом Саидов, падари Ҳувайдо мегӯяд, давоми ду рӯз Александр Сёмин, гумонбари асосӣ дар қатли духтарашро ба додгоҳ ҳозир накардаанд ва аз номи ӯ вакили дифоъ ва холааш баромад мекунанд.

Ба гуфтаи Саидов, дар рӯзи аввали мурофиа вакили дифоъ ва холаи Сёмин аз додгоҳ талаб карданд, ки ӯро аз мурофиа берун кунад. Вале падари Ҳувайдо гуфт, додрас ба холаи Сёмин ҳушдор додааст, ки дар сурати фишор овардан ба Саидов аз толори мурофиа берун хоҳад шуд.

"Туҳмат мекунанд, ки ман падари Ҳувайдо нестам, ё мегӯянд, ки ҳамсарам модари Ҳувайдо нест. Ӯ модараш ва ман падараш набошем Ҳувайдо аз куҷо пайдо шуд?",-таъкид кард падари Ҳувайдо.

Абдусалом Саидов мегӯяд, интизори ҳама гуна кӯмак аз мақомоти Тоҷикистон ва ҳуқуқшиносон аст. "Як солу як моҳ шуд худам касалии дил ва фишор шудам, оилаам ҳам ҳамин хел. Намедонам куҷо равам, ман худам танҳо зӯрам намерасад охир. Шумо ҳам маро бифаҳмед. Мо инҷо ҳеҷ кас нестем",-мегӯяд Абдусалом Саидов.

Дар ҳамин ҳол назари наздикони Александр Сёмин рӯшан нест ва онҳо то ҳоло расман нагуфтаанд, ки бардошташон аз ҷараёни мурофиаи аввал чист. Вале онҳо дар гузашта ва дар додгоҳ низ ба бегуноҳии ӯ пойфишорӣ карда ва озодиашро талаб намудаанд.

Муҳокимаи гумонбар дар қатли Ҳувайдо Тиллозода баъди беш аз як соли ҳодиса шуруъ шуд. То ин дам пайвандонаш Сёминро бемории рӯҳӣ мегуфтанд ва ӯ чанд муддат зери назорати пизишкон буд ва аз ташхис мегузашт.

Ҳувайдо Тиллозода, зодаи шаҳри Кӯлоб, рӯзи 22-юми июли соли 2018 дар назди хонаашон аз майдончаи бозӣ дар шаҳри Серпухово нопадид шуд ва рӯзи дигар ҷасади ӯро дар борхалтаи варзишӣ дар назди роҳи оҳан пайдо карданд. Дар ин ҳодиса Александр Сёмин муттаҳам шуд, ки дар ҳамсоягии онҳо мезист.