Ба 111 занг занед!

Дар Тоҷикистон, ки ҳар рӯз камаш як нафар ба фалокате дучор мешавад, монанд ба хадамоти 911-и амрикоӣ маркази ягонаи телефонӣ таъсис меёбад.

Мардуми Тоҷикистон аксаран дар филмҳои Ҳолливуд дидаанд, ки дар сурати гирифторӣ ба фалокат, қаҳрамони оҷизу тарсидаи филм барои кӯмаки оҷил ба шумораи 911 занг мезанад. Кормандони маркази амнияти мардум, ки пушти компютер нишастаанд, аз он тараф ӯро ором мекунанд ва мефаҳмонанд, ки барои наҷоти худ, масалан аз дасти одамкуш ё дузде, чӣ кор кунад. Баъдан, аз ҳамон маҳал маъмури пулису табибро пайдо мекунанду ба кӯмакаш мефиристанд. Агар хона оташ гирифта бошад, кормандони идораи оташнишониро ба маҳалли ҳодиса сафарбар мекунанд.

Дар Тоҷикистон, ки ҳар рӯз камаш як нафар ба садама, сактаи қалб ё фалокати дигар дучор мешавад, айни 911 маркази ягонаи телефонӣ таъсис медиҳанд ва кор дар ин самт аз шаҳри Душанбе шурӯъ шудааст. Ба гуфтаи мақомот, агар дар оянда, Худо накарда, касе ба фалокате дучор шавад, метавонад, ба шумораи 111 занг занад ва ба кӯмаки ӯ

наҷотбахшон, табибон, оташнишинон ва ё намояндагони ҳарсе хадамот сафарбар мешаванд.

Корҳо барои ташкили марказ бо номи "Шабакаи воҳиди иттилоотӣ" дар Маркази ҳолатҳои фавқуллода идома дорад. “Мо қасд дорем, то охири моҳи сентябр корҳо дар ин самтро анҷом диҳем, вале ин як санаи тахминӣ аст. Мо мехоҳем, се ниҳодро бо ноқилҳои нахи нурӣ васл кунем, ки инҷо ҳам баъзе аз мушкилот вуҷуд дорад. Ин ноқилҳо барои табодули иттилоот байни се хадамот, аз ҷумла иртиботи видеоӣ байни онҳо зарур аст“, - мегӯяд Илҳом Сафаров, мутахассиси Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид, ки дар иҷрои тарҳ ширкат мекунад.

Се хадамоте, ки бо як рақам ба онҳо тамос мегиред, маркази наҷотбахшии Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода, хадамоти оташнишонӣ ва шифохонаи ёрии таъҷилии шаҳри Душанбе ҳастанд, ки феълан дар алоҳидагӣ амал мекунанд, байни ҳам ҳамоҳангии мустақим надорад ва шумораи рақами ҳарсеашон ҳам гуногун аст. Муҳимтар аз ҳама ин аст, ки на ҳама ин телефонҳоро аз ёд медонанд.

Дар сурати ба роҳ афтодани низоми нави кӯмаки изтирорӣ ба сокинон, шумораи телефони ин хадамоти воҳид 111 мешавад. Шабакаи воҳиди иттилоотӣ, ки дар Маркази мудирияти ҳолатҳои фавқулодда дар пойтахт ташкил мешавад, ҳарсе ниҳодро ба ҳам васл мекунад ва рақами ягонаи 111–ро хоҳад дошт. Шумораи мазкур нав нест ва онро соли 2011 барои кӯмак ба онҳое боз кардаанд, ки ба фалокате рӯ ба рӯ буданд, аз баландие афтиданд ё ғарқ шуданд. Ин рақам бар асоси қонун бояд 24 соат дар шабонарӯз ва 7 рӯзи ҳафта фаъол бошад.

Аммо ин шумораи маркази мудирияти ҳолатҳои фавқуллодаи Душанбе танҳо як навбатдор дорад, ки ӯ ҳам на ҳамеша гӯширо мебардорад. Масалан, ба се занги хабарнигорони Радиои Озодӣ ба ин марказ дар рӯзи 12-уми август касе ҷавоб надод. Ориф Нозимов, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон гуфт, дар сурати таъсиси маркази ягонаи наҷот, шумораи кормандон ва имконот зиёд мешавад, вале ҳоло маълум нест, ки паси компютерҳо чанд нафар нишаста, барои кӯмак ба мардум кор мекунанд: “Вақте пурра омода шуд, ҳайати шахсӣ ташкил

шуд, маълум мешавад. Вале дар назар аст, ки якбора чаҳор занги телефонӣ қабул кунад. Тарҳрезӣ идома дорад, вале гуфта наметавонем, ки кай пурра ба фаъолият шуруъ мекунад ва дигар хадамоту сохторҳои вобаста ба ҳолатҳои фавқуллода шомили шабака мешаванд.“

Барои таъсиси Маркази ягонаи наҷот Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон кӯмак мекунад ва мегӯяд, ин шабака бояд бо назардошти афзоиши аҳолӣ ва имконот васеътару мукаммал ва саросарӣ шавад ва ба он ниҳодҳои дигар, ба мисли маркази идораи нақлиёти ҷамъиятии Душанбе васл шаванд. “На ин ки дар як ҳолати фавқулодда, масалан селу сӯхтор, балки дар дигар ҳодисаҳо низ инсон худро оҷиз эҳсос мекунад. Агар рақам ягона ва ҳамоҳангшуда бошад, онро ҳама медонад ва ҳодисае ҳам шавад, медонанд, ки ба куҷо занг зананд. Баъзеҳо, масалан, намедонанд, ки дар сурати фалокат ба куҷо муроҷиат кунанд. Таъсиси шабака дар самти пешгирӣ ва саривақт бартараф кардани ҳодисаҳо мусоидат мекунад“, – мегӯяд Ориф Нозимов. Аммо барои кӯмаки саривақтӣ ба мардум танҳо маркази ягонаи наҷоту як телефон кофӣ нест. Хадамоти пешрафтаи оташнишониву наҷот лозиманд, ки ҳоло Тоҷикистон надорад.

Хадамоти оташнишонӣ, ки бештар аз 2400 коргар дорад, ба қадри кофӣ бо таҷҳизоту мошин таъмин нест ва бисёр вақт барои дер ва ё беоб расидан ба маҳалли сӯхтор танқид мешунавад. Дигар ин ки Тоҷикистон ба қадри кофӣ мошини ёрии таъҷилӣ надорад ва даҳҳо нафар, ки имкони наҷоташон вуҷуд дорад, бинобар дер омадани мошини таъҷилӣ ва ё аслан наомадани он, ҷон медиҳанд. Дар Душанбе, ки аҳолиаш ба тақрибан 1 миллион нафар мерасад, шифохонаи ёрии таъҷилӣ фақат 21 мошин дорад, дар ҳоле, ки тибқи меъёр, теъдоди мошинҳои ёрии оҷил бояд ақаллан 79 адад бошад.

Маркази ягонаи наҷот барои Тоҷикистон ниҳоди нав аст ва то одат кардани мардум ба рақами нави 111, корафтодаҳо метавонанд ба рақамҳои феълии маркази сухторнишонӣ, пулис ва ёрии таъҷилӣ, ки даҳсолаҳо боз вуҷуд доранд, занг бифиристанд. “Мардум ба рақамҳои 01,02,03,04 одат кардаанд ва барои одат кардани онҳо ба рақами ягона вақт даркор аст, аз ин рӯ мо интизор надорем, ки дар оғози кор занги зиёде мешавад ва ҳама ба рақами 111 занг мезананд”, - мегӯяд Илҳом Сафаров, масъули озмоиши системаи печидаи компютерии ин марказ.