Шарҳи мушкили иҷозатномаи Донишгоҳи славянӣ (ВИДЕО)

Мақомоти Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия мегӯянд, хадамоти маорифи Русия муҷаввизи танҳо як бахши ин донишгоҳи муштаракро бозхондаанд ва дипломҳои риштаҳои дигари донишгоҳи славянӣ ҳамчунон дар ҳарду кишвар пазируфта мешаванд.

Раҳбарони Донишгоҳи муштараки славянии Тоҷикистону Русия мегӯянд, гузоришҳо дар бораи маҳрум шудани ин донишгоҳ аз литсензияи вазорати маорифи Русия дуруст нест. Расонаҳои Русия охири ҳафтаи гузашта гуфтанд, ки Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия дар шаҳри Душанбе, бинобар мувофиқат накардани барномаҳои таълимиаш ба меъёрҳои вазорати маорифи Русия аз литсензияи хадамоти назорат бар соҳаи маориф ва илм маҳрум шудааст.

Дар донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон 3600 донишҷӯ таҳсил мекунанд. Хабарҳо дар бораи аз муҷаввизи расмии Русия маҳрум шудани ин мактаби олӣ садҳои толибимашро нигарон кардааст.

Аммо масъулони Донишгоҳи муштараки славянии Русияву Тоҷикистон мегӯянд, Хадамоти назорат бар соҳаи маориф ё "Рособрнадзор" –и Русия танҳо барои таълими фанни информатикаи амалӣ ба онҳо муҷавиз ё иҷоза надодааст. Зеро ба гуфтаи масъулон донишгоҳи онҳо барои таълими ин фанн, ки амнияти иттилоотиро дар назар дорад, таҷҳизоти зарурӣ ва аёнӣ надоранд.

Қаблан ин хабар нашр шуд, ки “ Рособрнадзор” ё Хадамоти назорат дар соҳаи маорифи Русия ба Донишгоҳи муштараки славянии Тоҷикистону Русия иҷозаи фаъолиятро надодааст.

Хусрави Шанбезода, муовини ректори Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, рӯзи 20-уми октябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ин иддаъо, ки гӯё Хадамоти "Рособрнадзор" ба Донишгоҳи славянӣ муҷавиз барои фаъолият надода бошад, асос надорад. Ба гуфтаи ҷаноби Шанбезода, Хадамоти "Рособрнадзор", ки таълиму парваришро дар Русия назорат мекунад, бо сабаби камбуди таҷҳизоти фаннӣ танҳо ба яке аз риштаҳои таълим, он ҳам информатикаи амалӣ дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистону русия иҷозаи фаъолият надодааст.

Ҷаноби Шанбезода афзуд, “маҳз ҳамин барнома бидуни иҷозанома будааст. Бо далелҳои муътамаде, ки аз тарафи "Рособрнадзор" асоснок карда шудааст, мо онҳоро пазируфтем ва омда ҳастем, ки камбуди ҷойдоштаро ислоҳ кунем. Мо барои дубора бозбини шудани ин самт ва гирифтани шаҳодатнома дар оғози соли оянда омодагӣ дорем. Аз ин ягон хел фоҷиа сохтан лозим нест. Зеро ин наметавонад барои идомаи фаъолияти донишгоҳ монеъ шавад.”

Ин ҳам дар ҳоле, ки ба таъкиди муовини ректори Донишгоҳи славянӣ, ин муассисаи таълимӣ ҳанӯз моҳи декабри соли 2013 барои панҷ сол аккредитатсия э муҷавизи фаъолиятро гирифта буд. Донишгоҳи мазкур бар асоси талаботи вазорати маориф ва илми Русия фаъолият мебарад ва ҳамин тавр аз 15 бахши пешниҳод шуда танҳо ба як бахши он иҷоза дода нашудааст.

Дафтари матбуоти "Рособрнадзор" хабар медиҳад, ки Хадамоти назорати таълиму парвариши Русия ба ҳафт донишгоҳ ва шӯъбаҳои донишгоҳҳои ин кишвар, аз ҷумла ба Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон шаҳодатномаи давлатии барномаи таълимӣ ё худ фаъолият намуданро надодааст. Вале маъмурияти Донишгоҳи мазкур мегӯяд, ки барои панҷ соли дигар аккредитатсия доранд ва ҳеҷ мушкиле дар ин росто вуҷуд надорад.

Дафтари матбуоти "Рособрнадзор" рӯзи 17 октябр ба расонаҳои хабарии Русия иттилоъ додааст, ки Хадамоти назорати таълиму парвариши Русия аз додани шаҳодатномаи фаъолият ба 7 донишгоҳ ва шӯъбаҳои донишгоҳҳои ин кишвар худдорӣ кардааст. Дар ин феҳраст шӯъбаи Донишгоҳи давлатии техникии ба номи Бауман дар Калуга (МГТУ), Донишгоҳи омӯзгории Доғистон ва шӯъбаи он дар Дарбанди Доғистон, Академияи кишоварзии Иркутск, Консерваторияи Толятти ва Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия шомил шудаанд.

Гуфта мешавад, "Рособрнадзор" маъмулан дар ду ҳолат аз додани шаҳодатнома даст мебардорад. Аввал, дар сурати пешниҳоди санадҳо барои дарёфти аккредитатсия ҳуҷҷатҳои нодуруст пешниҳод карда шавад ба донишгоҳ додани шаҳодатнома рад карда мешавад. Дуввум, агар коршиносони Хадамоти мазкур маълум кунанд, ки донишҷӯёни факултаҳо ва ё риштаҳои тахассусии донишгоҳ бар асоси талабот ва ё стандарти муқарракардаи маорифи Русия таълим дода намешаванд. "Рособрнадзор" дар соли равон аз додани шаҳодатнома ба 35 донишгоҳ худдорӣ кардааст.

Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон соли 1996 таъсис шуда ва дар он ҳудуди 3600 таҳсил мекунанд. Дар ҳоли ҳозир донишгоҳ дорои чаҳор факулта -- иқтисод, филология, таърих ва равобити байналималӣ ва факултаи ҳуқуқшиносӣ мебошад ва аксари дарсҳояш ба забони русианд.

Мушкили муҷаввиз нахустин мушкили донишгоҳи славянӣ бо мақомоти Русия нест. Дар баҳори имсол сафорати Русия дар Тоҷикистон аз пазируфтани сертификатҳои дониши забони русӣ, ки ин донишгоҳ ба довталабони шаҳрвандии Русия медод, даст кашид ва гуфт, донишгоҳи славянӣ бояд аттестатсия шавад.

Айни видео, агар дар Ютюб боз нашавад:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Донишгоҳи славянии тоҷикиву русии Тоҷикистон муҷаввизашро аз даст надодааст