Сангандозӣ барои девор дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Ҷанҷолу даъво дар деҳаи Овчӣ Қалъача дар моҳи июл

Ба думболи ду ҷанҷол дар сарҳад мақомоти Тоҷикистон, баъзе аз мансабдорони Қирғизистонро ба “иғвогарӣ” ва талош барои ҳалли мушкилоти марзӣ аз роҳи “фишор” муттаҳам карданд.

Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон, ки нерӯҳои марзбонӣ тобеи он аст, рӯзи 24-уми август бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, дар ҷанҷолу муноқишаҳое, ки дар марзи вилояти Суғду Ботканд сар мезананд, аз ҷумла мансабдорони баландпояи вилояти Ботканд нақш доранд.

Рӯзи 24-уми август дар марзи ноҳияи Лайлаки Қирғизистон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров байни гурӯҳе аз сокинони ду ноҳия ҷанҷол бархоста ва ба сангандозӣ кашидааст. Айни замон даъвое байни сокинони маҳаллаи Хоҷа Аълои ноҳияи Исфара ва маҳаллаи Коктоши ноҳияи Ботканд бархостааст, вале мардуми ду тараф оромона пароканда шудаанд. Ҷанҷолу даъво ҳангоми сафари раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд сурат гирифт.

Дар баёнияи расмии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон танҳо муноқиша дар марзи ноҳияи Лайлак ва Бобоҷон Ғафуров зикр шудааст. Дар он омадааст, ки даҳҳо сокини Лайлак рӯзи 24-уми август бар хилофи санадҳои имзошуда ба сохтмони ду нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ оғоз кардаанд, ҳарчанд ду тараф аҳд додаанд, ки дар минтақаҳои басҳбарангез, то замони таъйину аломатгузорӣ шудани он ҳеҷ чиз набояд сохта шавад. Хадамоти марзбонии Қирғизистон мегӯяд, ки дар маҳаллаи Борбодуқ, як сокини маҳалла хостааст, дар ҳудуди хонааш девор бисозад, аммо сокинони Тоҷикистон мухолифат карда гуфтаанд, азбаски қаламрав аз ӯ нест ва минтақаи баҳсбарангези марзӣ аст, бояд ба сохтмон хотима дода шавад.

Ба гуфтаи Хадамоти марзбонии Қирғизистон, сокинони Тоҷикистон ба вайрон кардани девор пардохтаанд ва баъди ин байни ду тараф ҷанҷол бархоста ба сангандозӣ кашидааст. Бахши қирғизии Радиои Озодӣ бо такя ба гуфтаҳои Хадамоти марзбонии Қирғизистон навиштааст, ки вақте марзбонони қирғиз ва маъмурони милиса ба маҳалли ҳодиса омадаанд, сокинони Тоҷикистон ба тарафи онҳо санг андохтаанд. “Барои роҳ надодан ба идомаи муноқиша, марзбонони қирғиз ба ҳаво ду тир андохтаанд ва сокинони Тоҷикистон ба қаламрави худ гурехтаанд” - омадааст дар баёния.

Ҳарчанд марзбонони қирғиз доир ба осеб дидани касе гузориш надодаанд, вале Эрмек Баҳоваддинов, раиси дастгоҳи ҳукумати ноҳияи Лайлак ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфтааст, ки дар натиҷаи сангандозӣ ду нафар ва аз ҷумла як маъмури милисаи қирғиз осеб дидаанд. Ба иддаои Эрмек Баҳоваддинов сохтмони ёдшуда “100 метр дуртар аз марз сохта мешуд”, ҳарчанд дар ин минтақа ҳанӯз марзи муайяне вуҷуд надорад.

Дар баёнияи Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар бораи сангандозӣ чизе гуфта нашудааст, аммо дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва марзбонони қирғиз ба он муттаҳам шудаанд, ки дар ин ҳодисаҳои “нақши манфӣ” иҷро мекунанд.

Дар баёния гуфта мешавад: "Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба ҳалли масъалаи демаркатсияи сарҳад якчанд протокол ба имзо расидааст, вале ҷониби Қирғизистон, алалхусус баъзе сокинони хашмгини он, аз ҷумла мансабдорони баландпояи вилояти Ботканд, қасдан ин созишҳоро вайрон карда, дар сарҳади давлатӣ мушкилоти сунъӣ эҷод менамоянд ва вазъияти ноустуворро ба вуҷуд меоранд, ки боиси норозигии худи сокинони маҳалҳои аҳолинишини сарҳадии ҷониби Қирғизистон низ мегарданд ва дар ин масъала ҳар замон бархе аз намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла сарҳадбонони Қирғизистон, нақши манфӣ доранд.”

Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар бораи муноқиша дар наздикии рустои Кокташи ноҳияи Ботканд ва деҳаи Хоҷа-Аълои Исфара чизе нагуфтааст. Ин даъво сари роҳсозӣ будааст ва ба гуфтаи мақомоти Қирғизистон ба сабаби он сар задааст, ки гурӯҳе аз сокинони Тоҷикистон ба сохтмони роҳи Оқсой-Кокташ мухолифат кардаанд. Дар инҷо баъд аз дахолати мақомоти Тоҷикистон ва шарҳи масъала сокинон оромона пароканда шудаанд.

Дар баёнияи Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон, ки онро хабаргузории давлатии “Ховар” нашр кард, ҳамчунин омадааст, ки ду тараф бояд то замони ҳал нашудани мушкилоти марз бояд аз ҳаргуна сохтмон дар манотиқи баҳбсарангез худдорӣ кунанд. Вале ба гуфтаи кумита: “сокинони ноҳияҳои наздисарҳадии вилояти Ботканд доимо ин талаботро сарфи назар мекунанд, ки “метавонад боиси сар задани низоъҳои минбаъдаи наздисарҳадӣ байни сокинони кишварҳои ҳамсоя гарданд.”

Ба Радиои Озодӣ муяссар нашуд, назари мақомоти Хадамоти марзбонии Қирғизистонро дар бораи баёнияи мақомоти Тоҷикистон бигирад. Телефонҳои сухангӯёни хадамот посух намедод.

Дар баёнияи Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон, ки бармало ҷониби Қирғизистонро ба он муттаҳам кардаанд, ки намехоҳад, таъйину аломатгузории марзи ду кишвар аз роҳи гуфтушунид ҳал шавад. Баёнияро бо чунин иддаое хатм мешавад: “Далелҳо бешубҳа нишон медиҳанд, ки ҷониби Қирғизистон ин масъаларо бо роҳи гуфтушунид ва ҳамдигарфаҳмӣ, ки хоси ҳамсоягон мебошад, ҳал кардан намехоҳад ва баръакс мекӯшанд ба Тоҷикистон фишори нерӯӣ (аз роҳи зӯр фишор) оваранд. Аммо ин роҳ ба ҷое намебарад.”

Марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр аст ва то кунун 504 километри он муайян ва аломатгузорӣ шудааст. Баҳсу гуфтӯгу сари манотиқи боқимонда солҳост идома дорад, вале бенатиҷа. Аз ин сабаб, дар минтақаҳои баҳсталаб ва номуайян сокинон барои обу чарогоҳ, роҳу бозор ҷангу даъво ва борҳо хунрезӣ кардаанд.

Дар муноқишаҳо дар рӯзҳои 22 ва 23-юми июли имсол миёни сокинони Ворухи Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон рух дод, як шаҳрванди Тоҷикистон кушта ва чандин нафар аз ҳарду ҷониб захмӣ шуданд. Баъди ин раҳбарони ду кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбей Ҷеенбеков дар ноҳияи Исфара мулоқот карда гуфтанд, ки бояд мушкилоти марзӣ ҳарчӣ зудтар ва аз роҳи гуфтушунид ҳал шавад.

Агар дар ҷойи ҳодиса будед, аксе ва ё видеое доред пас ба мо бифристед ва ба ин рақам: 607 900 808