Нархи Ҳаҷҷи имсола – 28 649 сомонию 10 дирам

Saudi -- Tajiks in Hajj, Mecca, 16Oct2014

Нархи имсолаи сафари Ҳаҷ барои зоирони тоҷик 28 ҳазору 649 сомонӣ, муодили 3584 доллар муқаррар шудааст. Ин назар ба як сол пеш 5649 сомонӣ бештар аст.

Нархи имсолаи сафари Ҳаҷ барои зоирони тоҷик 28649 сомонӣ, баробар ба 3584 доллари амрикоӣ муқаррар шудааст. Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 6 май расман эълон кард, ки нархи имсолаи сафари Ҳаҷро 28649 сомонӣ муқаррар кардаанд.

Дар хабари нашршуда дар сомонаи расмии Кумитаи дин гуфта мешавад, ки ин ниҳод "дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши хизматрасониҳо дар мавсими Ҳаҷ-2016-ро муайян намуд, ки он 28 ҳазору 649 сомонию 10 дирамро ташкил медиҳад."

Ба гуфтаи Кумитаи дин, ин маблағ маъмулан харҷи парвоз бо ҳавопаймо дар масири Душанбе-Ҷидда-Душанбе, суғуртаи тиббии зоирон, пули ғизо ва зиндагии онҳо дар меҳмонхонаҳои шаҳрҳои Макка ва Мадина, ҳаққи хидмати роҳбаладон, пули чорво барои қурбонӣ, маблағ барои таҳия ва харидории ҷомадон ва сумкаи дастӣ бо рамзҳои Тоҷикистон барои ҳоҷиёнро дар бар мегирад.

Кумитаи дини Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳарчанд аз сабаби бо асъори хориҷӣ (доллари амрикоӣ) ба роҳ монда шудани ҳамаи қарордодҳо бо ширкатҳои хизматрасони Арабистони Саудӣ ва нисбатан боло рафтани қурби доллари амрикоӣ дар бозори асъори Тоҷикистон нархи хизматрасониҳо бо пули миллӣ дар соли ҷорӣ нисбатан боло рафта бошад ҳам, дар маҷмӯъ, арзиши имсолаи хизматрасониҳои мавсими ҳаҷ нисбат ба соли гузашта бо ҳисоби асъори хориҷӣ бетағйир боқӣ монда, мисли соли гузашта 3 ҳазору 584 долларро ташкил медиҳад.

Соли гузашта барои зиёрати Хонаи Худо аз Тоҷикистон беш аз 6 ҳазор нафар рафта буданд. Мақомоти Тоҷикистон соли гузашта ба далели зиёдии довталабони Ҳаҷ, афроди асосан синнашон аз 35-сола поинро барои зиёрати Каъба иҷозат надоданд.

Кумитаи дин чанд сол боз талош дорад, ки квотаи аз сӯи Арабистони Саудӣ ҷудошуда барои Тоҷикистонро ба 8000 бирасонад, чунки тибқи қоида, ин квота барои ҳар 1000 сокини мусалмони кишвар як нафар муқаррар карда мешавад ва шумори аҳолии Тоҷикистон аллакай ба 8,5 миллион нафар наздик мешавад. Аммо мақомоти Саудӣ ба далели бозсозии манотиқи атрофи масҷиди Ҳарамайн дар Макка баррасии ин масъаларо ба ақиб андохтаанд.

Анҷоми Ҳаҷ барои ҳар мусалмон ҳадди ақал як бор дар зиндагиаш, дар сурати доштани қудрат ва тавоноӣ барои анҷоми он, фарз шудааст.