Шаҳрвандони Русия бо талаби бозгашт ба ватан дар Душанбе ҷамъ омаданд. ВИДЕО

Таҷаммӯи шаҳрвандони Русия дар назди сафорати ин кишвар дар Душанбе. 12-уми августи 2020

Даҳҳо шаҳрванди Русия рӯзи 12-уми август дар назди сафорати ин кишвар дар Душанбе ҷамъ шуда, аз мақомот талаб карданд, ки барои баргаштани онҳо ба кишвар шароит фароҳам биоранд. Онҳо иддао доранд, ки ба камияш аз ду то панҷ моҳ инҷониб мунтазири бозгаштан ба Русия ҳастанд ва монданашон дар Тоҷикистон бар зиёни иқтисодиашон тамом мешавад.

Қаблан сафорати Русия дар Тоҷикистон гуфта буд, имкони баргаштани шаҳрвандонаш вуҷуд дорад, ба шарте ки аввал худро дар портал ё хадамоти "Госуслуги" сабт кунанд, далели бозгашташонро шарҳ диҳанд ва бемор набошанд.

Сафорати Русия дар Тоҷикистон мегӯяд, то охири моҳи июли имсол тавассути 23 парвози чартерӣ ё ғайринақшавии ҳавопаймоҳо зиёда аз 3200 нафарро баргардондааст.

Любов Василевна, яке аз шаҳрвандони Русия, ки рӯзи 12-уми август ба назди сафорати ин кишвар дар Душанбе омада буд, гуфт, аз парвозҳои ғайринақшавӣ хабар дорад, вале нигарон аст, ки чаро ба онҳо роҳ намеёбад. "Моҳҳо боз дар навбат ҳастам. Касе посухи дақиқ намедиҳад. Мегӯянд, тариқи "Госуслуги" бароед. Куҷо равем, ба кӣ муроҷиат кунем, намехоҳанд бо мо гап зананд. Бубинед, чӣ қадар одам ҷамъ шудааст, ҳама интизори бозгаштанд."

Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Шаҳрвандони Русия талаб доранд, ки сафораташон онҳоро аз Душанбе барорад

Дар чунин ҳолатҳо мақомот бештар шаҳрвандонро муттаҳам мекунанд, ки худро дар портали "Госуслуги" сабтином накардаанд ва аз ин сабаб аз назари онҳо дур мондаанд. Вале Анастасия Пилянова мегӯяд, дар портали "Госуслуги" барвақт худро номнавис кардааст, вале ҳанӯз ба мушкилаш расидагӣ нашудааст.

Ӯ мегӯяд, эҳтимол ба сабаби он ки бояд ба Екатеринбург раваду парвозҳои чартерӣ асосан ба Маскав анҷом мешаванд, онҳоро ба ҳавопаймо роҳ намедиҳанд. "Гуфтанд, ки хатсайри Маскав ва шумо дар Маскав қайди зист надоред ва бинобар ин намешавад", -- нақл кард ӯ.

Дар ҳамин ҳол, бархе аз шаҳрвандони Русия, ки ба кишвари худ баргаштаанд, мегӯянд, бо истифода аз хадамоти "Госуслуги" тавонистанд худро ба Русия расонанд.

Назди сафорати Русия дар Душанбе. Рӯзи 12-уми августи 2020

Шумори таҷаммуъгарон дар назди сафорати Русия дар Душанбе беш аз 50 нафар буд. Бархе аз онҳо ҳам шаҳрвандии Тоҷикистон ва ҳам шаҳрвандии Русияро доранд. Посбонҳои назди дари сафорат талош мекарданд, ки ҷамъомадагонро пароканда кунанд, аммо сокинон пойфишорӣ доштанд, ки сафорат хулосаи ниҳоиро ба онҳо бигӯяд.

Хабаргузории "Азия-Плюс" навишт, ки Валерий Катункин, консули Русия дар Душанбе гуфтааст, ба номаҳои сокинон дар муддати як моҳ посух хоҳанд дод. Вай афзудааст, ҳанӯз парвозҳои маъмулӣ байни Тоҷикистону Русия ба роҳ монда нашудааст ва онҳо шаҳрвандонро тавассути парвозҳои чартерӣ бо навбат мефиристанд.

Аммо таҷаммуъгарон мегӯянд, зиёд мондани онҳо дар Тоҷикистон ба нафъашон нест. Аз як тараф мушкили санад пеш меояд, аз тарафи дигар кору зиндагиашон дар Русия аст ва аз даромад маҳрум хоҳанд монд.

Зумрад Саидова, ки шаҳрвандии Русияро дорад, мегӯяд, "муҳлати шинсномаи хориҷии набераам ба поён мерасад, мактаб ҳам сар мешавад. Чаро шаҳрвандони Тоҷикистонро аз Русия меоранд, вале моро ба Русия намебаранд?"

Ҳукумати Русия аз 27-уми марти имсол бинобар пандемияи коронавирус парвозҳои маъмулии ширкатҳои ҳавопаймоиро бо Тоҷикистон ва кишварҳои дигар қатъ кард. Гуруҳе аз шаҳврандони Русия дар Тоҷикистон дармонданд ва садҳо шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия банд монданд. Ахиран мақомоти Русия парвозҳои маъмулиро бо Туркияву Бритониё ва Танзания аз сар гирифтанд ва ҳоли ҳозир бо чанд кишвари дигар, аз ҷумла Тоҷикистон барои барқарор кардани парвозҳо машварат доранд. Тоҷикистон барои ин кор ризоят додааст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!