Шӯришиён ба раҳбарии гурӯҳи “Ҳайат Таҳрир аш-Шом”, ки Амрико ва чанд давлати дигар созмони террористӣ медонанд, рӯзи 8-уми декабр ҳукумати Башор Асадро дар Сурия сарнагун ва Димишқро ишғол карданд. То ин дам дар се кишвари калидӣ дар Аврупо гуфтаанд, мумкин аст, муносибати худро нисбат ба “Ҳайат Таҳрир аш-Шом” дигар кунанд.
Монанд ба Судон?
Ҷо Байден, раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, рӯзи 8-уми декабр гуфт, “Ҳайат Таҳрир аш-Шом” нишон доданист, ки аз “Ал-Қоида” фосила гирифтааст. “Агар чунин масъулияти бузургеро ба дӯш мегиранд, мо на фақат аз рӯйи ҳарф, балки аз рӯи амалашон баҳогузорӣ хоҳем кард”, -- афзуд ӯ.
Президенти мунтахаби Амрико Доналд Трамп аломат дод, ки мавзӯи Сурия эҳтимол дар маркази таваҷҷӯҳи ӯ нахоҳад буд, чун гуфт, “ин ҷанги мо нест”. Ҳамзамон, ба қавли ӯ, маъмурияташ тарзи бархӯрдро бо Сурия баррасӣ мекунад.
Фотима Аюб, таҳлилгари масоили Ховари Миёна дар Вашингтон, мегӯяд, баррасиҳои зиёде дар бораи чигунагии ҳукумати нав ба раҳбарии “Ҳайат Таҳрир аш-Шом” дар пеш аст. Ӯ гуфт: “Шояд мо шоҳиди як навъ фаъолияти монанд ба Судон хоҳем шуд, ки бар ивази эҷоди равобити хуб бо Исроил барояш раҳоӣ аз таҳрим ваъда мешавад. Яъне, пурсиши хеле зиёд ҳаст. Бовар надорам, ки феълан “Ҳайат Таҳрир аш-Шом” ҷавоби ҳамаи онро дошта бошад”.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Ҷангҷӯ, "маккор" ё амалгаро? Абумуҳаммад Ҷулонӣ кист?Мавқеи намоёни ин гурӯҳ дар сарнагунии ҳукумати Башор Асад ва вазъи баъди он ҳукуматҳои ғарбиро гуё дар назди дуроҳа қарор додааст. Гурӯҳи мусаллаҳеро, ки дар гузашта нисбатан хурд буду як вилояти Идлибро назорат мекард, нодида гирифтан мумкин буд. Ҳоло он муҳим ба назар мерасад ва ҳукуматҳои ғарбӣ боэҳтиёт муносибат мекунанд.
Мавқеи се кишвари аврупоӣ
Иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷии Фаронса Жан-Ноэл Барро рӯзи 8-уми декабр дар суҳбат бо France Info Radio гуфт, “Ҳайат Таҳрир аш-Шом” “як ҳаракати исломӣ” буда, “бояд самимона собит кунад, ки хоҳони гузариш аз ифротгароиву ҷиҳоду исломгароӣ мебошад”. Ӯ афзуд, фиристодаи ин кишвар ҳафтаи ҷорӣ ба Димишқ меравад.
Олмон ҳам як мавқеи ба ин монандро нишон дод. Себастиан Фишер, сухангӯи ВКХ-и Олмон, гуфт, ба кору амали “Ҳайат Таҳрир аш-Шом” аз тарзи бархӯрдаш бо мардум ва ақаллият ё камшуморони қавмӣ ва мазҳабӣ баҳо дода хоҳад шуд.
Вазири ҳукумати Бритониё Пет МакФадден гуфт, барои аз феҳристи сиёҳи созмонҳои террористӣ берун кардани “Ҳайат Таҳрир аш-Шом” “қарори сареъ” зарур мешавад.
Феълан маълум нест, ки “Ҳайат Таҳрир аш-Шом” дар Сурияи баъд аз Башор Асад чӣ нақше хоҳад бозид. Аз он ҷо ки худро ба ҳайси як бозигари калидӣ нишон медиҳад, зоҳиран ҳукуматҳои ғарбӣ мехоҳанд, дари имкониятҳоро барояш боз гузоранд.
“Воқеиятҳои нав”
Дарин Халифа, мушовири аршади Гурӯҳи байнулмилалии бӯҳронҳо гуфт, “Ғарб бояд бо воқеиятҳои нав дар минтақа сарукор бигирад”.
Ба қавли ин таҳлилгар, давлатҳои ғарбӣ “бояд барои “Ҳайат Таҳрир аш-Шом” талаботи мушаххасе гузоранд ва агар онҳо ба ин меъёрҳо ҷавобгӯ буданд, бояд таҳримҳо ва ҳам қарори худро дар бораи хусусияти ин гурӯҳ бозбинӣ кунанд. Шарти асосиаш ҳам бояд ин бошад, ки дар давраи баъди Асад дар Сурия сулҳу субот ҳукмфармо гардад”.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Фасод, саркӯб, дурӣ аз мардум. Чаро Башор Асад сарнагун шуд?Чунин бархӯрд аз он чи нисбат ба “Толибон” дида мешавад, фарқ мекунад. Давлатҳои ғарбӣ баъди беш аз се соли ба қудрат баргаштани гурӯҳи тундрав дар Афғонистон ҳамоно аз он фосилагирӣ ва тамоми маҳдудиятҳои ҷорикардаашро маҳкум мекунанд.
Муқоиса бо “Толибон”
Фотима Аюб мегӯяд, “фикр намекунам, ки “Ҳайат Таҳрир аш-Шом” таҳсили духтарҳоро манъ кунад. Ба фикри ман, онҳо назар ба “Толибон” муътадилтар хоҳанд буд”.
Ӯ афзуд, “Ҳайат Таҳрир аш-Шом” бояд пеш аз ҳама ба худаш саволи зиёде бидиҳад, чунки ҷанг кардан аз идора кардани кишваре комилан фарқ мекунад. Мо мебинем, ки “Толибон” барои дастёбӣ ба чунин як гузарише ҳамоно дар ҳоли мубориза ҳастанд. Ба назари ман, суолҳои беҷавоб ҳоло хеле зиёд аст”.
Айни замон, бо ин ки ҳукуматҳои ғарбӣ нисбат ба “Ҳайат Таҳрир аш-Шом” эҳтиёткорона мавқеъ гирифтаанд, онҳо мегӯянд, феълан ҳеч далелеро барои намоиши эътимоди комил ба ин гурӯҳ надоранд. Байден дар изҳороташ таъкид кард, ки ин гурӯҳ “дар масоили терроризм ё нақзи ҳуқуқи инсон корномаи торик дорад”.
Ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ мегӯянд, дар зеҳни ғарбиҳо ин нигаронӣ ҳам ҷой дорад, ки дар сурати ноком шудани ҳукумати нав, хатари бозгаштани гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” вуҷуд дорад. Рӯзи 8-уми декабр мақомоти амрикоӣ гуфтанд, ки ҳавопаймоҳои ҷангии ин кишвар ҳадафҳои ДОИШ-ро дар Сурия 75 бор нишон гирифтанд.
Силоҳҳо. Бозгашти паноҳҷӯён
Як нигаронии дигар захираҳои силоҳҳои кимиёии ҳукумати Асад мебошад ва суол ин аст, ки ҳоло ин аслиҳа ба дасти кӣ меуфтад. Исроил гуфт, ки дар ин робита ба чандин таъсисот ҳамла кардааст.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Аз Аскар Оқоев то Башор Асад. Путин ба кӣ паноҳгоҳ додааст?Ҳодисаҳои Сурия метавонанд ба вазъи дохилии чанд кишвари дигар ҳам таъсир гузоранд. Дар пайи шурӯи ҷанги дохилӣ соли 2011 миллионҳо сокини Сурия кишварро тарк карда, ба давлатҳои дигар кӯчиданд ва ҳоло маълум нест, ки чӣ шуморе аз онҳо ба ватан бармегарданд.
Шумори зиёди онҳо дар хати сарҳади Сурия бо Лубнону Туркия ҷой гирифтаанд ва мавзӯи паноҳҷӯён ба як сарчашмаи таниш дар ин кишварҳо табдил шудааст.
Дар Аврупо ҳам ҳамин ҳолат рӯй додааст. Олмон эълон кард, ки тақдими паноҳандагӣ ба суриягиҳоро то замони маълум шудани вазъият дар он кишвар бозмедорад. Раҳбарони мухолифон даъват карданд, ки барои баргаштаҳо ёрии молӣ дода шавад, вале вазири корҳои дохилӣ гуфт, феълан дар ин бора суҳбат кардан барвақт аст.