Таҳқиқи эҳтимоли қонуншиканӣ дар интихоботи Гурҷистон

Гурҷистон, 28-уми октябри 2024

Додситонии кулли Гурҷистон таҳқиқро дар бораи эҳтимоли тақаллубу қонуншиканӣ дар интихоботи порлумонии ин кишвар шуруъ кардааст.

Интихобот рӯзи 26-уми октябр гузашт. "Орзуи гурҷӣ", ҳизби ҳокими тарафдори Русия, пирӯз эълон шуд, вале президент Саломе Зурабишвили ва намояндагони мухолифон интихоботро олуда ба тақаллуб хонда, натиҷаҳоро напазируфтанд.

Муфаттишон рӯзи 30-юми октябр раисҷумҳури Гурҷистон Саломе Зурабишвилиро барои баёнот додан даъват кардаанд.

Додситонии кул дар изҳороте гуфтааст, ҳамаи онҳое, ки метавонанд дар бораи тақаллубу қонуншиканӣ маълумот дошта бошанд, дар доираи тафтишот пурсида хоҳанд шуд. Дар идома ваъда шудааст, ки мардумро давра ба давра аз натиҷаи тафтишот хабардор мекунанд.

То кунун чанд кишвари ғарбӣ, аз ҷумла Амрико, Канада ва Шветсия, интихоботи порлумониро дар Гурҷистон танқид карда, ҳазорҳо норозӣ дар Тбилисӣ ба хиёбонҳо баромаданд.