Валид Ал-Муаллим: Умедворем оташбас риоя мешавад. ВИДЕО

Валид Ал-Муаллим

Валид Ал-Муаллим, вазири умури хориҷии Сурия гуфт, кишвараш созиш дар бораи коҳиши даргириҳоро риоят мекунад, вале афзуд, агар ошӯбгарон ба созиш беэътиноӣ кунанд, посухашро мегиранд. Дар як нишасти хабарӣ дар Димишқ дар рӯзи 7-уми май Валид Ал-Муаллим гуфт, ҳукумат умедвор аст, нерӯҳои мусаллаҳи мухолифон созиши ҳосилшуда бо миёнҷигарии Русияву Эрон ва Туркияро риоят мекунанд.

Вазири умури хориҷии Сурия умедворӣ намуд, ки нерӯҳои мусаллаҳи мухолифон созиши ҳосилшуда бо миёнҷигарии Русияву Эрон ва Туркияро риоят мекунанд.

Идлиб яке аз минтақаҳои ташаннуҷзудоӣ аст. Ҷабҳат-ан- Нусра, Аҳрор-аш-Шом ва дигар нерӯҳо инҷо фаъоланд. Гурӯҳҳое, ки созиши оташбасро имзо гузоштаанд, бояд Ҷабҳат-ан-Нусраро аз ин минтақаҳо берун кунанд, то ташаннуҷ коҳиш ёбад ва кафилон бояд ба онҳо дар ин роҳ кӯмак кунанд.

Созиши коҳиши даргириҳо дар Сурия ҳафтаи гузашта дар Остона ҳосил шуд. Валид Ал-Муаллим гуфт, дар минтақаҳое, ки бояд созиши оташбас риоят шавад, ҳеҷ гуна нерӯҳои байналмилалӣ нахоҳанд буд. Вилояти Идлиб, ҳошияҳои Ҳумс, шаҳри Ғута ва вилоятҳои Даръову Қунайтара минтақаҳои ташаннуҷзудоӣ интихоб шудаанд. Созиш барои шаш моҳ амал мекунад ва дар сурати мувофиқат тамдид карда мешавад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Нишасти хабарии вазири умури хориҷии Сурия

Ассад Ал-Зубӣ яке аз пешвоёни мухолифони Сурия созишро танқид кард. Аз ин созиш фақат режим ва Русия манфиат мебинанд. Чунки озодии ҳаракат, озодии тирандозӣ хоҳанд дошт. Бахусус Русия бандеро изофа кардааст, ки ба он иҷоза медиҳад, дар сурати кашфи унсурҳои ДОИШ ба ин минтақаҳои ором зарба занад. Ин банд ба русҳо иҷоза медиҳад, ҳар рӯз дар ин минтақаҳо зарба зананд.

Дар ҷанги Сурия, ки тақрибан 6 сол аз он мегузарад, то кунун садҳо ҳазор нафар кушта ва миллионҳо нафари дигаре бехонумон шудаанд.