Шаҳрдории Душанбе 5 лоиҳаи рамзи "Ваҳдати миллӣ" дар пойтахти кишварро барои баҳсу баррасӣ ва интихоб ба сокинон пешниҳод кардааст. Аз ин тарҳҳо - "Авҷ", "Нур", "Соф", "Тоҷ" ва "Фар" - ном бурда мешавад ва ба қавли шаҳрдорӣ онҳоро "беҳтарин мутахассисони соҳа ва зиёиёни саршиноси кишвар таҳия кардаанд". Ин рамзҳоро бо шарҳҳояшон бубинеду бигӯед, ки интихоби шумо кадом аст?
1. Авҷ
Ин лоиҳа аз сутун (сутуни давлатдорӣ, сутуни хонавода, шоҳсутуни қавму миллат), китоб ва тоҷу ҳафт ситора иборат аст. Гирду атрофи маҷмаа бо фаввора, гулу гулбута, сабзаву себаргазорҳо ороиш ёфта, инчунин, нишастгоҳҳои замонавӣ сохта хоҳад шуд. Баландии сутуни маҷмааи рамзи "Ваҳдати миллӣ" 97 метр (ишора ба имзои созишномаи сулҳи тоҷикон дар 27 июни соли 1997) буда, баландии умумиаш ба 112 метр мерасад ва дар масоҳати 24 гектар доман паҳн намудааст. Дар байни ошёнаи якум ва дуюм ҳалқаи рахнаёфтае, ки рамзи таҳдид ба ваҳдати миллист (ишора ба ҷанги шаҳрвандӣ ва нооромиҳои 1992-1997) мавҷуд аст. Аз ошёнаи якум бо паҳноии 1,5 метр ва дарозии 70 метр хати сурх ё алвонгуна, ки ишора бар оташ аст (манзур оташи ҷанги шаҳрвандӣ) ба чашм мерасад.
2. Нур
Лоиҳаи маҷмааи меъмории "Ваҳдати миллӣ" бо номи "Нур", ки бунёди он дар боғи фарҳангу фароғатии Дӯстии халқҳо дар назар аст, сулҳ, ваҳдат ва ризоиятро таҷассум менамояд. Андешаи асосӣ тавассути се сутуни бузург, ки аз рамзи оташи ҷовид, ки ҳамчун рамзи покию озодагӣ низ мебошад, асос мегирад. Ин се сутуни рамзӣ бо намудҳои пурпечутоб ба боло қад мекашанд бо рӯйпушҳои тиллоиранг оро дода мешаванд ва ҳамзамон таҷассумгари рушди давлати тоҷикон ва ҳаракати он ба пешрафт, сулҳ ва ваҳдат мебошанд. Дар баландии тақрибан 80 метри иншоот сохтмони майдон барои тамошои гирду атроф ва қаҳвахона пешбинӣ мешавад. Дар ду ошёнаи аввали маҷмаа ҷойгир сохтани осорхонаи ваҳдати миллӣ, утоқҳои корӣ пешбинӣ гардидааст.
3. Соф
Ин муҷассама 97 метр баландӣ дорад ва аз ҳафт қисм иборат аст: қисмати аввал ва сутуну парҳо аз ду тараф зина ба зина ба ҳам васл шуда боло мераванд. Ин муҷассама мӯҳташам буда, метавон дар дохили он ҳам тарабхона, ҳам ҷойи осорхонаи "Дӯстӣ" ва маҷлисгоҳ бошанд. Аз ду тарафи он фаввораҳо низ дар назар аст.
4. Тоҷ
Ҳангоми таҳияи ин лоиҳа ҳамчун асос ғояву мазмуни "Дарахти ҳаёт" гирифта шудааст. "Дарахти ҳаёт" аз реша, тана бо шохаҳо ва тоҷпоя иборат аст. Реша рамзи тавоноӣ, хирадмандӣ ва зебоиро дорад. Тана рамзи ростқавлӣ ва афзоиши умедҳост. Шохаҳо рамзи комил будани табиати инсонро ифода менамояд. Аз ҳама боло тоҷпоя ҷойгир мебошад. Муҷассамаи "Ваҳдат" бо номи "Тоҷ" баландиаш 97 метр буда, аз 3 қисм иборат аст.
5. Фар
Пояҳои муҷассамаи «Ваҳдати миллӣ» ифодакунандаи решаҳои таърихии милати тоҷик ва дар замони соҳибистиқлолии давлатӣ ба ваҳдату сарбаландӣ расонидани он мебошад. Дарвозаҳое, ки ба ҳама сўй боз ҳастанд, ишора ба сиёсати дарҳои кушодаи Тоҷикистон аст ва даъват ба ворид шудан ба бинои ваҳдатро доранд. Баландии муҷассама аз 97 метр иборат аст, ки ишора ба соли имзои Созишномаи умумии истиқлоли сулҳ ва ризояти миллӣ, яъне соли 1997 мебошад. Пояҳои давродаври поини муҷассама 20-то мебошад, ки ишора ба бистсолагии Ваҳдати миллӣ мебошад.