Стив Свердлов: Тоҷикистон воқеан дар як бӯҳрон аст

Дар сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ муҳаққиқи масоили Осиёи Марказӣ дар созмони Human Rights Watch даъвати ахири ин ниҳод ба раҳоии ҳуқуқшиносони зиндонии тоҷикро шарҳ дод.

Ду созмони ҳомии ҳуқуқи инсон аз ҳукумати Тоҷикистон хостаанд, то 4 вакили мудофеъ ва ду писари боздоштшудаи як вакили дигарро “билофосила ва бидуни қайду шарт” озод кунад. Human Rights Watch ва Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия дар гузориши муштарак бо номи “Тоҷикистон: Вакилони ҳуқуқи башарро озод кунед” рӯзи 4 май менависанд, ки аз соли 2014 ба ин тараф дар Тоҷикистон дастикам 5 вакили дифоъ, аз ҷумла Шӯҳрат Қудратов ва Бузургмеҳр Ёров дастгир шуда, бо ҳукмҳои машкук зиндонӣ шуда ва ё бо иттиҳомоти бофта таҳти муҳокима қарор гирифтаанд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Стив Свердлов: Тоҷикистон воқеан дар як бӯҳрон аст

Ин созмонҳо аз ҳукумати Тоҷикистон озодии бидуни шарти ин афродро тақозо карда, аз ҳукуматҳои Амрико, Иттиҳоди Аврупо ва шарикони байналмилалии Тоҷикистон тақозо кардаанд, ба Тоҷикистон дар амри иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалиаш фишор оваранд. Дар ин бора сӯҳбате доштем бо Стив Свердлов, муҳаққиқи масоили Осиёи Марказӣ дар созмони Ҳюман Райтс Вотч, ки ба ин сӯҳбат аз аёлати Калифорнияи ИМА ба мо ҳамроҳ мешавад.

Радиои Озодӣ: Муроҷиати нави худ ба ҳукумати Тоҷикистонро лутфан шарҳ диҳед.

Стив Свердлов: Имрӯз Human Rights Watch ва Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия аз ҳукумати Тоҷикистон даъват мекунанд, ки ӯҳдадориҳои байналмилалии худ, бахусус принсипҳои асосии нақши ҳуқуқшиносонро риоя кунанд. Ин як санади СММ, ки мегӯяд, ҳуқуқшиносон ва ҳам вакилони дифоъ ба ҳеҷ сурат набояд, ки барои иҷрои масъулиятҳои касбии худ азият шаванд. Мо аз мақомоти Тоҷикистон тақозо мекунем, ки билофосила шаш нафарро аз зиндон озод кунанд. Ин нафарон маҳз ба хотири касбашон ба унвони ҳуқуқшинос ҳоло дар азоб ҳастанд. Инҳо:

- Шӯҳрат Қудратов, аввалин вакили дифоъ аст, ки соли гузашта ҳукми зиндон гирифт, ӯ як адвокати маъруф, ҳуқуқшинос ва як фаъоли ҳуқуқи башар аст,

- Бузургмеҳр Ёров,

- Дилбар Додоҷонова,

- Нуриддин Маҳкамов,

- инчунин Далер ва Фирӯз Табаровҳо мебошанд.

Шӯҳрат Қудратов

Мо мутмаинем, ки ин нафарон аслан набояд барои ҳимоят аз муштариёни худ азият шаванд. Ба эътиқоди мо, масъалаи ҳабс ва таҳдид ба амнияти ҳуқуқшиносон ба як мушкили хеле ҷиддӣ табдил шудааст. Вале дар пасманзари фишорҳои дигар сарнавишти ҳуқуқшиносон ҳанӯз аз таваҷҷӯҳи кофӣ бархурдор нашудааст.

Мо медонем, ки Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон баста ва созмони террористӣ унвон шуд. Беш аз 100 нафар пушти панҷара рафтанд. Мо инчунин хабар дорем, ки аъзои “Гурӯҳи 24” ҳам асосан дар хориҷи Тоҷикистон дучори мушкилоти ҷиддӣ шуда ба зиндон рафтанд, боздошт шуданд ва ё ба Тоҷикистон истирдод шуданд. Инҳоро ҳам бо парвандаҳои дорои ангезаҳои сиёсӣ таъқиб мекунанд. Ва дар пасманзари ин қазияҳо то ҷое сарнавишти ҳуқуқшиносон гӯё пушти саҳна рафт. Ба эътимоди мо, бидуни фаъолияти озоди ҳуқуқшиносон ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон зиёд азият мешавад. Аз ин рӯ, ин вазъро бояд зуд ислоҳ кунанд.

Радиои Озодӣ: Дар гузориш шумо қазияҳои боздошту ҳабси ҳуқуқшиносонро сирф сиёсӣ арзёбӣ кардаед. Далели шумо чист?

Стив Свердлов: Аксари ин қазияҳо дар ин бора далолат мекунанд. Масалан, аз рӯи парвандаи Шӯҳрат Қудратов, ки соли 2014 ба ҳабс гирифта шуд, мо медонем, ки ӯ фаъолона аз ҳуқуқи вазири собиқ Зайд Саидов ҳимоят мекард. Ин шахс ишора кард, ки мехоҳад ба фаъолиятҳои сиёсӣ машғул шавад ва шояд ҳам ба интихоботи президентӣ номзад шавад. Ҳамаи вакилони Саидов таҳти фишору таҳдиди шадид қарор доштанд. Дар чанд рӯзи пеш аз ҳабси Шӯҳрат Қудратов ӯ ҳам матбуот ва ҳам ҷомеаи байналмилалиро дар бораи вуҷуди фишори зиёд болои худаш хабар дод. Вай ин ҳолатро ҳамон вақт пешгӯӣ кард. Бузургмеҳр Ёров, Дилбар Додоҷонова, Нуриддин Маҳкамов аз ҳуқуқи аъзои боздоштшудаи ҲНИТ ҳимоят мекарданд. Фаромӯш накунем, ки Ёров хабар дод, ки зерҳимояи ӯ Саидумар Ҳусайнӣ, муовини аввали раиси ҲНИТ дар рӯзи якуми боздошташ шиканҷа шуд. Дар рӯзе, ки ӯ ба ҳимояи ҳуқуқи аъзои ҲНИТ пардохт, боздошт шуд. Дар ҳамаи ин қазияҳое, ки вакилони дифоъ барои қаллобӣ муттаҳам мешаванд, мо мебинем, ки исботи гунаҳгории воқеии онҳо вуҷуд надорад. Дар ҷараёни муҳокимаҳои судӣ ҳуқуқи онҳо бисёр нақз шудааст. Иттиҳомоти зидди онҳо далели мӯътамад надорад. Яъне мо мебинем, ки мурофиаҳо аслан ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ нестанд. Мо ба ҳамин хотир ба хулосае омадем, ки ин парвандаҳо ангезаҳои сиёсӣ доранд ва ин нафарон бояд билофосила озод шаванд."

Радиои Озодӣ: Ба фикри шумо, то куҷо воқеан ҳам ИМА, Иттиҳоди Аврупо ва дигар созмонҳо тавони таъсиррасонӣ ва ё ислоҳи вазъро доранд?

Стив Свердлов: "Чунин эҳсос мешавад, ки Вашингтон, Брюссел ва дигар ҳамкорони Тоҷикистон то ҳанӯз ҷиддияти ин бӯҳрони баамаломадаро дарк накардаанд. Ин бӯҳрон аз як сол зиёд аст, ки дар Тоҷикистон ҷараён дорад. Мо мебинем, ки ҳамкорони байналмилалии Тоҷикистон дар робита бо раъйпурсии рӯзи 22 майи ин кишвар асабонӣ ҳастанд. Аз он нороҳатанд, ки Тоҷикистон дар мавридҳои зиёд дигар аз ҳад гузаштааст ва ба сафи давлатҳои “бештар авторитарӣ” дар қаламрави Осиёи Марказӣ, ба мисли Ӯзбакистону Туркманистон наздик мешавад. Аз сӯи дигар, онҳо воқеан ҳам ғайри фаъоланд. Вале ҳафтаи ҷорӣ дар Шӯрои ҳуқуқи башари СММ дар Женева гузориши Тоҷикистон дар мавзӯи ҳуқуқи башар баррасӣ мешавад. Дар ин ҷаласа амалкарди Тоҷикистон дар самти риояи ӯҳдадориҳои байналмилалии ин кишвар баррасӣ мешавад. Интизори мо ин аст, ки вазъи атрофи мухолифон эҷодшуда ҷиддан баррасӣ мешавад. Умедворем, ки ин ҷо ҳам вазъи ҳуқуқшиносон, ҳам журналистон ва ҳам созмонҳои ҷамъиятӣ муҳокима мешавад.

Радиои Озодӣ: Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон гоҳо эҳсоси хатар доранд, ки фишорҳо метавонад дар оянда боз ҳам бештар шуда, ба журналистон ва матбуоти мустақил ҳам таъсир расонад. То имрӯз фаъолони озодии баён гуфтаанд, ки ҳукумати Тоҷикистон бо баҳонаи ҷилавгирӣ аз тавсеаи ақоиди ифротгароиву терроризм фишорро болои ҷомеаи шаҳрвандӣ афзоиш медиҳад. Назари шумо ба ин чиз чист?

Аминҷон Гулмуродзода

Стив Свердлов: Ин мавзӯъ дар як саф бо масъалаи фишор болои адвокатҳо қарор дорад. Дирӯз рӯзи байналмилалии озодии баён ва ҳам озодии матбуот буд. Фаромӯш накунем, ки журналисти тоҷик Аминҷон Гулмуродзода пушти панҷара аст. Ӯ соли гузашта бо иттиҳомоти сохта ба зиндон рафт. Ӯ ҳам бояд билофосила озод шавад. Вазъ хеле ҷиддӣ аст ва мо аз хабарҳое, ки аз ҳамкорони журналистамон дарёфт мекунем, хеле нигарон ҳастем. Онҳо хабар медиҳанд, ки фишор болои онҳо зиёд мешавад, намояндагони сохторҳои махсус зиёд наздашон меоянд, бо онҳо сӯҳбатҳо карда талош мекунанд сарашон фишор оваранд. Мо дидем, ки порсол оҷонсии “Ховар” аз мавқеи хос бархӯрдор шуд, барои журналистон қоидаҳои нави рафтор ҷорӣ шуд. Ин, бешубҳа, мавриди нигаронии ҷиддӣ аст. Ба ғайр аз баррасиҳои қарибулвуқӯъ дар Женева, бояд Вашингтон, Брюссел, дар Олмон – яъне дар ҳамаи кишварҳои ҳамкори Тоҷикистон бояд ин масъалаҳо на танҳо пушти дарҳои баста, балки ошкоро матраҳ шаванд. Онҳо бояд ҳамеша масъалаи риояи ҳуқуқи инсонро матраҳ кунанд ва дар бораи ин бӯҳрони баамаломада гап зананд. Он чи ки дар Тоҷикистон ҳоло мегузарад, воқеан ҳам як бӯҳрон аст. Шояд ҳам вазъ боз бадтар шавад. Вале як чизро гӯям, ки ин ба манфиати худи ҳукумати Тоҷикистон нест. Чунин иттилое дорем, ки вақте сайтҳои хабаррасон, вебсайтҳо ва расонаҳо баста мешаванд, ва ё вақте сайти шумо (Радиои Озодӣ) дар Тоҷикистон баста мешавад, ҳамон замон истифода аз сайтҳои ифротгароҳои марбут ба гурӯҳи “Давлати исломӣ” якбора афзоиш меёбад. Вақте ҷавонон мебинанд, ки онҳоро масдуд мекунанд, онҳо мехоҳанд иттилои дигар ба даст оваранд. Муҳим ин аст, ки на танҳо ба хотири риояи ҳуқуқи инсон, балки ба хотири сиёсат ва манфиатҳои худи давлат ва амнияту суботи он таъмини озодии баён аз тарафи ҳукумат хеле муҳим аст. Бидуни ин на демократия ва на суботи кишвар таъмин намешавад.

Радиои Озодӣ: Ба фикри шумо, то куҷо ҳоло фаъолият ва рафтори аъзои дигари ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон бояд дигар шавад?

Стив Свердлов: Бешубҳа, дили ман ба онҳо месӯзад, онҳо ҳамкори ман ҳастанд. Ҳамарӯза онҳо барои ҳуқуқи инсон мубориза мебаранд. Бо назардошти воқеиятҳои имрӯза, онҳо бояд дар кори худ хеле озода ва эҳтиёткор бошанд. Ман ба ҳамаи онҳо эҳтиром қоил ҳастам. Медонед, журналистон, фаъолони ҳуқуқи башар, созмонҳои башардӯстона – маҳз ба хотири заҳмати онҳо дар Тоҷикистон як ҷомеаи хеле қавии шаҳрвандӣ ташкил шуд. Тоҷикистон ҳамеша як давлати дигар буд, мисли Ӯзбакистон ё Туркманистон набуд. Маҳз ба хотири ҷомеаи пурқуввати шаҳрвандиаш дигар буд. Худо накарда аз ин дастовардҳо маҳрум шаванд. Потенсиали ин кишвар хеле бузург аст. Ҳукумат бояд, ки ин одамонро қадр, ҳимоя ва ба онҳо кӯмак кунад. Барои он ки соли оянда ҷомеаи шаҳрвандӣ пурқувват шавад, набояд ки инсонҳо пушти панҷара раванд ва додгоҳҳо дар шароити баста баргузор шаванд. Ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд ҳақи дохил шудан ба додгоҳҳо, имкони ошкоро гуфтани назари худ дар робита бо ҳодисаҳоро дошта бошад. Агар далели қотеъи гунаҳкории ҳуқуқшиносҳо ва ҳам аъзои мухолифин набошад, онҳо бояд озод шаванд ва ба ҷомеаи шаҳрвандӣ баргарданд. Дар ин сурат вазъ дар Тоҷикистон беҳтар мешавад.

Матни пурраи сӯҳбати Стив Свердлов бо забони русӣ (тарҷумаи тоҷикии ин сӯҳбат ба зудӣ нашр мешавад):