Танҳо як дурбини назорати ҳаракати нақлиёт дар кӯчаи Рӯдакӣ, ки барои санҷиш фаъол карда шудааст дар 8 соат наздик ба 6 ҳазор нақзи қоидаҳои ҳаракати роҳро сабт кардааст.
Як манбаи наздик ба иҷрои тарҳи "Шаҳри бехатар", ки нахост, номаш ифшо шавад, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дурбине, ки дар кӯчаи Рӯдакӣ дар наздикии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон насб шудааст, барои санҷиш дар тӯли 8 соат кор кард ва бино бар забтҳои он дар ин муддат беш аз 6000 бор қоидаҳои ҳаракати нақлиёт дар ин ҷода поймол шудаанд.
Ҳамаи ин ҳолатҳо дар системаи компютерӣ ба таври автоматӣ сабт шудаанд ва беинтизомии ронандагону пиёдагардонро дар як маҳдудаи хурд нишон медиҳанд. Ин қонуншиканиҳо аз убури роҳ дар зери чароғаки сурх гирифта то пешгузарии нодуруст ва суръати беш аз ҳадди мошинҳо, убури ҷода аз тарафи пиёдагардон дар маҳалҳои номатлуб, исти мошинҳо дар минтақаҳои манӯъ ва монанди ин иборатанд. Бо ишора ба шумораи бузурги қонуншиканиҳо ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, эҳтимоли иштибоҳ дар системаи компютерӣ низ вуҷуд дорад, аммо гумон намеравад, чунин хато калон бошад ва "зиёд будани нақзи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ҷойи баҳс надорад".
То дақиқтар шудани натиҷаи кори система хулоса ин метавонад буд, ки дар ҳоли ба кор сар кардани дурбинҳои дигар шумораи хилофкориҳо дар роҳҳо ба маротиб бештар хоҳад. Бояд гуфт, ҳоло дар шаҳри Душанбе дар чаҳорчӯби лоиҳаи «Шаҳри бехатар», ширкати чинии «Ҳуавей технолоҷӣ» 855 адад камера ё дурбинҳои назоратиро дар роҳҳои пойтахт насб мекунад.Ин тарҳ 22 миллион доллар харҷ дошта, аз ҳисоби қарзи давлатии Тоҷикистон аз Чин амалӣ мешавад. Ҳадафи аслии иҷрои ин лоиҳа, таъмини амнияти сокинон ва назорат бар риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ унвон шудааст.
ИН дар ҳолест, ки бино бар омори Раёсати бозрасии давлатии автомобили Вазорати корҳои дохилӣ танҳо дар давоми ҳафт моҳи соли ҷорӣ дар кишвар қариб 600 садамаи нақлиётӣ сабт шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 20 дарсад бештар аст. Ба гуфтаи ин раёсат дар натиҷаи ин садамаҳо 191 нафар ҳалок шудаааст, ки аз соли ҳаблӣ 17 нафар бештар будааст. Ғайр аз ин дар ин садамаҳо 655 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.
Шерафган Латифов, сухангӯи Раёсати бозрасии давлатии автомобилӣ мегӯяд, бино бар таҳлилҳо, дар аксари садамаҳое, ки бо талафоти ҷонӣ анҷом меёбанд, ронандаҳо гунаҳкор нестанд: «таҳлилҳои мо нишон медиҳад, ки дар 65-70 фисади ҳолатҳо аксарияти садамаҳо маҳз бо айби пиёдагардон сурат мегирад. Пиёдагардон одитарин қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намекунанд ва дар натиҷа боиси рух додани садмаҳои нақлиётӣ мегарданд».
Ҷаноби Латифов меафзояд, шумораи садамаҳое, ки бар асари мошинронӣ дар ҳолати мастӣ, пешгузарии хилофи қоида ва суръати аз меъёр баланд иттифоқ меафтанд, каманд. Аммо аксарияти ҳамсӯҳбатони мо дар ҷодаҳои Душанбе ба ин иддаои мақоми пулис мухолифанд. Яке аз онҳо, Рустам Рамазонӣ, ки аз гузаргоҳи пиёдагардон дар назди Донишгоҳи омӯзгорӣ убур мекард, мегӯяд, баръакс аз сӯи ронандагон қоидаҳои ҳаракат дар роҳ бештар вайрон мешавад: «ман ҳар рӯз аз ҳамин гузаргоҳ бо сабз шудани чароғаки раҳнамо мегузарам. Аммо бархе аз мошинҳои гаронқиммати хориҷӣ ба чароғак итоат накарда мегузаранд ва моро ҳатто дашном ҳам медиҳанд».
Рамазонӣ мегӯяд, чун нозирони БДА бар ивази пул ронандаҳоро ҳангоми вайрон кардани қоидаҳои роҳ раҳо мекунанд ронандаҳо низ қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намекунад. Вай изҳори умедворӣ кард, ки кори дурбинҳои назоратӣ ва муҳимтар аз ин вокуниши полис ба вайрон шудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо авзоъро тағйир хоҳад дод.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад