Аммо дертар ин роҳ баста шуд ва ҳоло ҳам баста аст. Хабарнигорони бахши қирғизии Радиои Озодӣ хостанд, ки вазъро фаҳманд, вале мақомот ба онҳо гуфтаанд, ки "компютерҳо кор намекунанд".
Дар Хадамоти марзбонии Қирғизистон дар бораи боз шудани роҳи Сух-Риштон ягон шарҳ надоданд. Аммо Ҷениш Раззоқов, муовини нахуствазири Қирғизистон, рӯзи 4-уми сентябр ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ хабар дод, ки роҳи Сух-Риштон, ки ҷазирақаламрави Сухро ба Узбекистон пайваст мекунад, боз нашудааст. Ба гуфтаи ӯ, барои боз шудани роҳ чанд масъала бояд ҳал шавад.
"Дар ин масъала ҳоло корҳо зиёданд. Нахуст бояд масъалаҳои марбут ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё бояд ҳал шавад. Дар доираи ин иттиҳод Қирғизистон дар робита ба қоидаҳои бехатарии бойторӣ ва фитосанитарӣ уҳдадориҳои худро дорад. То ин масъалаҳо ҳал нашавад, мо наметавонем роҳро боз кунем," -- гуфт Ҷениш Раззоқов.
Чанд сокини бумӣ низ тасдиқ карданд, ки гузаргоҳ ва роҳ чанд рӯз қабл кушода буд. Мадумар Ҷӯрабоев, сокини деҳаи Апкаи ноҳияи Бодканд, ба Радиои Озодӣ гуфт, нахуст роҳро барои убури сокинон боз карданд, вале баъдан пурра маҳкам шуд.
"Шунидам, ки роҳ аз ҳисоби гӯиё "аз кор мондани комютерҳо" дубора баста шудааст. Вале барои мо хубтар аст, ки агар роҳро боз кунанд. Чунки барои аз деҳаи Апка ба шаҳри Бодканд рафтан моро зарур аст, чанд қишлоқи дигарро гузарем, ки 50 километр мешавад. Аммо вақте агар роҳи мазкур кушода шавад вақти сафар ва масофа камтар мешавад," – нақл кард ӯ.
Видео аз маросими кушодани роҳи Сух-Риштон:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Сокинони маҳаллӣ дар бораи боз шудани роҳ назарҳои гуногун доранд. Баъзеи онҳо аз боз шудани роҳ хурсандӣ мекунанд, вале гуруҳи дигар гуфтанд, "беҳтар аст, роҳ ҳамчунон баста бошад".
Қирғизистон аз соли 2015 боз узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, як созмони зери назари Русия аст. Дар робита ба ин коршиносон мегӯянд, бар асоси талаботи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё вобаста ба сарҳадҳои берунӣ Қирғизистон наметавонад аз пеши худ марз бо Узбекистонро боз кунад.
Коршинос Ҳайит Айкинов ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, Қирғизистон ҳамчун узви созмони Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё бе розигии муттаҳидонаш дар ин созмон наметавонад сарҳадҳои берунии иттиҳодро кушояд. Вай афзуд, "вақте кор ба масъалаи сарҳад вобаста аст, Қирғизистон наметавонад мустақилона сарҳадро боз кунад ё бандад. Барои ин кор розигии ҳадди ақал ду узви дигари созмон зарур аст. Агар мо аз пеши худ марзро бо Узбекистон боз кунем, баъд кӣ кафолати бехатарии иқтисодиро ба мо медиҳад? Хадамоти марзбонӣ бе иҷозаи ҳукумат наметавонад сарҳадро боз кунад. Ва ҳукумат дар навбати худ чунин ҳақ надорад," -- гуфт таҳлилгар.
Ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон шомиланд.
Ҷазирақаламрави Сух ба Узбекистон тааллуқ дошта, дар ҳудуди Қирғизистон ҷойгир аст. Роҳи Сух-Риштон соли 2013 баъд аз муноқишаи марзӣ миёни Қирғизистону Узбекистон баста шуд. Муовини нахуствазири вақти Қирғизистон Токон Мамитов ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, на ҳукумати маҳаллӣ ва на Хадамоти марзбонӣ ҳақ надоранд, роҳи мазкурро барои равуо боз кунанд.
"Барои ин танҳо ризоияти волиҳои Фарғона ва Бодканд кофӣ нест. Дар ин маврид бояд дастур ё фармони ҳукумат бошад. Агар ҳукумат хабари кушода шудани роҳро рад мекунад, пас, мо бояд ба он бовар кунем", -- афзуд ӯ.
Узбекистону Қирғизистон моҳи сентябри соли 2017 гузаргоҳи "Достук"-ро дар ноҳияи Қара-Сууй барои равуои шаҳрвандон пурра боз карда буданд.