Пурсиш: 70 дар сади сокинони Суғд ба полис бовар доштаанд

70 дар сади сокинони вилояти Суғд гуфтаанд, ки “ба кормандони пулис эътимод доранд”.

Вале танҳо 49 дар сади онҳо кор ва фаъолияти кормандони пулисро дар ин самт “хуб” арзёбӣ кардаанд. Биноба натиҷаи назарпурсӣ, 10 дар сади пурсидашудагон кору фаъолияти кормандони пулис дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва бехатарии сокинонро “бад” номида, 41 дар сади дигар ба ин савол посух надодаанд.

Натиҷаҳои асосии пурсиш

Ин назарпурсиро созмони ҷамъиятии “Анти” (созмони рӯшанфикрони бахши илму фанновариҳо) дар шаҳри Хуҷанд дар ҳамдастӣ бо Шӯрои ҷамъиятии назди пулис ва мақомоти ин ниҳод тирамоҳи соли 2017 дар

Коршиносон мегӯянд, даст ба қонуншиканӣ, аз ҷумла ришваю фасод задани кормандони интизомӣ – афроде, ки бояд бехатариву озодиҳои шаҳрвандон ва тартиботи ҷамъиятиро таъмин кунанд, метавонад ба эътибори давлат латма занад.

байни 523 сокини 9 шаҳру ноҳияи Суғд доир кардаанд. Музаффар Бобоҷонов, раҳбари созмони ҷамъиятии “Волидайни сарбозон” дар ин назарсанҷӣ ба ҳайси раҳбари гурӯҳи ҷамъиятӣ ширкат кардааст. Ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 15 - уми январ гуфт, ки афроди аз 16 то 65 назар доданд ва беш аз ними онҳо занон мебошанд.

Ба қавли ӯ, эътимоди ҳудуди 70 дар сади пурсидашудагон ба мақомоти пулис бозгӯи беҳбудии кори ин ниҳоди ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳимояти зиндагии орому осоиштаи мардум аст:

“Ин аз посухҳои пурсидашудагон бармеояд. Масалан, суоли охир ин буд, ки “Дар 5 соли охир мизони ҷинояткориро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?” Танҳо 19 дар сад посух доданд, ки ҷияноткорӣ зиёд ва вазъ бадтар шудан дорад. Ҳамчунин, дар посух ба саволи “Дар 5 соли оянда мизони ҷинояткорӣ чӣ гуна хоҳад шуд?”, фақат ба назари 9 дар сади пурсидашудагон ҷингяткорӣ бештар хоҳад шуд. Яъне, бештари пурсидашудагон бар онанд, ки сатҳи ҷинояткорӣ рӯ ба камшавӣ дорад. Ҳамчунин, аксари кулли онҳо назар доданд, ки ба ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва таъмини зиндагии орому бехатари онҳо кормандони пулис вазифадоранд ва ба кормандони ин ниҳод итимонон доранд.”

Ӯ афзуд, натиҷаҳои назарсанҷӣ дар як ҳамоиш бо иштироки мақомоти пулис, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ, ҳуқуқшиносону вакилони дифоъ ва коршиносону таҳлилгарон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Заъфи эътимод ба полис

Пулис бузургтарин ниҳодест, ки барои ҳимояти ҳаёт ва саломатӣ, озодиҳои шаҳрвандон ва зиндагии бехатари шаҳвандон аз буҷаи давлатӣ маблағгузорӣ мешавад. Мардум дар сурати дучори мушкил шудан дар хона ё коргоҳу кӯчаву хиёбон аввал ба корманди пулис муроҷиат мекунанд ва барои ҳимояти худ тақрибан алтернативи дигар низ надоранд.

Дар ин ҳол коршиносон мегӯянд, бардошти мусбати ин пурсиш дар он аст, ки сокинон дар чашми ходими полис ҳомии амнияту оромии худро мебинад.

Вале ҳанӯз ҳам нисфи пурсидашудагон гуфтаанд, ба ин ки кормандони пулис вазифаҳои худро тибқи қонун ва беришват иҷро хоҳанд кард, бовар надоранд. Коршинос Неъматуллоҳи Мирсаид мегӯяд, дар ҳоли кунунӣ набуди ҳамкории зичи мардум бо кормандони пулисро баёнгари заъфи эътимоди бештари сокинон ба қонунӣ кор кардани кормандони пулис медонад.

Ӯ мегӯяд: “Барои сазовор шудан ба боварии мардум дар назди кормандони милиса имрӯз вазифаҳои хеле зиёд меистад. Пеш аз ҳама, ин баланд бардоштани сатҳи ихтисосӣ ва фарҳангии худ. Яъне, корманди милиса барои муносибат бо мардум бояд сатҳи баланди тахассусӣ ва фарҳангӣ дошта бошад.

Дуюм, ҷалб кардани сокинони бисёр ба ҳар парванда нодуруст аст. Яъне, корманди милиса ҳамон вақт касеро даъват ё дастгир кунад ва ё ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашад, ки дар даст далел дошта бошад. Дар мавридҳои дигар бояд худи милиса назди мардум равад ва байни мардум бошад, на ин ки мардумро ба утоқи кории худ даъват кунад”.

Мубориза бо ҷинояткорӣ ва эҳтиром ба ҳуқуқи башар

Ба гуфтаи мусоҳибам, солҳои охир мақомоти пулис дар ошкор кардани ҷиноятҳои барои бехатарии ҷомеа хатарнок, мисли қатлу куштори одамон муваффақ будааст. Вале ҳамзамон сокинон аз боздоштҳои сокинони бегуноҳ ва рафтори ғайриқонунии мақомоти пулис алайҳи онҳо, бахусус дар амри муқобала бо тундгароии динӣ эътимоди мардум ба ин ниҳодро ба андозаи қобили таваҷҷуҳ костааст. Масъалаи поймол шудани ҳуқуқи инсон ба ҳангоми боздошту бозпурсиҳо ҳам яке дигар аз масоили мавриди нигаронӣ мебошад.

Дар иртибот ба мавзуъ Музаффар Бобоҷонов, яке аз муаллифони назарпурсӣ мегӯяд, боло бурдани дараҷаи тахассусии кормандони пулис ва аз байн бурдани муомилаи дағал бо мардум аз тавсияҳои асосии сокинони дар назарпурсӣ иштирокдошта ба мақомоти пулис аст.

Ӯ афзуд, натиҷаҳои назарсанҷӣ дар як ҳамоиш бо иштироки мақомоти пулис, намояндагони ҷомеаи шаҳвандӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ, ҳуқуқшиносону вакилони дифоъ ва коршиносону таҳлилгарон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ва ҷиҳати беҳбуди кору фаъолияти пулис тавсияву пешниҳодҳо ироа кардаанд.

Полис ва фасод

Пурсиши назари сокинони Тоҷикистон дар бораи кори кормандони ҳифзи қонун дар Тоҷикистон, аз ҷумла назари мардум ба масоили мисли фасод дар солҳои гузашта ҳам анҷом шудааст. Яке аз мавзӯъҳои доғи марбут ба кори полис, аз назари дастандаркорони соҳа, даст ба фасоду ришва задани онҳо аст.

Соли 2016 Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, он замон таҳти раҳбарии Рустами Эмомалӣ, писари калонии президент, барои аввалин бор як пурсиши сартосариро баргузор кард, ки дар он 88 ҳазор сокини кишвар аз вуҷуди фасод дар сохторҳои давлатӣ, аз ҷумла дар миёни ходимони ҳифзи ҳуқуқ интиқод карданд.

Дар он пурсиш, ки аз 15 савол иборат буд, сокинон аз мизони баланди фасоду ришвахорӣ хабар доданд. Аз ҷумла, аз ҳар 10 нафар 4 нафар гуфтаанд, сатҳи фасодкорӣ дар ниҳодҳои давлатӣ баланд аст.

Аз ҷумла, ба ақидаи нисфи пурсидашудаҳо, мизони фасоду ришвахорӣ бештар дар ниҳодҳои додситонӣ, гумрук, андоз, пулис, Бозрасии давлатии автомобилӣ ва мақомоти додгоҳӣ мушоҳида мешавад. Яъне, сохторҳои масъули мубориза бо фасод худашон ба фасод олуда будаанд, гуфтанд мақомоти оҷонсии зиддифасод.

Натиҷаҳои ин гузориш ва нигаронӣ аз он ки назари мардуми зиёд дар Тоҷикистон ба кормандони ҳифзи қонун ва идораҳои давлатӣ аз назари олудагии мақомоти ин ниҳодҳо ба фасоду ришвахорӣ манфӣ мебошад, баъдан дар назди президент ҳам гузориш дода шуд.

Адами шаффофият дар баррасии парвандаи кормандони Оҷонсӣ

Соле баъд аз он бо гумони даст доштан дар фасод ҳадди аққал 10 корманди оҷонсии зидди фасод ба ҷавобгарӣ кашида шуданд ва дар миёни онҳо баландтарин мақом – собиқ муовини раиси ин оҷонсӣ буд. Парвандае, ки наздики ним сол ва пушти дарҳои баста баррасӣ ва муҳокима шуд, бо маҳкумияти мақомҳои собиқ ба зиндон анҷом ёфт. Аксари журналистони мустақил аз он интиқод карданд, ки мақомоти тафтишотӣ ҷараёни мурофиаро аз матбуот ва ҷомеа пинҳон доштанд.

Фирӯз Холмуродзода яке аз маҳкумшудаҳо парвандаи кормандони собиқи оҷонсӣ

Мунаққидон мегӯянд, як гарави муваффақияти муборизаи воқеӣ бо фасод ва мақомдорону полиси фасодкор шаффият ва самимият бо ҷомеа аст. Дар сурати пурра огоҳ шудани мардум аз ҷузъиёти ҷиноят ва тафсилоти муҷозот, шонси ҷилавгирӣ аз фасод дар оянда бештар шуда, фасодкорони дигар барои худ хулосаҳои зарурӣ мегиранд. Коршиносон мегӯянд, пушти дарҳои баста мондани ҷузъиёти чунин ҷиноёт, ҳадсу гумонҳо дар заминаи асли қазия ва тарзи баррасӣ шудани ин парвандаҳо бештар мешавад.

Коршиносон мегӯянд, даст ба қонуншиканӣ, аз ҷумла ришваю фасод задани кормандони интизомӣ – афроде, ки бояд бехатариву озодиҳои шаҳрвандон ва тартиботи ҷамъиятиро таъмин кунанд, метавонад ба эътибори давлат латма занад.

Ва ин дар ҳолест, ки дар кишвар чандин сол боз ҷараёни таҷдиди сохтории пулис ҷараён дорад. Мақомот ҳамроҳи фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ барои шаффоф ва беҳтар кардани фаъолияти кормандони пулис ба қавле, зинда кардани мақоли “Милитсияи ман – ҳимоятгари ман” ва ба даст овардани эътимоди мардум талош доранд.