Вақте фоҳиша эътимод надорад... "Таксиронҳо даллагӣ мекунанд" САДО

Дар як амалиёти ходимони ҳифзи ҳуқуқ дар вилояти Суғд 35 зане боздошт шуд, ки ба қавли полис, аз роҳи танфурӯшӣ даромад ба даст меоварданд.

Полис ин амалиётро “профилактикӣ” номида мегӯяд, ки занҳои сабукпои аз 18 то 40-сола боздошт ва алайҳашон парвандаҳои маъмурӣ боз шудааст. Рейди мақомот нишон додааст, ки “марказҳои дилхушӣ ва дискоклубҳо ба макони аслии паҳн кардани ин зуҳуроти номатлуб табдил шуда ронандаҳои кирокаш ба ҳайси мусоидаткунанда шинохта шудаанд”.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

"Баъд аз ҳамхобагӣ бо ду мард... фоҳиша шудам"

Ин гурӯҳи ронандаҳо ҳатто бо масъулони рейдҳо ҳам ошно ҳастанд ва ҳангоми ба даст афтодан, бо додани маблағи муайян, кори худро идома медиҳанд

Ин амалиёт шаби 30 декабр дар марказҳои дилхушии вилояти Суғд баргузор шудааст. Як манбаъ аз шӯъбаи кофтукоби ҷиноятии раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд рӯзи 10 январ ба Радиои Озодӣ гуфт, аз миёни онҳо 7 нафар ҳамчун “фоҳишазан” дар қайди марказонидашудаи шуъбачаи ахлоқии раёсати ВКД сабт шудаанд. Ин ҳамсӯҳбати мо гуфт, амалиёти профилактикии ахлоқ ҳафтаи гузашта алайҳи танфурӯшону даллаҳо ва ба хотири ҷилавгирӣ аз паҳншавии касалиҳои сироятии ҷинсӣ роҳандозӣ шуд.

"Баъди ҳамхобагӣ бо ду мард... фоҳиша шудам"

Нигаронии мақомот аз мусоидати ронандаҳои кирокаш ба танфурӯшии занон дар ҳолест, ки бархе занони танфурӯш мегӯянд, воқеан ҳам барои ҳимоя аз озору азият аз ронандаҳои таксӣ истифода мекунанд.

Сабоҳат исми мустаори занест, ки аз роҳи танфурӯшӣ даромад мебинад. Ӯ 32 сол дошта сокини Душанбе аст. Мегӯяд, баъди издивоҷи номуваффақ ва нодорӣ шаш соли пеш ба кӯчаи танфурушӣ ворид шуд. Марде ба ӯ пешниҳоди издивоҷи дубораро кард ва баъди як моҳи зиндагӣ ӯро ҳамчун зани сабукпо барои ҳамхобагӣ ба рафиқаш пешниҳод кард.

Вақте гуфт, ки “ту бо ман якҷо бош, ман тамоми зиндагии туро таъмин мекунам”, фикр кардаму нисбат ба ин ки ҳар куҷо раваму кор кунам, ба ин пешниҳод розӣ шудам. Баъди чанд вақт гуфт, ки “мушкилии ман бисёр шуд, ман туро нигоҳ карда наметавонам. Хоҳӣ, як шиносам ҳаст, бо вай зиндагӣ кун”. Вақте зан бо чанд мард зиндагӣ мекунад, дар ин ҳол албатта фоҳиша мешавад”, - гуфт ӯ.

Ҳамин тавр, ба гуфтаи худи Сабоҳат ӯ ба кӯчаи танфурушӣ рафт ва ҳоло ҳеҷ кореро қабул надорад ва мегӯяд, аз ҳисоби танфурӯшӣ зиндагии худу ду фарзандаш хуб пеш меравад. Сабоҳат мегӯяд даромадаш аз танфурушӣ вобаста ба мизоҷаш аст. Ҳоло танфурӯшӣ барояш айб нест. Тавре худаш мегӯяд, маҳз аз ҳамин роҳ зиндагии кӯдаконашро таъмин карда онҳоро бузург кардааст. Аммо ба нақли Сабоҳат, ҳанӯз ҳам мардоне ҳастанд, ки аз хизмати занони танфурӯш истифода, ба бар ивазаш онҳоро озору азият мекунанд. Вай мегуяд: “Ҳастанд нафароне, ки пулатро намедиҳанд. Соатҳо дарро ба рӯят маҳкам мекунанд ё барои нӯшидани машруботи спиртӣ маҷбур мекунанд”.

Дӯсти боваринок - миёнарави байни ӯву муштарӣ

Бадрафтории бархе муштариҳо боис шудааст, ки ҳоло аксари занон сабукпо ба мисли Сабоҳат афроди бовариноки худро доранд ва дар чунин ҳолатҳо аз ҳуқуқашон ҳимоя мекунанд ё барои раҳоӣ аз дасти чунин мардон ба онҳо кумак мерасонанд. Сабоҳат мегӯяд, як соли ахир аст, ки танҳо бо машварати яке аз дӯстони боваринокаш мардонро қабул мекунад. Дӯсти деринааш, ки ронандаи таксӣ аст, барои ӯ муштарӣ меорад ё ӯро ба назди муштарӣ мебарад.

Илова ба ин, як бахши даромади вай, ки вобаста ба мизоҷ дар як ҳафта аз 300 то 1500 сомонӣ аст, барои додани ҳаққи заҳмати пуштибононаш сарф мешавад. Ӯ ҳудудан 500 сомониро моҳона ба далла ё миёнраваш медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, Абубакр як ронандаи таксӣ, ки ин масъаларо аз наздик медонад, дар суҳбати бидуни микрофон гуфт, ин гурӯҳи ронандаҳо аксаран бо занони танфурӯш доим дар тамосанд ва дар фурсати зарурӣ ба онҳо кӯмак мекунанд. Ин ҳамсуҳбати мо гуфт, чунин ронандаҳо махсус барои хизматрасонии занони сабукпо кор мекунанд ва корашон ҳам шабона сурат мегирад. Вай гуфт: “Ин гурӯҳи ронандаҳо ҳатто бо масъулони рейдҳо ҳам ошно ҳастанд ва ҳангоми ба даст афтодан, бо додани маблағи муайян, кори худро идома медиҳанд”.

Пешниҳоди "шаби хуш" аз ҷониби ронандаи таксӣ

Бархе аз нафароне ҳам, ки аз хизмати таксиҳо истифода мебаранд, миёнравӣ ё даллагии бархе таксиронҳоро бо танфурӯшу муштарии онҳо тасдиқ мекунанд. Фирӯз Баротов, журналист ва як фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳам чанде пеш дар саҳфаи худ дар Фейсбук аз он нигаронӣ карда буд, ки як ронандаи таксӣ ӯро меҳмони хориҷӣ фикр карда, ошкоро хизмати танфуруши тоҷикро пешниҳод кардааст.

Мақомоти Тоҷикистон дар солҳои охир аз афзоиши танфурӯшӣ дар кишвар бонги изтироб мезананд. Дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтанд, ки соли гузашта наздик ба ду ҳазор занро ҳамчун “занҳои бадахлоқ” сабт кардаанд.

Ахиран Додситонии кулли Тоҷикистон пешниҳод кард, барои мардоне, ки аз хидмати танфурӯшон истифода мекунанд, ҷазо таъин шавад. Ин пешниҳод дар шакли тарҳи тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон навишта шуда, дар аввали соли 2018 ба порлумон ирсол мегардад.

Ҳамин тавр, мардони "сабукпо" истилоҳи наве хоҳад буд, ки эҳтимол пас аз қабули тағйири нав дар қонунгузории Тоҷикистон мавриди истифода қарор бигирад. Ҳоло дар қонунгузории Тоҷикистон фақат занон барои фоҳишагӣ ё танфурӯшӣ ҷазо мегиранд, аммо мардоне, ки аз хидмати онҳо истифода менамоянд, ба ҷавобгарӣ кашида намешаванд.

Зери «заррабини» ҳавасҳо

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Зери «заррабини» ҳавасҳо