Додгоҳе дар вилояти Челябинск як марди тоҷикро барои “кӯшиши тақаллубкорӣ” айбдор донист.
Додситони ноҳияи Курчатови вилояти Челябински Русия хабар дод, ки марди тоҷике бо номи Сайфулло ахиран барои фурӯши шакар зери ниқоби ҳероин боздошт шуд. Сайти интернетии http://www.1obl.ru хабар медиҳад, ки дар як ҳодисаи рӯзи 4 ноябри соли 2011 як тоҷири шакар дар бозори Каширскии ноҳияи Курчатов ба марди масте пешниҳод мекунад, ки аз ӯ ҳероин харидорӣ кунад.
Қимати 100 грамм шакао дар халтачаи селлофаниро ӯ 30 ҳазор рубл қимат мемонад. Вале азбаски харидор он лаҳза ин пулро бо худ дар ихтиёр надоштааст, қарор мекунанд, ки фардо, 5 ноябр дар назди “Қасри лижасаворӣ” мулоқот карда ҳероинро ба ӯ бидиҳад.
Рӯзи баъдаш зери ниқоби ҳероин марди тоҷик 100 грамм шакарро бо қимати 30 ҳазор рубл ба даст овард. Вале базудӣ шакарфурӯш дастгир шуд. Боздошти ин мард дар чаҳорчӯби барномаи санҷишии полис қарор гирифтааст.
Татяна Созикина, ёвари додситони ноҳияи Курчатови Челябинск мегӯяд, ки Сайфулло пурра дар гуноҳи худ иқрор шуда, додгоҳ ӯро барои “кӯшиши тақаллуб” айбдор донист. Бо қарори суд, вай ба пардохти 10 ҳазор рубл ҷарима маҳкум шудааст.
Радиои Озодӣ