Латукӯбгарони Акмал танҳо бо ҷарима халос хӯрдаанд

Акмал Замонов дар бистари бемористон

Падари донишҷӯи аз сӯи ҳамсабақонаш латукӯбшудаи Донишгоҳи славянӣ мегӯяд, аз ҳукми, ба гуфтаи ӯ, хеле сабуки додгоҳ розӣ нест.

Алиҷон Замонов, падари Акмал - донишҷӯи донишгоҳи Славянии Душанбе, ки чанд моҳи қабл аз сӯи ҳамдарсонаш барои “саволу ҷавоби бисёр дар дарс”латту кӯб шуда буд,тасмим дорад, аз ҳукми, ба гуфтаи ӯ, хеле сабуки гунаҳкорони он латтукӯб ба додситонии кулл ва Додгоҳи олӣ шикоят барад.

Ин мард мегӯяд, мурофиаи додгоҳии нафароне, ки писари ӯро бераҳмона зери мушту лагад гирифта буданд, бидуни огоҳӣ ва ширкати онҳо баргузор шуда, гунаҳкорон танҳо бо супоридани ҷарима халос шудаанд. Ба гуфтаи Алиҷон Замонов, мурофиаи додгоҳӣ ҳанӯз 17 декабри соли гузашта дар додгоҳи Исмоили Сомонӣ сурат гирифтааст, аммо онҳо дар ин бора чанд вақти пештар тасодуфан хабар ёфтаанд.

Ин мусоҳиби мо мегӯяд, “тибқи қарори додгоҳ танҳо ду нафар аз ҳамлагарон Сорбон Хонбоев ва Хуршед Мирзоев барои авбошӣ ва расонидани зарари миёна ” ба маблағи 6 ҳазор сомонӣ ба фоидаи давлат ҷарима шудаанд. Дар ҳоле ки писари ман 4 моҳ ба ин сӯ дар беморхона бистарист ва даҳонашро кушода наметавонад ва тариқи найча хӯрок мехӯрад.”

Ба қавли Алиҷон Замонов, писари ӯ, ки 5 қисми ҷоғ ва 12 дандонаш шикаста, пардаи гӯшаш кафидааст, то имрӯз алакай 3 маротиба ҷарроҳӣ шуд. Ҷарроҳии чоруми Акмал бояд дар Маскав анҷом шавад. Ин мусоҳиби мо афзуд, “тӯли ин муддат хонаводаҳои гунаҳкорон ҳатто бахшиш напурсиданд ва кӯмаке ҳам нарасонданд. Гузашта аз ин бо вуҷуди он, ки чандин нафар дар латту кӯби писарам даст даст доштанд, танҳо ду нафар ҷарима шудаанд.”

Дар ҳамин ҳол муфаттиши ин парванда рӯзи 19-уми феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бинобар собит нашудани итиҳомот алайҳи Умед Назриев ва Саидакмалхон Имомов дар латтукӯби Акмал Замонов, онҳо дар ин парванда на ҳамчун гунаҳкор, балки ҳамчун шоҳид пурсида шуданд. Аммо ба гуфтаи ин манбаъ, яке аз гунаҳкорони асосии ин қазия Акмал Турапов дар пайгарди байналмилалӣ қарор дорад: “Дар сурати боздошт шудани ӯ, гунаҳкорони дигар низ мушаххас мешаванд ва ҳатман ба ҷавобгарӣ кашида хоҳад шуд.”

Аммо ин ҳамсӯҳбати мо даъват шудан ва ё нашудани ҷониби ҷабрдидаро барои ширкат дар мурофиа ба салоҳияти додгоҳ рабт дод. Зимнан, ҳуқуқшиносони тоҷик мегӯянд, ҳоло ҳам имкони бозбинии ҳукми додгоҳ дар нисбати гунаҳкорони латтукӯби Акмал Замонов вуҷуд дорад. Бояд вакили мудофеи ин хонавода баъд аз ошноӣ бо парванда, бо шикояти назорати ба Додгоҳи шаҳри Душанбе муроҷиат кунанд.

Ҳодисаи латту кӯби Акмал Замонов, донишҷӯи соли аввали Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия, 28-октябри соли гузашта дар маркази шаҳри Душанбе сурат гирифта буд.

Дар пайи ин қазия Донишгоҳи славянӣ (РТСУ) панҷ донишомӯзи ин муассисаи таълимии олиро барои латту кӯби Акмал хориҷ намуд. Ин донишҷӯён - Сорбон Хонбоев, Хуршед Мирзоев, Умед Назриев, Саидакмалхон Имомов ва Акмал Турапов - буда, чор нафари аввал дар соли якуми факултаи иқтисодӣ ва охирӣ дар соли севум таҳсил доштаанд.

Ба гуфтаи шоҳидон, ин ҷавонон Акмал Замоновро "ба далели саволу ҷавоби зиёд" ё "ақлакӣ"-аш дар дарси риёзиёт ё математика зери мушту лагад гирифтаанд. Раёсати Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия барои табобати ӯ то кунун 15 ҳазор сомонӣ кӯмак расондааст.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ихроҷи 5 донишҷӯи РТСУ барои латту кӯби ҳамдарсашон