Донишҷӯдухтарон аз озори ҷинсӣ шикоят мекунанд

Акси садои мақомоти Тоҷикистон дар се моҳи охир ба чанд шикояти бонувон аз бадрафтории мардҳо, занону духтарони пойтахтро боҷуръат кардааст. Онҳо ҳодисаҳоеро ба мисли гаппартоӣ, озори лафзӣ ё бадарфторӣ дар кӯчаҳо, ки шояд як сол пеш нодида мегирифтанд ва ё бо азобе фурӯ мебурданд, акнун таҳаммул намекунанд.

Дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтанд, ки тайи се моҳ охир ҳадди ақал чаҳор мард барои бадрафторӣ бо занон боздошту муҷозот шудааст. Ҳамаи шикоятҳо аз тарафи бонувони пойтахт будааст. Дар ду ҳафтаи охир ҳадди аққал ду духтари дигари тоҷик тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ аз вуҷуд озори лафзии ҷинсӣ дар донишгоҳҳо шикоят карданд.

Фотима: "Мегуфт, лабҳои зебо дорӣ...ва дигару дигар"

Фотима, донишҷӯи намояндагии Донишгоҳи давлатии Маскав дар шаҳри Душанбе иддао дорад, ки як омӯзгори Донишгоҳи cлавянии Тоҷикистону Русия ба ӯ "гап партофтааст" ва бояд барои чунин рафтор аз кор хориҷ карда шавад. Ӯ рӯзи дувуми ноябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, нусхаи шикояташ ба масъулони донишгоҳ ва, ҳамин тавр, мақомот омода аст ва дар зудтарин фурсат супурда хоҳад шуд.

Бархе аз мардон мегӯянд, ҳамагуна шикоят бояд ҷиддиву мунсифона таҳқиқ ва ба он расидагӣ шавад, вагарна баъзе занон метавонанд аз ин тариқ аз мардҳои номақбулашон интиқом бигиранд.

Ин духтари донишҷӯ мегӯяд, омӯзгор ҳангоми дарси варзиш дар майдони "Спартак" ба ӯ наздик шуд ва ҳарфҳое гуфт, ки ҳазмаш саҳл нест. "Ман бо муаллими худамон сӯҳбат доштам, ки ин омӯзгор ба наздам омад ва дастамро гирифт. Мепурсид, ки чандсолаӣ? Мегуфт, ки лабҳои зебо дорӣ... ва дигару дигар. Вақте ӯ боз ҳам наздиктар шудан хост, аз наздаш дур рафтам",-нақл кард ӯ.

Фотима мегӯяд, муаллим аз Донишгоҳи славянӣ ва ӯ аз намояндагии Донишгоҳи Маскав аст. Аммо ҳангоми дарси варзиш дар майдон бо ҳам рӯ ба рӯ меоянд. Ӯ гуфт, ҳадафаш обрӯрезии омӯзгор нест, фақат мехоҳад раҳбарияти донишгоҳ ҷилави чунин мардонро бикашад.

Донишгоҳ: "Ин омӯзгор шахси бообрӯ аст"

Аммо масъулини Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия даъвоҳо атрофи бадрафтории омӯзгорро рад мекунанд. Як масъули ин донишгоҳ бо шарти фош нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, "омӯзгоре, ки ба гаппартоӣ муттаҳам мешавад, шахси бообрӯ аст ва таҷрибаи зиёди корӣ дорад. То ин вақт нисбат ба ӯ касе чунин иттиҳом эълон накарда буд. Омӯзгор дар навбати худ метавонад барои шарҳи обрӯрезандаи донишҷӯ ба мақомоти интизомӣ шикоят барад."

Нахустин дархости расмӣ барои муҷозоти мардоне, ки занонро озори лафзӣ медиҳанд ва ё нисбат ба онҳо бадрафторӣ мекунанд, моҳи июли имсол ба шаҳрдории Душанбе ирсол шуд. Ба дунбол, шаҳрдорӣ гурӯҳи корӣ таъсис дод ва гуфт, ки рафтори мардонро дар кӯчаҳо 2700 дастгоҳи сабт назорат хоҳад кард.

Илова ба ин, дар назди пулиси пойтахт назорати вижа аз шикояти бонувон дар ин замина роҳандозӣ шуд. То кунун милисаи Душанбе аз муҷозоти чаҳор нафар барои озори лафзии занон хабар дод ва аксу наворҳоро аз ҷараёни иҷрои корҳои ислоҳии онҳо расонаӣ кард.

Бадрафтории омӯзгорон ба духтарони донишҷӯ

Ба гуфтаи афроди огоҳ, бадрафтории баъзе омӯзгорон ба духтари донишҷӯ падидаи нав нест. Онҳо мегӯянд, аз қабл мавридҳое буд, ки омӯзгорон бо истифода аз мавқеъ ба духтарон пешниҳодҳои маҳрамона мекарданд. Мақомоти Вазорати маориф ва донишгоҳҳои кишвар мегӯянд, ки дар ин бора то ба ҳол ягон шикояти расмӣ нагирифтаанд.

Худи духтарон мегӯянд, ба хотири вобаста будани сарнавишти чандсолаи таҳсилашон ба донишгоҳу омӯзгор ва ҳам аз тарси волидону бадномшавӣ ҳамеша дар баробари чунин ҳодисаҳо хомӯш мемонданд ё фақат бо дарди дил кардан ба ҳамсабақони наздики худ, иктифо меварзиданд.

Яке аз хиёбонҳои Душанбе. Акс аз бойгонӣ.

Сурайё соли 2013 донишгоҳро хатм кард. Ӯ ҳоло аз он пушаймон аст, ки замони донишҷӯӣ аз бадахлоқии як омӯзгор, ки ду соли охири таҳсил ӯро озор медод, ба масъулини донишгоҳ шикоят набурд. Сурайё мегӯяд, дар соли чаҳоруми таҳсил як омӯзгори донишгоҳ ҳамеша бо ҳарф ё амалҳои ноҷо ӯро нороҳат мекард.

"Масалан вақте аз наздам мегузашт, ҳатман танашро ба бадани ман мерасонд. Ӯ аз ман хеле бузург буд, ҳамсоли падарам. Вале як рӯз вақте дар як нишаст иштирокдоронро номнавис мекардам, ӯ ба ман наздик шудаву як гапи қабеҳ гуфт. Гуфтам, беҳтар аст, ин гапро ба ягон ҳамсоли худатон гӯед. Баъдтар вақте имтиҳон месупурдам, махсус маро суолборон кардаву посухамро гӯш намекард. Вақте даъво кардам, аз синфхона берун кард ва ду монд. Ба ман гуфт, ба утоқи кориаш равам."

Сурайё мегӯяд, он замон ба ӯ гуфтаанд, ки омӯзгор пуштибони қавӣ дорад ва ҳамагуна шикоят бар зарари худаш анҷом меёбад.

Устодон духтаронро "чап" мегиранд

Духтароне, ки мисли Сурайё ба бадрафтории баъзе омӯзгорон рӯ ба рӯ шудаанд, мегӯянд, маъмулан онҳо ҳангоми имтиҳон таваҷҷӯҳи худро ба духтарони мавриди назарашон нишон медиҳанд ва бо истифода аз мавқеи худ дар рӯзҳои "вазнин" пешниҳодҳои мухталифу маҳрамона мекунанд.

Дар сурати посухи рад гирифтан, ба гуфтаи духтарон, бархе аз ин омӯзгорон, ба онҳо дар дарёфти баҳо ва идомаи таҳсил мушкил эҷод мекунанд. Таҳмина, фориғуттаҳсили яке аз донишгоҳҳои кишвар мегӯяд, духтароне ҳам буданд, ки дониши хуб надоштанд ва аз тарси хориҷ шудан ба пешниҳод розӣ мешуданд.

Ба гуфтаи мусоҳибони мо, бояд мақомоти донишгоҳ телефонҳои махсуси боварӣ дошта бошанд, то духтарон аз мушкили худ бо омӯзгорон хабар диҳанд.

"Дастарозии омӯзгор ба донишҷӯ ҷиноят аст"

Наврӯз Одинаев, раиси ширкати ҳуқуқии "Ҳимоя", мегӯяд, дастдарозии омӯзгор ба донишҷӯ бо таҳдидҳои мухталиф ин сӯиистифода аз мансаб аст ва ҷиноят дониста мешавад.

Наврӯз Одинаев.

​"Дар ҳолате, ки аз вазифаи худ сӯиистифода намуда, донишҷӯро ба иртиботи ҷинсӣ ё дигар ҳаракатҳои шаҳвонӣ маҷбур намояд, он гоҳ ӯро метавон бо моддаи 140-и Кодекси ҷиноӣ ба ҷавобгарӣ кашид. Аввал онки омӯзгорон мувофиқи моддаи 51-и қонун дар бораи маориф инчунин ӯҳдадор ҳастанд, қадру эътибори онҳоро паст назананд. Одобу ахлоқи омӯзгориро риоя намоянд",-афзуд ҳуқуқдон.

Ба гуфтаи Наврӯз Одинаев, дар чунин ҳолатҳо, духтарон метавонанд ба раҳбарияти Донишгоҳ ё пулис шикоят баранд. Фотима, донишҷудухтаре ҳам, ки иддао дорад, омӯзгори донишгоҳ нисбат ба ӯ бадахлоқӣ кард, мегӯяд, духтарон набояд битарсанд ва хомӯширо интихоб кунанд. Ба гуфтаи ӯ, агар онҳо далел ва ба худ бовар доранд, бояд талош кунанд, то нисбат ба чунин мардон чораандешӣ шавад ва боиси озори як духтари дигар нагардад.

Вазорат мегӯяд, ки духтарон боҷуръаттар шудаанд

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ахиран дар нишасте бахшида ба ҷилавгирӣ аз "ҳарассмент" аз афзоиши муроҷиати занону духтарон дар мавриди бадахлоқӣ ва ҳамлаҳои лафзии мардон дар кӯча хабар дод. Ин ҳам ба гуфтаи масъулини вазорат баёнгари боҷуръаттар шудани духтарон аст.

Бонувоне, ки шикоят кардаанд, дар аксар ҳолат сабти аъмоли ношоистаи ҷавононро тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва ё телефонҳои мобилии худ дар ихтиёри пулис гузоштаанд.

Аммо баъзе аз мардҳо мегӯянд, ҳамагуна шикоят бояд ҷиддӣ ва мунсифона таҳқиқу баррасӣ ва ба он расидагӣ шавад, вагарна баъзе занон метавонанд аз ин тариқ аз мардҳои номақбулашон интиқом бигиранд ё ҷазо диҳанд.