"Мурдахӯр" ба Тоҷикистон баргашт, бо нияти хайр. АКС

Сабти шабонаи кафтор дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ

Баъди се соли ҷустуҷӯ дар кӯҳу пуштаҳои Тоҷикистон ба табиатшиносон муяссар шуд, ҷонвари нодиреро пайдо кунанд, ки бовар мерафт, даҳсолаҳо пеш аз байн рафтааст.

Кафтори рах-рах, ки то соли 1970 дар Тоҷикистон фақат 20 адад монда буд ва дигар аз назарҳо нопадид шуд, ҳанӯз ҳам зинда будааст. Бо вуҷуди пинҳон аз чашми инсонҳо зиндагӣ карданаш, чанде аз онҳоро дар вилояти Хатлон ва дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ мушоҳида ва сабт кардаанд. Чанд кафтори рах-рахро, ки қиёфаи монанд ба “шайтон” дорад, моҳи ноябр камераҳои гузоштаи табиатшиносони тоҷик сабт кардаанд.

Халил Каримов

Халил Каримов, табиатшинос ва корманди Пажӯҳишгоҳи зоология ва паразитологияи Фарҳангистони улуми Тоҷикистон, ки дар ҷустӯҷу ва пайдо кардани кафторҳои рах-рах саҳм гузоштааст, рӯзи 13-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, “Беҳтарин пайҷӯ ва донишмандон моҳҳо дар кӯҳҳо барои пайдо кардани нишоне аз кафторҳои рах-рах кор карданд. Мо изи пойи ҷонварҳои гуногунро пайдо кардем, вале натавонистем, онро ёбем. Дар ниҳоят моҳи ноябри имсол, заҳмати мо самар дод ва мо аввалин аксҳои ин ҷонвари нодирро пайдо кардем”.

Кафтори рах-рах, ки як навъе аз кафторҳои африқоӣ аст, қиёфаи тарсноке дорад ва аз ин рӯ инсонҳо онро чандон дӯст намедоранд ва аз диданаш метарсанд. Аммо ба гуфтаи Халил Каримов, дар паси ин зоҳири зишт, дар воқеъ як ҷонвари накӯкору муфид пинҳон аст.

"Кафторҳо ба инсон ҳамла намекунанд ва асосан лоша ва ҷонварони мурдаро мехӯранд ва табиатро аз ҳаргуна манобеи бемориҳои сироятӣ пок мекунанд” - гуфт, Халил Каримов.

Ӯ афзуд, ба шарофати кафторҳои рах-рах, гову гӯсфандони мардуми маҳалли сукунати кафтор аз бемориҳои хатарноки сироятӣ эмин мемонанд.

Донишмандони тоҷик соли 2014 ва баъд аз он ба ҷустӯҷуи кафтори рах-рах шурӯъ карданд, ки корбарон дар Интернет видеои мурдаи ду кафторро дар Ютюб гузоштанд ва таваҷҷӯҳи табиатшиносону олимонро дигарбора ба сарнавишти ин ҷонвар ҷалб кард.

Пажӯҳишгоҳи зоология ва паразитология, Иттифоқи ҳифзи табиати Тоҷикистон ва ҳамкорони хориҷиашон баъди шурӯи таҳқиқ дар соли 2015 маълум кардаанд, ки мавзеъи сабти он доманакӯҳҳои Оқтоу аст.

Табиатан кафторҳои рах-рах дар туғайзорҳо зиндагӣ мекарданд, вале баъди танг шудани макони сукунаташон ба дараҳо кӯч бастанд. Кафторҳо умдатан дар баландиҳои 300 то 1200 метр зиндагӣ мекунанд.

Кафторҳо умдатан шабона шикор мекунанд.

Дар Тоҷикистон дар манотиқи ҷанубуғарбӣ ва шимоли кишвар ҷойи сукунат доштаанд. Дар Китоби сурхи Тоҷикистон омадааст, ки теъдоди ин ҷонварон дар солҳои 70-ум тақрибан 20 адад будааст.

Ҳоло табиатшиносони тоҷик талош доранд, ки бо кӯмаки мардум шароит фароҳам биёранд, то саршумори кафторҳои рах-рах, ки маълум нест, чӣ қадарашон зинда мондааст, бештар шавад ва Тоҷикистон тавонад, як ҷонвари нодири дигареро аз вартаи нобудӣ наҷот бидиҳад.

Халил Каримов мегӯяд, дар 50 соли гузашта дар Тоҷикистон ҳайвоноти зебое ба мисли паланги тӯронӣ аз байн рафтаанд. Ҷайрон ва ҷонварони дигаре дар вартаи нобудӣ қарор доранд. “Барои наҷоти ин ҷонварон сармояи зиёде лозим аст, ки пайдо карданаш ҳам осон нест. Ҳоло Пажӯҳишгоҳи зоология ва паразитологияи Фарҳангистони улуми Тоҷикистон бо шариконаш барои ҳифзи макони сукунат ва зиёд кардани теъдоди кафторҳо чораҳо меандешанд. Ҳадафи асосӣ ҷалби мардуми маҳалли сукунати кафтор ба муҳофизати ин ҷонвар аст.”

Ба гуфтаи Халил Каримов, як созмони ҷамъиятие аз ҳисоби шикорчиёни минтақа таъсис додано, то дар барқарории теъдоди кафторҳои рах-рах кӯмак расонанд. Ба қавли ӯ, ҳарчанд ин кори мушкил аст, вале дар сурати кӯмаки мардум ва хайрхоҳон мумкин аст, ҷонвареро аз вартаи марг наҷот бидиҳанд, ки табиат барои кӯмак ба худи инсонҳо офаридааст.