Дар ҷустуҷӯи мошинҳои дуздӣ дар Тоҷикистон

BMW X6 - яке аз мошинҳои "маҳбуб"-и шабакаҳои мошиндузд

Як барномаи Иттиҳодияи Аврупо ба 14 афсари мақомоти гумруки Тоҷикистон шеваҳои маълум кардани мошинҳои дуздиро омӯзондааст.
Намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон мегӯяд, барои 14 афсари мақомоти гумруки ин кишвар дар мавзӯъи “Услубҳои муайянкуниии автомобилҳои дуздидашуда” давраи омӯзишӣ доир кардааст. Ин давраи таълимӣ дар чорчӯби барномаи Иттиҳоди Аврупо оид ба мусоидат ба идораи сарҳадот дар Осиёи Марказӣ (БОМКА) сурат гирифтааст. Тақвияти амният дар Осиёи Марказӣ ва пешгирӣ аз убуру мурури ғайриқонунии афрод ва маҳсулот аз марзҳои ин минтақа аз ҳадафҳои аслии барномаи БОМКА гуфта мешавад. Барноммаи БОМКА дар поёни соли 2013 низ давраи омӯзишеро зери унвони «Василаҳо ва роҳҳои тафтиши мошинҳои рабудашуда» анҷом дода буд.

Бино ба гуфтаи дафтари матбуоти намояндагии Иттиҳодияи Аврупо, “Ду омӯзгори австриягӣ аз Маркази байналмиллалии оид ба рушди сиёсати муҳоҷиратӣ (МБРСМ) ба иштироккунандагон иттилооти асосиро дар бораи навъҳои гуногуни дуздидани автомобил ва воситаҳои муайянкунии автомобилҳо тақдим намуданд. Дар рафти курси омӯзишӣ иштироккунандагон бо услубҳои муайянсозии рақами идентификатсионии (VIN-коди) автомобилҳо ва роҳҳои ошкорсозии автомобилҳои дуздидашуда ошноӣ пайдо карданд. “

Дар рӯзи сеюми дарсҳо дар терминали гумрукии “Душанбе-2” машқҳои амалӣ доир кардаанд ва барои афсарони гумрук дар ин машқҳо “имконияти хуб фароҳам оварда шуд, то ки онҳо дониш ва маҳорате, ки дар соҳаи муайянсозии автомобилҳои дуздидашуда ба даст оварданд, дар амал нишон диҳанд.”

Давраҳои омӯзишӣ дар мавзӯи мошинҳои дуздӣ барои мақомоти гумруки Тоҷикистон дар ҳоле мегузаранд, ки ду сол боз байни мақомоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ва ҳукумати Олмон баррасии тарҳи созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар масъалаи мошинҳои дуздӣ идом адорад. Даври охири баррасии тарҳи ин қарордод рӯзҳои 6-7 май дар Душанбе доир шуд.

Памела Мюллер, як сухангӯи вазорати хориҷаи Олмон дар посухи катбиаш ба Озодӣ дар бораи ҷузъиёти ин музокираҳо навишт: “Созишнома тақвияти ҳамкории ду кишвар дар масоили мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфта ва терроризмро дар назар дорад. Яке аз сатмҳои ҳамкорӣ ҷилавгирӣ ва мубориза бо интиқоли мошинҳои дуздист. Ҳарду кишвар дар ин масъала тавассути Интерпол бар сари мавридҳои мушаххаси дуздии васоили нақлия табодули маълумот мекунанд. Тавре аз ҳисоботи пулис бармеояд, тоҷикон дар ин кор нақши зердастро доранд.”

93 “BMW”-и дуздӣ дар Тоҷикистон?


Масъалаи даст доштани гурӯҳҳои ҷиноии Тоҷикистон дар шабакаҳои байналмилалии мошиндузд дар поёни соли 2013 дар пайи нашри якбора чанд матлаб дар расонаҳои мӯътабари Олмон вирди забонҳо шуд.

Матлаби Bildt дар бораи мошинҳои дуздӣ

Рӯзи 19 декабр нашрияи олмонии “Bild” хабар дод, ки бо истифода аз шабакаи GPS, дастикам 93 мошини тамғаи “BMW” дар Тоҷикистон рӯ задаанд ва аммо мақомоти Душанбе аз ҳамкорӣ бо мақомоти Олмон дар таҳқиқи ин қазия ва бозгардони мошинҳо худдорӣ мекунанд. Вақте ки мақомоти Тоҷикистон ба дархости таҳқиқи муштараки қазия посух надоданд, вазири адлияи Берлин Томас Ҳейлман ба вазири вақти умури хориҷии Олмон Гвидо Вестервелле нома навишт, ки “аксари мошинҳо дар дасти афроде ҳастанд, ки бо хонаводаи президенти Тоҷикистон равобити ҳамкорӣ ё хешовандӣ доранд."

Хабаргузории Франс-Пресс навишт, кашфи мошинҳои рабудашудаи олмонӣ дар Тоҷикистон сабаби соишҳои дипломатие байни ду кишвар гашта, дар ин замина вазири пешини умури хориҷӣ Гвидо Вестервелле сафири Тоҷикистонро ба вазорат даъват кардааст. Сухангӯи вазорати хориҷаи Олмон ин хабарро тасдиқ накард, вале ба хабаргузории Франс-Пресс гуфт, “дар масъалаи муборизаи муштарак бо ҷинояткории созмонёфта бо тарафи Тоҷикистон гуфтугӯҳое анҷом ёфтааст.”

Имомиддин Сатторов

Вале сафири вақти Тоҷикистон дар Олмон Имомиддин Сатторов он замон дар посух ба иддаоҳои нашршуда дар матбуоти Олмон ба Озодӣ гуфт: ”Фарзияҳое, ки дар ин мақола омадааст, ба ҳақиқат наздик нест. Дар ин мавзӯъ мо суҳбатҳо бо ҷониби Олмон доштем ва пешниҳод карда будем, ки вақте ки мошинҳо аз Олмон рабуда ва вориди Тоҷикистон мешаванд, пеш аз он ки мо сабти онҳоро пешгирӣ кунем, ба мо, албатта, маълумотҳо дар бораи мошинҳои рабудашуда дар Олмон зарур аст. Агар чунин маълумот бошад, мо ин мошинҳоро сабт намекунем. Аммо мо аз ҷониби Олмон чунин маълумотҳоро нагирифтаем ва надорем.”

Душанбе 127 мошини дуздиро тасдиқ кард, вале...

Мақомоти Тоҷикистон хабари кашфи то 200 мошини дуздӣ дар Тоҷикистон ва гӯё дар дасти фарзандони афроди баландпояи ин кишвар будани ин мошинҳоро ба шиддат рад мекунанд ва мегӯянд, ин фарзияҳо ба ҳақиқат наздик нестанд ва Душанбе низ барои ҳамкорӣ дар ин масъала омода аст. Хадамоти гумруки Тоҷикистон гуфт, дар ин кишвар 127 мошини дуздӣ ошкор шудааст, вале таҳқиқи онҳо нишон дод, ки ҳеҷ кадоми онҳо ба хешу табори президент ё дигар мансабдорони баландпояи Тоҷикистон тааллуқ надоштаанд.

Аммо ин бори аввал нест, ки масъалаи ба паноҳгоҳи мошинҳои дуздӣ табдил ёфтани бозори Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ матраҳ шуда, ба обрӯи кишвар латма мезанад. Моҳи июли соли 2012 баъди нашри чунин як матлаб дар маҷаллаи олмонии “Spiegel” муовини сардори раёсати мубориза бо қочоқ ва хилофкориҳои гумрукии Хадамоти гумруки Тоҷикистон Қурбон Абдуназаров дар нишасти хабарӣ дар Душанбе кашфи наздик ба даҳ мошини аз Олмон рабудашударо тасдиқ кард ва гуфт, ин мошинҳо аз тариқи Интерпол ба соҳибонашон баргардонда мешаванд.

Дар пайи моҷарои поёни соли 2013 низ Хадамоти гумруки Узбакистон якбора аз кашфи дастикам 6 мошини дуздӣ дар роҳ ба сӯи Тоҷикистон хабар дод. Аммо то ҳол маълум нест, ки сарнавишти ин мошинҳои боздоштшуда дар қаламрави Узбакистон ва соҳибони онҳо чӣ шуд?