Дар соатҳои аввали кори Биржаи фондии Осиёи Миёна дар Душанбе, ба миқдори беш аз 1 миллион сомонӣ вомбаргҳои (вексел) бонки «Эсхата» ба фурӯш рафтанд. Садои гонги Биржаи фондии Осиёи Миёна дар Душанбе баъди ду соли ташкил шудан дубора баланд шуд.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Нахустин эмитент ё ношири авроқи гаронбаҳо (коғазҳои қиматнок) дар биржа бонки «Эсхата» шуд ва субҳи 14 апрел вомбаргҳои дусолаи ин бонк ба фурӯш гузошта шуд. Алишер Шерназаров, раҳбари Биржаи фондии Осиёи Миёна дар Тоҷикистон гуфт, “нахустин сармоягузор, ки хоҳиши харидани вомбаргҳоро изҳор намуд, ин ширкати «Фароз» аст, ки дар ҳаҷми 1 миллион сомонӣ ин вомбаргҳоро мехарад.”
Дар соатҳои аввали кори Биржаи фондии Осиёи Миёна дар Душанбе, ба миқдори беш аз 1 миллион сомонӣ вомбаргҳои бонки «Эсхата» ба фурӯш рафтанд.
Вомбаргҳои бонки «Эсхата» бо қимати 100 сомонӣ ва баҳраи 22 дарсади солона дар ин биржа ба фурӯш гузошта шуданд. Хуршед Носиров, раиси Шӯрои мудирони «Эсхата» гуфт, аз натиҷаҳои рӯзи авалини ба фурӯш баромадани вомбаргҳо қаноатманд аст. “Соат ҳанӯз 10 нашуда буд, ки дидем, беш аз 10 ҳазор вомбарг ба маблағи беш аз 1 миллион сомонӣ фурӯхта шуд. Фикр мекунам, ин нишондиҳандаи хеле хуб аст. Ба назарам, ин дастовард барои дигар созмону ташкилот низ ҷолиб аст ва барои рушди коғазҳои қиматнок дар Тоҷикистон роҳ мекушояд”,- афзуд ӯ.
Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 259 ширкату ҷамъияти саҳҳомӣ бо арзиши тақрибан 10 миллиард сомонӣ ё муодили 1 миллиарду 600 миллион доллар саҳмияву коғазҳои гаронбаҳои худро дар Вазорати молия сабт кардаанд. Аммо дар байни онҳо муомилот вуҷуд надорад, тиҷорати саҳмия ва коғазҳои гаронбаҳо парокандаву ноустувор сурат мегирад ва тоҷирону афроди алоҳида гоҳ-гоҳе бастаи назоратии саҳмияҳоро мехаранд. Гузашта аз ин, саҳмияи ҷамъиятҳои саҳҳомӣ аз сабаби набудани биржа нархнома (котировка) ва баҳои расмии дар “listing” сабтшуда, надоранд.
Иқтисоддонҳои тоҷик мегӯянд, дар шароити Тоҷикистон бо таъсиси Биржаи фондӣ шакли комилан нави амонатгузорӣ ва фоида гирифтан фароҳам шудааст, ки сокинон метавонанд аз он истифода кунанд. Лола Салимова, муовини раиси Бонки Миллии Тоҷикистон дар расми ифтитоҳи нахустин маъракаи фурӯши коғазҳои қиматнок дар биржа гуфт, ин майдон шароит ва усулҳои наверо дар Тоҷикистон барои ҷалби сармоя ба муҳлатҳои бештар фароҳам меорад.
Вай гуфт, “дар 25 соли таҷриба бозори бонкии мо ба ин натиҷа расид, ки қарзҳоро боз ҳам бо фоизи баланд пешниҳод намудан маъно надорад. То ба ҳол сарчашмаи сармояи бонкҳо ин амонатҳои мардум буд. Баҳраи амонатҳо ва мутаносибан фоизи қарзҳо хеле баланд буданд. Мо ба ин натиҷа расидем, ки фоизи қарзҳоро бояд паст кард. Маҳз биржа як усули комилан нав аст, ки сармояҳоро барои рушди иқтисод сафарбар кунем.”
Бинои Биржаи фондии Осиёи Миёна дар ошёнаи севуми “Душанбе-Плаза” дар пойтахти Тоҷикистон ҷойгир аст. Тоҷикистон солҳо боз талош дошт, як бозори фурӯши саҳҳом ва ё биржаи фондиро фаъол кунад. Ҳукумат ҳанӯз соли 1992 заминаи қонуниро барои фаъол шудани чунин як биржа таъмин карда буд.
Аммо дар гузашта талошҳо барои таъсиси биржаҳои фондӣ натиҷа надода, рӯи коғаз монд. Аз ҷумла, то соли 2007 дар ҷумҳурӣ "Биржаи марказии фондии Тоҷикистон" вуҷуд дошт, ки фаъолият намекард ва иҷозатномааш ҳам дигар тамдид нашуд.
Билохира, соли 2015 бо сармоягузории 35 миллион сомонӣ Биржаи фондии Осиёи Миёна таъсис ёфт ва ҳукумат ба хотири рушди бозори коғазҳои қиматнок ба муддати 5 сол даромадгирандагони коғазҳои қиматнокро аз андоз озод кард.