Шавҳари Файзиннисо Воҳидова, вакили дифои шинохта, аз мухолифони ҳукумат хостааст, ки аз марги ҳамсари ӯ ба манфиати худ сӯиистифода накунанд. Ғайратҷон Воҳидов дар як навори видеоӣ иддао дар бораи гӯиё заҳролуд шудани ҳамсарашро рад кардааст. Воҳидов гуфтааст, намехоҳад дар атрофи номи Файзиннисо Воҳидова ҳангома барпо кунанд ва хостааст, ки хонаводаашро ором гузоранд.
Хунравии шадиди сурхрӯда ӯро бисёр азият медод. боз шамолкашии шуш вазъашро бадтар сохт. Пас аз панҷ рӯз саломатиаш бадтар шуд ва ба шуъбаи эҳёи беморхонаи марказии шаҳри Хуҷанд бурдем.
"Кадоме дар интернет навиштааст, ки ӯро заҳролуд кардаанд. Мо бо бачаҳо дар бемористон будем ва медонем, ки чӣ ташхис шуд. Се сол пеш медонистем, ки чӣ беморӣ дошт. Зани бузург ва мард буд, ки маризиро ба гардан гирифтан намехост. Фақат кор мекард. Монед, дар гӯраш ором хоб равад", - афзудааст ӯ.
Навор шаби 10-уми январ дар Фейсбук аз тарафи фарди ношиносе нашр шуд. Дар навор дар баробари шавҳари Файзиннисо Воҳидова садои марди дигаре ҳам шунида мешавад, ки баъзан суол медиҳад ва ё ба суханони ӯ ҳамроҳ мешавад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Файзиннисо Воҳидова дар Хистеварз ба хок супурда шуд. ВИДЕО, АКСҒайратҷон Воҳидов дар навор аз ҳамсари худ ситоиш кардааст, ки ба ҳама корафтодагон, чӣ сокинони одӣ ва чӣ мухолифин, кумаки ҳуқуқӣ мерасонд. Вале ӯ гуфтааст, ҳамагуна овоза дар бораи беморӣ ва иллати марги ҳамсараш оромии хонаводаи ӯро дар чанд рӯзи охир ба ҳам задаст. "Писаронамро алайҳи ман мешӯронанд. Писарон аз ман мепурсанд, ки чаро ин хел шудааст? Чӣ гап?", - мегӯяд ӯ дар навор.
Мухолифон иддао доранд, ки видеоро мақомот сабт карда ва дар Интернет гузоштаанд ва зоҳиран фармоишист. Аммо баъзе аз хабарнигорони тоҷик гуфтанд, ки суҳбат бо шавҳари Файзиннисо Воҳидова рӯзи даҳуми январ рӯ ба рӯ баргузор шуд ва дар ҷараёни он хабарнигори ҳафтаномаи "Фараж" Найима Салимхоҷаева низ иштирок кардааст.
Файзиннисо Воҳидова, вакили мудофеи шинохтаи тоҷик, бар асари беморӣ дар 55-солагӣ даргузашт. Ӯро рӯзи 4-уми январ дар оромгоҳи ҷамоати Хистерварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд дафн карданд.
Наздиконаш дар лаҳзаҳои аввали марги ӯ гуфта буданд.ки Воҳидова бар асари илтиҳоби шуш бистарӣ шуда буд. Дертар табибон гуфтанд, ки ӯ аз сиррози ҷигар гузашт ва бар илова "баста"-и бемориҳо дошт.
Ғайратҷон Воҳидов, шавҳари Файзиннисо Воҳидова дар суҳбат бо хабарнигори "Фараж" гуфтааст, ҳамсараш солҳо боз аз бемории "Гепатит Б" ранҷ мебурд ва дар моҳи гузашта бар асари сармохӯрӣ маризиаш шиддат гирифтааст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ӯ гуфтааст, "рӯзи 20-уми декабри соли 2018 Файзиннисоро ба беморхонаи хусусии назди беморхонаи марказии шаҳри Хуҷанд бурдем. Дар онҷо чор рӯз бистарӣ буд. Хунравии шадиди сурхрӯда ӯро бисёр азият медод. боз шамолкашии шуш вазъашро бадтар сохт. Пас аз панҷ рӯз саломатиаш бадтар шуд ва ба шуъбаи эҳёи беморхонаи марказии шаҳри Хуҷанд бурдем. Тақрибан 10 руз бистарӣ шуд. Дар инҷо саломатиаш беҳтар шуд ва аз онҷо ба беморхонаи Бобоҷон Ғафуров овардем. Нисфи шаб бемориаш аз нав хуруҷ кард ва табибон дигар наҷот дода натавонистанд”.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Табибон сабаби марги Файзиниссо Воҳидоваро шарҳ доданд. ВИДЕОНамояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ даргузашти Файзиннисо Воҳидоваро як талафоти бузург хонданд. Дар рӯзи марги ӯ даҳҳо нафар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз корномаҳо ва бахусус ҷасораташ ёдоварӣ карданд.
Воҳидова дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ба дунё омада, соли 1986 Донишгоҳи давлатии шаҳри Маскавро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст. Аз соли 1995 то лаҳзаҳои охири ҳаёташ ба ҳайси адвокат ё вакили мудофеъ фаъолият дошт.
Хонум Воҳидова дар баҳси чандин парвандаҳои пурсару садо, аз ҷумла сӯиқасд ба ҷони раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар соли 1997, парвандаи Содиқ Муҳаммадохунов, мулаққаб ба "Сачан" (раҳбари корхонаи пахтаи ноҳияи Ҷаббор Расулов ва аз фармондеҳони шинохтаи собиқ Фронти Халқӣ буд), қатли раиси бозори ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара ва парвандаи журналисти Би-би-сӣ Урунбой Усмонов иштирок кардааст.