“Барқи Тоҷик” 50 фоизи коргаронашро ихтисор мекунад

Ширкати давлатии "Барқи Тоҷик" ислоҳоти сохториашро аз ихтисори 350 нафар аз тақрибан 700 коргари ин ҳолдинг шурӯъ мекунад.

Афсурдагӣ, парешонӣ ва тарси маҳрум шудан аз ҷойи кор. Ин шабу рӯз аксар кормандони ширкати “Барқи тоҷик”, ки дар ростои ихтисор қарор гирифтаанд, ҳамин эҳсосро доранд. Аксаран намедонанд, ки баъди аз даст додани ҷойи кор ба куҷо бираванд ва чӣ кор кунанд? Бархе ҳам алакай барои ҳифзи ҷои худ ба навиштани нома ба президент шурӯъ кардаанд.

Ҳарчанд масъулини ширкат ҳоло расман исми кормандони ихтисоршударо эълон накардаанд, аммо як корманди ширкати мазкур, ки худро “оператор”-и “Барқи Тоҷик” муаррифӣ кард, рӯзи 12 август дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ӯ аз ҳоло медонад, ки дар қатори 350 нафар аз кор озод мешавад.

“Ду-се ҳафта аст аллакай, ки кормандон намедонанд чӣ кор кунанд? Ба мо гуфтанд, супориши ҳукумат аст, бояд шумори кормандон кам шавад. Аммо ҳама кормандони оддӣ аз кор озод мешаванд, дар ин феҳраст ягон муовин ё раҳбарони шӯъбаҳо нестанд,” - мегӯяд ин коргари “Барқи Тоҷик”.

Ширкати “Барқи тоҷик” дар садади ихтисори кормандонаш буда, аз 700 нафар 50 дарсадро озод мекунад. Ҷамшед Бобоев, муовини раҳбари ширкати “Барқи тоҷик” мегӯяд, ҳоло кумиссиюни вижа дар пайи омода кардани амри ихтисори кормандон аст. Бобоев гуфт, ки ин ихтисор дар пайи бозсозии сохтори ширкат ва тақсим шудани он ба се бахш сурат мегирад.

“Мо кори навро дар асоси ихтисори кадрҳо ташкил мекунем. Дар баъзе шӯъбаҳо мо муттахассисони зиёдтар доштем, ба ҷойи 3 коргар, масалан, дар баъзе шӯъбаҳо то 7 нафар фаъолият мекард. Ҳоло зарур аст ин шумораро кам кунем,”- мегӯяд Ҷамшед Бобоев.

Масъулини ширкат мегӯянд, кормандони ихтисоршуда бекор намемонанд ва ба нерӯгоҳу шабакаҳои барқии кишвар ба кор ҷалб мешаванд. Аммо кормандон мегӯянд, ба ин ваъдаҳо бовар надоранд, зеро вазъи бекорӣ дар кишварро хуб медонанд.

Бозсозии сохторӣ дар бузургтарин ширкати тавлид ва тақсимкунандаи нерӯи барқи Тоҷикистон дар ҳолест, ки ин ширкат бо доштани зарфияти истеҳсоли ҳудудан 20 миллиард киловатт-соат нирӯи барқ дар сол натавонист фоидавовар шавад ва баръакс то гулӯ дар қарз ғӯтидааст.

“Барқи тоҷик” бо қарзҳои бузург, вазъи бади молӣ ва моҳҳо бе маош мондани кормандони худ ном баровардааст. Ширкат аз идораҳои дигари давлатӣ наздик ба як миллиард доллар қарздор шудааст. Аммо бархе ҳам ба ин назаранд, ки дар додугирифтҳои байни идораҳо ва корхонаҳои давлатӣ ин ширкат ба истилоҳ “барраи қурбонӣ” шудааст, зеро дар вақти зарурӣ барқро бебаркаш ба идораҳои давлатӣ додаву пулашро рӯёнда натавонистааст.

Ғуломиддин Сайфиддинов

Ғуломиддин Сайфиддинов, таҳлилгари масоили энергетикӣ, бо ишора ба фаъолияти ҳамтоҳои “Барқи Тоҷик” дар давлатҳои ҳамсоя мегӯяд, фаъолияти ношаффоф ва муомилоти зиёновар ин ширкатро ба вартаи муфлисӣ бурдааст. ”Фақат Шабакаҳои барқии душанбе ҳар моҳ 20 миллион сомонӣ аз фурӯши барқ ҷамъ мекунанд, ин миллиард киловат-соатҳо куҷо меравад?”- суол мегузорад Ғуломиддин Сайфиддинов.

Аксар таҳлилгарон мудирияти нодурустро аз иллатҳои аслии нокомии ширкати “Барқи Тоҷик” медонанд. Ҳарчанд ба гуфтаи Георгий Кошляков, муовини собиқи сарвазири Тоҷикистон, ширкат барои фаъолияти муваффақ тамоми имкониятҳоро дорад.

«Барқи Тоҷик» ҳудуди 150 нерӯгоҳи хурду миёнаву бузургро таҳти назар дорад ва ба ҳисоби таҳлилгарон, аз фурӯши 20 миллиард киловатт-соат барқ ҳудуди 300 миллион доллар ба даст меорад, ки бояд эҳтиёҷоти соҳаро бароварда созад.

Аммо масъулини ширкат дар посух ба ин даъвоҳо мегӯянд, ки аз як сӯ нархи барқ дар Тоҷикистон арзон аст ва аз сӯи дигар, мардум ва корхонаҳо пули барқро намедиҳанд. Дар навбати худ шаҳрвандон ширкати “Барқи Тоҷик”-ро ба ин муттаҳам мекунанд, ки ҳар моҳ пулро меситонад, вале барқро гоҳ- гоҳ медиҳад.

Ширкати “Барқи Тоҷик” аз он муассисаҳои давлатӣ аст, ки дар муқоиса бо идораҳои дигар бештар раҳбар иваз мекунад. Соле қабл дар пайи тағйири навбатии раҳбарони “Барқи Тоҷик” раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба ҳолатҳои дуздии нерӯи барқ ва бемасъулиятӣ талаб кард, ки тамоми кормандони ин ширкат аз санҷиш гузаранд ва танҳо афроди бомаҳорату масъулиятшинос ба кор ҷалб шаванд.