Агарчи дар Тоҷикистон соли гузашта бештар аз ҳама болоравии қимати бензину орд эҳсос шуд, аммо мардум барои ҷӯроб ва ё майка ҳам пули зиёд сарф кардаанд.
Бар асоси омори расмӣ, қимати як футболкаи кӯдакона дар Тоҷикистон соли 2012, 34 дар сад ва ҷӯроби кудакона тақрибан 18 дар сад боло рафтааст. Пирамардҳои бознишастаи тоҷик ҳам бояд ба хотири харидани ҷелак бо пули бештар ба бозор мерафтаанд, зеро қимати ба навиштаи Оҷонсии омор “яктаки миллӣ”, 20 дар сад боло рафт. Ҳоло дар бозорҳои Душанбе, қимати як ҷелак вобаста ба сифату навъ аз 50 сомонӣ то 200 доллар мерасад.
Нигоҳубини фарзанд ҳам дар Тоҷикистон соли гузашта “гаронтар” шуд, зеро нархи аксари молу лавозимот барои бачаҳо дар муқоиса ба поёни соли 2011 афзоиш ёфт. Аз он ҷумла сумкаи мактабӣ, беш аз 22 фоиз, костюми бачагона аз матои синтетикӣ, тақрибан 18 фоиз, куртаҳои пахтагини кӯдакона 16 фоиз ва ҳамингуна либосҳои варзишиву қаламу коғазу дафтар бо қиммати болотар аз соли гузашта харидорӣ шуданд.
Болоравии нархҳо ба хонумҳои тоҷик низ бетаъсир нагузашт, зеро дар соли 2012 занҳо танҳо барои харидории як ҷӯроб ва ё калготкии эластикӣ тақрибан 20 фоиз пули бештар сарф кардаанд. Болоравии нархҳо танҳо калготкиву матои рангоранг дар Тоҷикистон иктифо накард, ҳаққи кори духтарони ҳунарманди тоҷик, ки пироҳан медузанд низ бамаротиб афзоиш ёфт. Ба гуфтаи Оҷонсии омори тобеъи раиси ҷумҳури Тоҷикистон “хизмати дӯхти куртаи занона” дар кишвар дар муқоиса ба поёни соли 2011 6,7 фоиз боло рафтааст.
Дар соли 2012 бештар аз ҳама орди навъи якум гарон шуд. Ин болоравӣ дар ҳудуди 33,7 ҳисоб шудааст. Қимати шир бештар аз 22 дар сад ва гӯшти гов андаке бештар аз 12 дар сад боло рафт. Аммо на ҳама қиматҳо ба самти боло ҳаракат кардаанд, дар ин миён чанд намуди маҳсулот истисност, аз ҷумла сабзӣ, ки назар ба соли 2011, 26 фоиз арзонтар шуд. Нархи равған низ дар соли 2012 16 дар сад поин рафт. Бо назардошти арзонтар шудани равған ва тақрибан 10 дар сад поён омадани нархи биринҷ, мумкин аст, соли гузашта оши палав аз ғизоҳои аслии рӯи дастархон буд.
Соли гузашта нархи ғизои маънавӣ ҳам дар Тоҷикистон боло рафт, бахусус қимати ҳафтаномаҳо, ки 6,3 дар сад бештар шуд. Бо назардошти боло рафтани қимати “ҳамачиз” дар Тоҷикистон кафшдӯзони тоҷик низ ҳаққи кори худро бештар аз 25 дар сад боло бурдаанд ва машшотахонаҳо низ аз онҳо ақиб намонданд ва ҳаққи ришгириву сартарошӣ ва ороиши мӯйи занонро аз 11 дар сад бештар карданд.
Агарчи Оҷонсии омори тобеъи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон доир ба қимати нос оморе наовардааст, аммо онгуна ки хабарнигори Радиои Озодӣ дар Душанбе гуфт, қимати як халта нос соли 2012 як баробар афзуда, аз 50 дирами соли 2011 ба як сомонӣ расидааст. Дар бораи қимати сӯзан низ дар гузориши муфассали оҷонси омор доир ба вазъи иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон, чизе нест, аммо бо назардошти боло рафтани ҳаққи кори хайётони тоҷик ба осонӣ метавон ҳадс зад, ки қимати сӯзан ҳам соли гузашта дар Тоҷикистон боло рафтааст. Магар не?