Ситораҳоро ба нафақа гусел карданд

Қурбоналии Абдулло

Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон шуморе аз овозхонҳои шинохта, аз ҷумла Саидқули Билол, Қурбоналии Абдуллоҳ, Лола Азизова, Моҳрухсор Сафиева ва Сабоҳат Наҷмиддиноваро ба нафақа гусел кардааст.

Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон маросими ботантанаи ба нафақа гусел кардани чанде аз овозхонҳои шинохтаи ансамблҳои марбут ба ин Кумитаро баргузор кардааст.

Қурбоналии Абдуллоҳ, овозхони ансамбли “Дарё” рӯзи 17 август дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ин маросим ҳафтаи гузашта доир шуд: “Мо аслан дар июни соли 2014 ба нафақа баромадем, чунки алакай собиқаи кориамон ба 24 сол расида буд. Вале шояд онвақт чанд даста гул барои мо наёфтанд, ки ин маросимро танҳо як сол баъд доир карданд. Вале аксари овозхонҳову мутрибони “нафақахӯр” дар ҷои кори худ монданд ва тибқи шартнома кор мекунанд.”

Қурбоналии Абдуллоҳ, ки як сол пеш дар синни ҳамагӣ 50 “бознишаста” шудааст, мегӯяд, ҳамроҳ бо ӯ маросими ба нафақа гусел кардани овозхонҳои шинохтае, чун Саидқули Билол, Моҳрухсор Сафиева, Лола Азизова, Сабоҳат Наҷмиддинова, Нуралӣ Шерматов ва гурӯҳе аз навозандагони ансамблҳои “Дарё”, “Фалак” ва Шашмақом”-и Кумитаи радио ва телевизионро барпо карданд.

Аммо ӯ афзуд, ки аз ин овозхонҳои шинохта тақрибан ҳамааш ҷои кори худро ҳифз мекунанд. Қурбоналии Абдуллоҳ дар як гуфтугӯи ихтисосӣ ба саволҳои Радиои Озодӣ посух дод:

Қурбоналии Абдуллоҳ: Ягон таъсире ба кори накардааст “нафақахӯр” шудани мо. Тибқи шартнома, ҳама кор карда истодаем.

Радиои Озодӣ: Касе нарафт баъди маросими гусел?

Қурбоналии Абдуллоҳ: Тибқи қонунҳои Тоҷикистон, овозхонҳо ва мутрибон ҳақ доранд баъди 25 сол шудани собиқаи колриашон ба нафақа бираванд. Собиқаи мо ҳанӯз як сол пеш пур шуда буд, вале он замон ба далели мушкилоти молӣ буд, ё далели дигар, маросими гусели овозхонҳои

Саидқул Билолов

собиқадор ба нафақаро ташкил карда натавонистанд. (шӯхиомез) Имсол шояд пул ёфт шуд барои харидани чанд даста гул барои ситораҳо ва ин корро анҷом доданд. Вале ин як маросими рамзӣ буд ва касе кафши касеро пеши пояш нагузоштаанд. Овозхонҳои “нафақахӯр” метавонанд ба сурати шартномавӣ корашонро идома диҳанд. Дар ҳар сурат, касоне ки Кумита мондани онҳоро лозим шумурду бо онҳо шартнома баст, ҳама монданд.

Радиои Озодӣ: Аз ситораҳо касе рафт?

Қурбоналии Абдуллоҳ: На, ҳама кор карда истодаанд. Фақат аз байни мутрибон бархе бартарӣ доданд, ки ба истироҳат бираванд.

Радиои Озодӣ: Агар махфӣ набошад, чӣ нафақае барои ситораҳои мо таъин мекунанд?

Қурбоналии Абдуллоҳ: Нафақаи маро 630 сомонӣ ҳисоб карданд.

Радиои Озодӣ: Хуб маълум аст, ки чандон зиёд нест ва ба маош ҳам зарурат доред?

Қурбоналии Абдуллоҳ: Бале, маоши ман, тибқи шартнома, барои як баст 580 сомонии дигар аст.

Радиои Озодӣ: Ин маросим чӣ таъсире гузошт ба кори шумо дар ансамбл?

Қурбоналии Абдуллоҳ: Тақрибан ҳеҷ. Ба ҳамон шакле ки буд, идома дода истодаем. Ҳоло таронаҳои муштараке омода кардаем барпои ҷашни 3000-солагии Ҳисору ба солгарди 24-уми истиқлоли Тоҷикистон. Кору эҷоди мо осебе надидааст, ба ҷуз инки унвони “овозхони нафақахӯр” ба номи мо илова шудааст.

Радиои Озодӣ: Ба ғайр аз таронаҳои муштарак дар ансамбли “Дарё”, боз чӣ нақшаҳои эҷодӣ доред дар моҳҳои наздик?

Қурбоналии Абдуллоҳ: Албоми таронаҳоямро омода мекунам барои нашр. Ва фикри сохтани таронаҳои навбанаверо дар сар дорам. Ман ҳамагӣ 51 сол дорам ва ҳанӯз орзуву нақшаҳои зиёди эҷодӣ дар сар дорам. Мутмаин бошед, ки ба осонӣ ба пирӣ гардан нахоҳам дод...