Ҷоми Тоҷикистон: «Хуҷанд» ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт

Дастаи «Хуҷанд», ки дар бозии ҷавобии чорякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон бар тими «Барқчӣ» -и Ҳисор аз рӯи силсилаи пеналтӣ пирӯз шуд, ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт.

Бозии ҷавобии чорякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон миёни дастаҳои «Хуҷанд» ва «Барқчӣ» рӯзи якшанбе, 16-уми сентябр, дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд бо ҳузури 3000 тамошобин баргузор шуд.

Аз ин пеш дар бозии аввал, ки 23-юми август дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор барпо гардид, «Хуҷанд» бо ҳисоби 2:0 ғолиб омада буд. Ин дафъа замони асосии бозӣ бо пирӯзии футболбозони «Барқчӣ» бо ҳисоби 2:0 хотима ёфт. Голҳоро Шарафҷон Солеҳов дар дақиқаи 30-юм ва Тоҳир Малодӯстов дар дақиқаи 31-ум ба самар расонданд. Замони изофӣ бидуни гол ба поён расид. Дар задани силсилаи зарбаҳои 11-метрӣ «Хуҷанд» маҳорати хуб зоҳир кард ва бо ҳисоби 4:2 пирӯз шуд.

Ҳамакнун «Хуҷанд» дар нимфинал бо ғолиби ҷуфти “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода - «Хатлон»-и Бохтар рақобат мекунад. Бозии дигари ниманиҳоӣ миёни дастаҳои «Душанбе-83» ва “Истиқлол”-и Душанбе сурат мегирад.

Мусобиқа барои Ҷоми Тоҷикистон сар аз соли 1992 барои бори 27-ум баргузор шудааст. Ҳамагӣ даҳ даста барандаи Ҷом гардидааст. Аз ҳама бештар – шашборӣ - “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода ва “Истиқлол”-и Душанбе Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овардаанд. “Хуҷанд”-и Хуҷанд чаҳор бор, “Вахш”-и Қӯрғонтеппа, “Варзоб”-и Душанбе ва “Парвоз” (собиқ “Авиатор”)-и Бобоҷон Ғафуров дуборӣ, “Помир”-и Душанбе, “Ситора”-и Душанбе, “Равшан”-и Кӯлоб ва “Пахтакор”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов якборӣ Ҷоми Тоҷикистонро соҳиб гаштаанд.

Соли гузашта дастаи “Хуҷанд” дар бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон, ки 2-юми декабр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд, тими “Истиқлол”-ро бо ҳисоби 2:0 шикаст дода буд.

Ҷоми Тоҷикистон

1/4 финал. Бозии ҷавобӣ

«Хуҷанд» – «Барқчӣ» – 0:2. Аз рӯи силсилаи пеналтӣ – 4:2

Голҳо: Шарафҷон Солеҳов, 30 (0:1). Тоҳир Малодӯстов, 31 (0:2).

Силсилаи пеналтӣ: Манучеҳр Сафаров – 0:0 (сутун). Манучеҳр Аҳмадов – 1:0. Абдулмуъмин Забиров – 1:0 (хато). Дмитрий Горбушин – 2:0. Шарафҷон Солеҳов – 2:1. Ҷаҳонгир Эргашев – 3:1. Ҳувайдои Гулмурод – 3:2. Соҳибҷон Ҳакимов – 4:2.

«Хуҷанд» (Хуҷанд): Алексей Матросов, Ҳасан Рустамов (Манучеҳр Аҳмадов, 62), Хуршед Бекназаров, Соҳибҷон Ҳакимов, Дмитрий Бондар, Бахтиёр Чориев, Обидҷон Ҳакимов (Дмитрий Горбушин, 77), Меҳроҷ Шарифзода (Вусал Магеррамов, 91), Дилшодҷон Каримов, Дилшод Бозоров (Фарҳод Тоҳиров, 54), Ҷаҳонгир Эргашев.

«Барқчӣ» (Ҳисор): Шоҳрух Қирғизбоев, Султоншо Мирзоев, Зиёвуддин Фузайлов, Оятулло Сафаров, Ҳусейн Нурматов (Ҳувайдои Гулмурод, 120), Манучеҳр Сафаров, Шервонӣ Мабатшоев, Далер Ёдгоров (Саидмухтор Азимов, 82), Абдулмуъмин Забиров, Шарафҷон Солеҳов, Тоҳир Малодӯстов (Нуриддин Ҳамроқулов, 62).

Огоҳонида шуданд: Хуршед Бекназаров, Обидҷон Ҳакимов, Соҳибҷон Ҳакимов («Хуҷанд»), Оятулло Сафаров, Шоҳрух Қирғизбоев («Барқчӣ»).

Беҳтарин бозигари дидор: Шоҳрух Қирғизбоев («Барқчӣ»).

Сардовар: Хусрави Сиддиқзод (Душанбе).

16 сентябр. Хуҷанд. Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон». 3000 тамошобин.

Бозии аввал – 2:0