Коллеҷҳои бритониёӣ ба Душанбе меоянд

Мактаби Spinnaker College, ки ба таълими забони англисӣ машғул аст, ахиран дар шаҳри Душанбе намояндагии худро боз кард.
«Коллеҷи Спинакер» аз мактабҳои маъруфи забони инглисӣ дар ҷаҳон дониста мешавад ва дар 12 кишвар, аз ҷумла дар Эрон, Русия, Италия ва дар Фаронса фаъолият мекунад. Абдуразоқ Абдуллоев, раҳбари «Коллеҷи Спинакер» дар Душанбе роҷеъ ба шароити таҳсил дар ин мактаб ба саволҳои радиои "Озодӣ" посух дод:

Озодӣ: Зарурати таъсиси ин коллеҷ дар чист?

Абдураззоқ Абдуллоев: Ҳадафи аслии ифтитоҳи ин намояндагӣ, ташвиқи ҷавонон ва умуман шаҳрвандони Тоҷикистон ба омӯзиши забони инглисӣ мебошад. Имрӯз мову шумо хуб дарк мекунем, ки донистани забони инглисӣ хеле муҳим аст.

Озодӣ: Аммо коллеҷи шумо дар ҳоле таъсис ёфт, ки то кунун дар пойтахти Тоҷикистон марказҳои зиёди омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забони инглисӣ фаъол ҳастанд, пас бартарии коллеҷ аз дигар марказҳо дар чист?

Абдураззоқ Абдуллоев: Албатта дар Тоҷикистон марказҳои забони инглисӣ хеле бисёр хастанд. Вале бартарии коллеҷи мо дар он мебошад, ки устодони мо на камтар аз 5 ё 10 сол собиқаи корӣ доранд. Ва аксари устодони мо хориҷӣ ҳастанд. Гарчанде, ки забон меомӯзонанд, вале ҳар яке аз онҳо унвони профессорӣ доранд. Дар ин сурат онҳо усули хоси забономӯзӣ барои ҷавононро доранд.

Озодӣ: Ҳаққи таҳсил ва мӯҳлати таҳсил дар марказ чӣ гуна аст?

Абдураззоқ Абдуллоев: Ҳоло хаққи таҳсил барои як нафар дар як моҳ 240 сомониро ташкил медиҳад ва албатта агар хонанда омӯхтани забони инглисиро аз сифр сар кунад. Дар ин ҳолат ӯ як сол ба таҳсил фаро гирифта мешавад. Ин вобаста ба донистани забон аст.

Озодӣ: Аммо таҳсил дар коллеҷи Шумо ба дарсҳои мактабии мактаббачагон халал намерасонад?

Абдураззоқ Абдуллоев: Ҳоло таътили тобистона аст ва фикр мекунам, ки толибилмон бе ягон мушкил ба маркази мо омада таҳсил карда метавонанд. Лекин бо оғози таҳсил мо тасмим гирифтем, ки барномаи дарсҳои худро тағйир диҳем. Мактаббачагоне, ки то нисфирӯзӣ дар мактаб ҳастанд, метавонанд баъд аз нисфирӯзӣ ба маркази мо биёянд. Ва мактаббачагоне, ки баъд аз нисфирузӣ дар дарс хастанд, баръакс.

Озодӣ: Вале толибилмоне ҳастанд, ки дар литсейҳо аз соати 8-и субҳ то 17-и бегоҳ дар дарс ҳастанд. Барои онҳо барнома чӣ гуна аст?

Абдураззоқ Абдуллоев: Бале мо дар фикри инҳо низ ҳастем. Ва иншоолоҳ, баъд аз моҳи Рамазон дарсҳои шабона низ кушода мешавад. Ин дарсҳо аз соати 18 то 20 идома хоҳанд кард. Дар ин маврид толибилмоне, ки тамоми рӯз банд ҳастанд, метавонанд шабона ба маркази мо ташриф оранд.

Озодӣ: Ба оилаҳои камбизоат ягон имтиёз дода мешавад?

Абдураззоқ Абдуллоев: Албатта дар нақша ҳаст ва айни замон дар таҷриба низ ҳаст. Барои хонандагоне, ки лаёқати хониш доранд ва аз оилаҳои камбизоат ҳастанд. таҳсил ройгон аст. Баъд аз муддате, ки онҳо ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Аз онхо имтиҳон гирифта мешавад. Агар онҳо ин имтиҳонро гузаранд, ройгон метавонанд, таълими худро давом диҳанд. Илова бар ин тамоми хабарнигорон метавонанд ройгон дар маркази мо таҳсил кунанд. Агар онҳо нияти омӯзиши забони инглисиро дошта бошанд.