Хадамоти давлатии алоқа барои бозрасии сомонаҳое, ки дар бораи Тоҷикистон менависанд, гурӯҳи бозрасӣ таъсис дод.
Бек Зуҳуров, сардори Хадамоти давлатии алоқаи Тоҷикистон рӯзи панҷшанбе ба радиои Озодӣ гуфт, ки “барои ҷилавгирӣ аз тавҳину тӯҳмат ва танқидҳои ноҷо алайҳи шахсони маъруф” гурӯҳе таъсис шудааст, ки саҳифаҳои торнамоҳоро назорат мекунад ва бозрасӣ хоҳанд кард.
Ба қавли Бек Зуҳуров, ахиран ба хотири навиштаҷоти “пур аз ҳақорату дашном ва тавҳину танқидҳои ноҷо фаъолияти чанд сомонаҳо баста шуд”. Вай гуфт, пас аз бозрасӣ фаъолияти баъзеашон дубора аз сар гирифта шуд.
Дар ҳамин ҳол, як масъули созмони ғайридавлатӣ дар умури провайдерҳо ба радиои Озодӣ гуфт, ки воқеан Хадамоти алоқа барои назорати сомонаҳо ва торномаҳое, ки аслан дар бораи Тоҷикистон менависанд гуруҳи мониторӣ таъсис додааст. Ин гурӯҳ бо задани калимаҳои калидӣ дар Интернет, масалан ному насаби президент ва ё вазирону раисони кумитаҳо, мебинад, ки кадом расона дар бораи ин афрод бо чӣ мазмун хабару мақола навиштааст. Агар гузориш танқидӣ бошад, намояндаи ин гурӯҳ ё аз торнома хоҳиш мекунад, ки мақоларо ҳазф кунанд ва ё ин ки дар сурати идома ёфтани “интиқод” торномаро мебанданд.
Ҳасӯҳбати огоҳ аз ин таҳаввулоти ҳукумат мегӯяд, ки ин гурӯҳи мониторӣ ду рӯз қабл ҷаласаи нахустини худро баргузор кардааст ва ба ин нишаст намояндгони провайдерҳо низ ҷалб карда шудаанд.
Ба қавли ин манбаъ, Хадамоти давлатии алоқа аз ширкатҳои провайдерӣ тақозо кардааст, ки барои ҳамаҷониба ва ҳирфаӣ пеш бурдани бозрасии сомонаҳо “як нафарӣ” мутахассисони худро пешинҳод кунанд.
Дар ҳамин ҳол, Асомуддин Атоев, сарвари Академияи технологияҳои иттилоотӣ ва мухобиротӣ дар робита ба таъсиси ин гурӯҳи мониторӣ гуфт, ки Хадамоти алоқаро намебоист ҳамчунин гурӯҳ таъсис медод. Вай мегӯяд, сомонаҳои иттилоотӣ, ки дар Тоҷикистон фаъолият мекунанд, “мувофиқи қонуни матбуот ба тавҳину таҳқири шахс роҳ намедиҳанд”. Вай, ки аз таъсиси ҳамчунин гуруҳи мониторӣ изҳори норизоият кард, гуфт, “феълан норӯшан аст, ки ҳадафи аслии таъсиси чунин гурӯҳ чӣ аст”.