Пиразане, ки дар Кӯлоб кунҷи биноҳои истиқоматӣ ва посбонхонаҳо макони зисташ буд, соҳиби хоначаи сайёр шуд ва аз сармову боду борон ҷон ба саломат бурд. Ин пиразани 60-сола 14 соли ахир ҳамроҳ бо ягона писараш дар хиёбонҳои Кӯлоб зиндагӣ мекунад ва тамоми талошҳояш барои гирифтани замин ва сохтани манзили зист бенатиҷа анҷом ёфтаанд.
Ҷойи буду боши ӯ асосан атрофи бозори шаҳр аст ва рисқу рӯзии ӯ ба раҳгузарони саховатманд бастагӣ дорад.
Аммо “хонаи сайёр”-ро барои кампир ду марди барояш ношинос сохтаву тӯҳфааш карданд. Ин асосан аробаи нисбатан бузурги чаҳорчарха аст. Онҳое, ки “хонаи сайёр”-ро аз рӯи шафқат барои кампир сохтанд, ба истилоҳ “каҷкӯли гадоӣ”-и ӯро низ замонавӣ кардаанд. Қуттии хайрияи пластикӣ ба ароба васл шудааст ва ду тангае, ки мардум ба ин кампир медиҳад, аз боду борон эмин мемонад.
Ин ду мард бо анҷом ин кори савоб ҳатто номи худро ошкор накардаанд ва худи пиразан мегӯяд, ки онҳоро ҳатто намешиносад. Танҳо як чиз маълум аст, ки он ду нафар тоза аз сафари Ҳаҷ баргаштаву ҳоҷӣ будаанд. Кори хайри ду марди ношинос тоҷирони бозорро низ ба кори хайр таҳрик дод ва яке аз онҳо ба хонаи кампир нерӯи барқ гузаронд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Пиразан Сарварбӣ Шарипова ном дорад ва мегӯяд, ки то соли 1994, то замони кушта шудани ҳамсараш, ки ходими пулис буд, дар Қурғонтеппа зиндагӣ мекард, вале баъдан ба Кӯлоб ба хонаи хешовандонаш омад. Наздиконаш, ки низ чандон зиндагии серу пур надоранд, ба пиразан гуфтаанд, ки ба онҳо сарборӣ нашавад ва роҳи зиндагиашро худаш ёбад. Сарварбӣ Шарипова мегӯяд, он қадар барои дарёфти як порча замин даводав кард, ки билохира аз пой афтод.
Ӯ мегӯяд: «8 марти соли 2000 Эмомалӣ Раҳмон ба Кӯлоб омад, вақте дар як раста, металбидам, як зан гуфт, рав ба президент мушкилотатро гӯй кумакат мекунад, ту соҳиби хона мешавӣ. Вақте хостам арзамро ба президент гӯям, кормандони милиса маро дастгир карда, бо дубинка заданд ва ҳамон шаб танҳо мондам, тарсидам, дигар аз ҳамон рӯз роҳ гашта натавонистам.»
Бахтиёр Шарипов, писари ин зан, ки ягона муттакояш дар зиндагӣ ҳаст, ҳоло 23 сол дорад. Кӯдакиву наврасии ӯ ҳам ҳамроҳ бо модар дар хиёбонҳо гузаштааст. Ҳоло Бахтиёр дар бозор ҳаммолӣ мекунад ва гоҳ гоҳ аробаи модарашро аз ҷойе ба ҷойе мебарад. Пуле, ки ӯ аз ҳаммолӣ дар Кӯлоб ба даст меорад, танҳо барои харидории як миқдор ғизо кифоят мекунад. Ӯ мегӯяд, ки шабҳои худро болои танӯрҳои самбусапазӣ саҳар мекунад ва рӯзҳо боз аз пайи кор мешавад. Ӯ аз вазъияте, ки ҳарду дар он ба сар мебаранд ва аз нотавонии худ бисёр афсӯрда аст ва мегӯяд, «ҳарчанд кӯшиш мекардам, ки барои модарам як сарпаноҳ ёбам, аммо дастам намерасад. Дилам ба модарам месӯзад.”
Хонаи сайёри пиразан ҳеҷ санаде надорад ва мақомот ҳам намедонанд, онро чӣ гуна сабт кунанд. Нигаронии Сарварбӣ Шарипова ҳам ин аст, ки рӯзе ӯро аз ин ароба ҳам маҳрум кунанд.
Аммо намояндагони раиси шаҳри Кӯлоб мегӯянд, онҳо ба ин хонача ҳеҷ мушкил надоранд. Рустам Неъматов, муовини раиси шаҳри Кӯлоб мегӯяд, хоначаи сайёри ин занро то кунун надидааст, вале аз рӯи маълумоти ӯ, пиразан хоначаашро дар маконе мегузорад, ки ба сокинони дигар тааллуқ дорад. Ба гуфтаи ӯ, агар сокинон барои истифодаи заминашон бо ӯ мушкил надошта бошанд, ҳукумати шаҳр ҳеҷ мушкиле бо хоначаи сайёри ин зан надорад.
Аммо Неъматов мегӯяд, ба монанди ин зан ҳоло 13 ҳазор нафар сокини Кӯлоб барои гирифтани замин ариза додаанд, ки бо даст додани имкнот барояшон қитъаи замин дода хоҳад шуд: «Мо аз ин ҳолат огаҳӣ надорем, аммо рафта онро мебинем шояд бишносам, агар дар воқеъ ин зан роҳгашта натавонад, ҳеҷ кас ба ӯ кордор намешавад”- гуфт оғои Неъматов. Вале дар ҳоли ҳозир дар шаҳри Кӯлоб барои гирифтани замин аз сӯи сокинон 13 ҳазор ариза пешниҳод шудааст, ки якбора ҳамаи онҳоро бо хона таъмин кардан мушкил аст.»
Мустафо, як тоҷири бозори «Саховат»-и шаҳри Кӯлоб, ки иҷоза додааст, хонаи сайёри ин зан мувақаттан назди дӯконаш бимонад, ба Радиои Озодӣ гуфт: «Ман ин занро чанд сол боз инҷониб мешиносам, ки дар кӯчаҳо зиндагӣ мекард ва бо хайри мардум рӯзгорашро пеш мебурд. Баъдан шунидам, ки ду ҳоҷӣ омада, як хоначаи худсохтро ба ӯ тӯҳфа карданд, бисёр хурсанд шудам, ки чунин омамони саховадманд кӯмаки худро ба беҷомондагон дареғ намедоранд.”
Ҳоло Сарварбӣ Шарипова пулҳои хайриявиеро, ки бозоракиҳо ба ӯ хайр мекунад, ҷамъ мекунад ва ҳар рӯз ҳисоб мекунад. Ягон орзӯяш ин аст, ки рӯзе битавонад бо ин пулҳо порчае зиминеро харидорӣ кунад ва дар он хона бисозад.