Созиши Туркманистон бо Гурҷистон, Озарбойҷон ва Руминия

Мақомоти Туркманистон, Озарбойҷон, Гурҷистон ва Руминия ният доранд, ки соли равон дар Бухарест созишномаи чорҷонибаи байниҳукуматиро дар бораи таъсиси масири байналмилалии нақлиётии “Баҳри Хазар – Баҳри Сиёҳ” ба имзо расонанд.

Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон хабар дода, ки ин масъала дар ҷараёни мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии ин кишвар Аҳмад Гурбонов бо котиби давлатии Вазорати нақлиёти Руминия Адриан Георге Фогис дар Бухарест баррасӣ шудааст.

Ҳамчунин ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳои сиёсӣ ва дипломатӣ, шарикии тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ду кишварро баррасӣ кардаанд.

Қаблан расонаҳо дар бораи эҳтимоли оғози интиқоли гази Туркманистон тавассути Озарбойҷону Гурҷистон ба Туркия хабар дода буданд. Иттиҳоди Аврупо ҳам тасмим гирифтааст, ки ба долони нақлиётии Транс-Хазар, ки Аврупо ва Осиёи Марказиро ба ҳам мепайвандад, 10 миллиард евро сармоягузорӣ кунад.