Додгоҳи вилояти Суғд парвандаи Баҳром Холматов, роҳиби созмони динии “Сонмин Сунбогим” дар Хуҷандро бозбинӣ карда, ҷазои се соли ҳабси ӯро барои ҷурми тундгароӣ бетағйир гузоштааст.
Баҳром Холматов моҳи июл бо ҳукми додгоҳи шаҳри Хуҷанд барои “барангехтани кинаю адовати динӣ” мутобиқи банди 189, қисми 1 –и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои 3 сол ба зиндони низомаш умумӣ равон карда буд. Вале Гулнора Аминова, вакили дифои Баҳром Холматов мегӯяд, зерҳимояаш дар амалҳои худ ҷо доштани ин гуноҳро эътироф накардааст.
Ӯ байни пайравонаш аз рӯи китобҳои дуҷилдаи марбут ба ақидаҳои ин созмон “Хвалы – огонь божественной дружбы”, “Дуредгари ғайриодӣ” ва “Живая жизнь» ваъзҳо мехонд ва ба қавли додрас – “давлати Тоҷикистонро “давлати бехудоён ва кофирон” меномид”.
Ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 7 сентябр гуфт, “дар замони тафтишоти пешакӣ ва додгоҳӣ иттиҳоми нисбат ба зерҳимояам исбот нашуд, ба ҳамин асос мо шикоят кардем. Вале коллегияи додгоҳи вилоятӣ ахиран ҳукмро бетағйир гузошт.”
Аминова афзуд, иқдоми минбаъдаи онҳо ба тасмими Баҳром Холматов вобаста хоҳад буд. Баҳром Холматов, роҳиби созмони кореягии миссионерии протестантӣ, мавсум ба “Калисои пурраи инҷилии Сонмин Сунбогим” баъд аз тафтиши фаъолияти ин созмон 10 апрели соли ҷорӣ аз ҷониби мақомоти амниятӣ боздошт шуд. Ӯ ба ваъзхонӣ дар назди пайравонаш бо мақсади барангезиши кинаву адовати диниву мазҳабӣ, бартарии пайравони ин ташкилоти динӣ аз дину мазҳабҳои дигар айбдор ва алайҳаш парванда боз гардид.
Додрас: гуноҳҳои Холматов пурра исбот шуд
Замони тафтиши парванда Холматов дар боздошт қарор дошт. Некрӯз Маъруфзода, додраси додгоҳи Хуҷанд, ки бозбинии парвандаи ӯро анҷом додааст, рӯзи 7 сентябр гуфт, Баҳром Холматов ҳар ҳафта, рӯзҳои ҷумъаву якшанбе дар бинои кӯдакистони собиқе дар маҳаллаи 12-уми шаҳри Хуҷанд ҷамъомадҳои динӣ меорост. Ӯ байни пайравонаш аз рӯи китобҳои дуҷилдаи марбут ба ақидаҳои ин созмон “Хвалы – огонь божественной дружбы”, “Дуредгари ғайриодӣ” ва “Живая жизнь» ваъзҳо мехонд ва ба қавли додрас – “давлати Тоҷикистонро “давлати бехудоён ва кофирон” меномид”.
Вале худи Холматов дар зимни мурофиаи додгоҳӣ ин ҳамаро рад карда гуфтааст, ки адабиёти мазкур то замони таъини ӯ ба вазифаи роҳибӣ дар утоқи кории ин ташкилоти динӣ дар Хуҷанд мавҷуд буд. Дар икитобҳои мазкур, тибқи хулосаи ташхиси намояндагии маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судиву криминалистии Вазоратии адлияи Тоҷикистон, “аломатҳои барангехтани кинаву адовати динӣ, паст задани шаъни инсон аз рӯи муносибат ба дин” дида мешавад.
Ба гуфтаи Гулнора Аминова, вакили дифои Холматов дар кӯдакистони собиқ дар Хуҷанд маркази созмони миссионериву динии куриёии Сонмин Сунбогим ҷой гирифта буд. Мутобиқи ҳукмномаи додгоҳ, Баҳром Холматов дар зимни мурофиа гуфтааст, ки ӯ соли 1994 ба ташкилоти миссионерии Сонмин Сунбогим пайваст ва дини масеҳиро пазируфт.
Фаъолияти Сонмин қонунӣ буд
Ӯро соли 2013 ба раҳбари ин созмон дар Хуҷанд таъин кардаанд. Ба қавли ӯ, ин ташкилоти динӣ беш аз 200 аъзо дошта, рӯзи якшанбе ба намозгузорӣ аз ин ҳам зиёд ҷамъ мешуд. Биноба ҳукмнома, Холматов дорои маълумоти олӣ буда, соҳиби се фарзанд мебошад. Қаблан суд нашудааст.
Банди 189, қисми 1 – и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои “Барангехтани кинаю адовати динӣ” ба гунаҳкор ҷазои маҳдуд кардани озодӣ ба муҳлати то 5 сол ё маҳрум кардан аз озодӣ ба ҳамин муҳлатро таъин кардааст. Созмони “Сонмим” дар Хуҷанд баъди ҳабси роҳиби пешинааш фаъолияти худро идома медиҳад.
Эркин Маҳмудзода, сармутахассиси шуъбаи дини ҳукумати Хуҷанд рӯзи 7 сентябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин яке аз 7 созмони динии ғайриисломии сабтиномшуда дар маркази вилояти Суғд аст. Ба ҷуз ин як созмони динии баҳоӣ низ расман ба қайд гирифта шудааст. Ба иттилои шуъбаи дини ҳукумати Хуҷанд, баъд аз боздошти Баҳром Холматов ба ҷои ӯ пешвои дигар таъин шудааст, ки итифоқан бо роҳиби ҳабсшуда ҳамнасаб аст, вале бо ӯ хешӣ надоштааст.
Созмонҳои муҳаққиқи озодии мазҳаб мегӯянд, ки дар Тоҷикистон, як кишвари ғолибан мусалмоннишини суннимазҳаб назорати давлат аз болои фаъолиятҳои динӣ шадидтар шудааст. Мақомот дар баробари фаъолияти созмонҳои ғайриисломӣ, фаъолияти рӯҳониёни аҳли суннатро ҳам назорат мекунанд. Мақомот мегӯянд, талоши онҳо ба хотири ҷилавгирӣ аз ифротишавии ҷомеа равона шудааст, вале мунаққидон мегӯянд, озодиҳои мазҳабӣ дар ин кишвар то рафт маҳдуд мешавад.
Калисои Сонмин аз солҳои 1990ум дар Тоҷикистон ҳузур дорад ва то замони қабули қонуни нав дин бештар ба ҳайси созмони миссионерӣ ё мубаллиғӣ фаъолият дошт. Қонуни нави дин ва озодии виҷдон ҳамаи созмонҳои мазҳабиро маҷбур кард, ки барои фаъолияти расмӣ дубора нмонавис шаванд. Ҳоло дар Тоҷикистон беш аз 70 созмони ғайриисломӣ сабтином шуда ва фаъолият доранд.
Давлати Тоҷикистонро солҳои ахир пайваста барои нақзи ҳуқуқи мазҳабӣ ва озодии эътиқод танқид мекунанд. Моҳи апрели имсол Кумисюни озодиҳои мазҳабии Амрико вазъи озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон нигаронкунанда арзёбӣ кард ва гуфт, ки дар кишвар ҳаққи мардуми мусулмон ва пайравони мазҳабҳои дигар поймол мешавад.
Дар ин гузориш аз рӯзи 26-уми апрел омадааст, ки “дар Тоҷикистон, аз ҷумла мусулмонҳо, протестантҳо, равияи насронии Шоҳидони Яҳворо зери фишор қарор ҳастанд ва бархе аз рӯҳониён бо иттиҳомоти сохта зиндонӣ шудаанд.”