Сомон Маҳмадбеков барандаи медали биринҷии Бозиҳои олимпӣ шуд

Сомон Маҳмадбеков ба варзишгари итолиёӣ Антонио Эспосито пирӯз шуд. Порис, 30-юми июли 2024

Сомон Маҳмадбеков, паҳлавони маъруфи тоҷик, бо шикаст додани варзишгари итолиёӣ Антонио Эспосито соҳиби медали биринҷии Бозиҳои олимпӣ дар шаҳри Пориси Фаронса шуд. Ӯ рӯзи 30-юми июл дар вазни то 81 кило ба майдон баромад.

Дар 16 соли охир ин медали аввалини ҷудокорони тоҷик дар Бозиҳои олимпист. Бори охир дар Олимпаиадаи Пекин-2008 Расул Боқиев дар риштаи ҷудо дар вазни то 73 кило соҳиби медали биринҷӣ шуда буд.

Сомон Маҳмадбеков, барандаи медали биринҷии қаҳрамонии ҷаҳон, ки дар мусобиқаи ҷудо дар вазни то 81 кило дар даври аввал озод буд, дар даври дувум Фарес Бадавии фаластиниро шикаст дод. Ӯ дар даври севум бар Франк Де Вит аз Ҳолланд пирӯз шуда, ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфт. Аммо Сомон дар чорякфинал аз қаҳрамони секаратаи ҷаҳон Тато Григалашвилии гурҷӣ мағлуб шуд.

Маҳмадбеков муборизаро дар даври тасаллобахш идома дода, бар паҳлавони узбек Шарофиддин Болтабоев ғолиб омад. Сомон дар рақобати ҳалкунанда барои медали биринҷӣ бар Антонио Эспозитои итолиёӣ дастболо шуд.

Сомон Маҳмадбеков

Дар вазни то 81 кило Таканори Нагасеи ҷопонӣ, ки дар финал Тато Григалашвилии гурҷиро шикаст дод, ба унвони қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ мушарраф шуд.

Ба ин тартиб, дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Порис аз 14 варзишгари тоҷик чаҳор нафарашон рақобатҳои худро ба анҷом расониданд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон як медали биринҷӣ дорад.

Аксҳои бештар дар инҷост:

Рақобати Сомон Маҳмадбеков бо ҳарифаш аз Итолиё

Нахуст Баҳодур Усмонов дар мусобиқаи бокс дар вазни то 63,5 кило дар даври аввал аз Радослав Росенови булғор бо ҳисоби 0:5 мағлуб шуда, аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гашт.

Аз байни паҳлавонони тоҷик аввалин шуда Эмомалӣ Нуралӣ дар мусобиқаи ҷудо дар вазни то 66 кило рақобат кард. Вай, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дувум Борух Шмаилови исроилиро шикаст дода, ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфт. Аммо Эмомалӣ дар чорякфинал аз қаҳрамони олимпӣ Ҳифуми Абеи ҷопонӣ ноком шуд ва дасташ осеби сахт дид. Бинобар ин, ӯ аз рақобат дар даври тасаллобахш даст кашид.

Паҳлавони дигари тоҷик Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни то 73 кило дар даври аввал аз рақибаш Артур Маргелидони канадагӣ шикаст хӯрд.

Дар Олимпиадаи Порис муштзани тоҷик Давлат Болтаев муборизаро идома медиҳад. Вай, ки дар мусобиқоти бокс дар вазни то 92 кило дар аввалин рақобаташ бар Георгий Кушиташвилии гурҷӣ бо ҳисоби 3:2 пирӯз гардид, ба даври чорякниҳо роҳ ёфт. Рақиби Болтаев дар чорякфинал Ҷек Марлейи 21-сола аз Ирландия мебошад. Рақобати ҳарду 2-юми август соати 1-и шаб бо вақти Душанбе доир мегардад.

Боз як муштзани тоҷик - Миҷгона Самадова 30-юми июл дар Олимпиадаи Порис дар вазни то 57 кило миёни занон дар даври аввал бо Алиса Мендоза аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рақобат кард. Дар ин қувваозмоӣ бо қарори доварон муштзани амрикоӣ бо ҳисоби 3:2 ғолиб дониста шуд. Мендоза ба 1/8 финал роҳ ёфт, аммо Самадова аз ҳаққи ширкат дар даври баъдӣ маҳрум гашт.

Боз се паҳлавони тоҷик дар риштаи ҷудо дар Олимпиадаи Порис рақобат хоҳад кард. Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90 кило 31-уми июл, Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 100 кило 1-уми август ва Темур Раҳимов дар вазни беш аз 100 кило 2-юми август ба рақобат мепардозанд

Фахриддин Мадкамов дар шиноварии тарзи озод ба масофаи 100 метр байни мардон рӯзи 2-юми август, Екатерина Бордачёва дар шиноварии тарзи озод ба масофаи 50 метр миёни занон 3-юми август ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.

Даванда Фаворис Музрапов дар риштаи варзиши сабук 3-юми август аввалин рақобаташро дар давидан ба масофаи 100 метр баргузор мекунад.

Виктор Рассадин дар риштаи гуштии озод дар вазни то 74 кило 9-уми август ва Мунира Абдусаломова дар риштаи таэквондо дар вазни беш аз 67 кило 10-уми август дар Олимпиадаи Порис дар аввалин рақобаташон иштирок хоҳанд кард.

Дар мусобиқот аз рӯи барномаи Олимпиадаи Порис беш аз 10 ҳазор варзишгар аз 205 кишвари ҷаҳон ширкат меварзад. Варзишгарон барои 329 маҷмӯи медалҳо аз рӯи 32 намуди варзиш мубориза мебаранд.

Дар асоси низомномаи Ҷоизаи президенти Тоҷикистон варзишгароне, ки дар Бозиҳои олимпӣ медали тилло мегиранд, ба маблағи 300 000 сомонӣ мукофотонида мешаванд. Барои медали нуқраи олимпӣ ҷоизаи молӣ ба маблағи 250 000 сомонӣ ва барои медали биринҷӣ 200 000 сомонӣ муқаррар шудааст. Ҳамчунин бо қарори раиси шаҳри Душанбе ба онҳое, ки дар Олимпиадаи Порис барандагони медали тилло мешаванд, манзили сеҳуҷрагӣ, медали нуқра – манзили дуҳуҷрагӣ ва медали биринҷӣ манзили якҳуҷрагӣ тақдим мегардад.