Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Ҳаким Маҳмадзоиров, ки 82 сол дорад солиёни зиёд дар саҳнаи театр нақши доҳии пролетарҳои тамоми ҷаҳонро бозидааст. То кунун симои Ленин дар чеҳрааш, суханони Ленин дар забонаш ва меҳри Ленин дар қалбаш боқӣ мондааст. Маҳмадзоиров мегӯяд, "ман ҳама вақт Ленинро ёд мекунам. Агар Ленин намебуд, мо ҳозир ҳамин хел зиндагӣ намекардем. Ӯ бисёр шахси хоксор буд. Халқи мазлумро бисёр дӯст медошт. Бо бойҳо хеле заҳролуд буд."
Устод Маҳмадзоиров парвардаи ятимхонаи замони шӯравӣ ва системаи сохтаи Владимир Илич Ленин мебошад. Ба ҳамин хотир Ленин то кунун барояш ҳамчун идеал боқӣ мондааст. Вале дар кӯчаҳои Душанбе аз сӯҳбат бо ҷавонон маълум шуд, ки дар миёни ин қишри аҳолӣ низ ҳастанд нафароне ки аз Ленин ба хубӣ ёд мекунанд. Савзалӣ Назаров, як ҷавони 27-сола аз Душанбе мегӯяд, "аз Ленин дар хотири ман хеле чизҳои аҷиб мондааст. Дар хурдӣ мехостам пионер шавам. Аммо вақте ба мактаб рафтам, Шӯравӣ барҳам хӯрд. Ба орзуям нарасидам. Аз Ленин фақат хурсандӣ дар ёдам мондааст."
Ҳамаи сокинон бо Савзалӣ ҳамфикр нестанд. Онҳо дар чеҳраи Ленин душмани миллати худро мебинанд. Рӯзноманигори тоҷик Аҳмадшоҳи Комилзода мегӯяд, "мухолифати ман ба ленинизм барои он аст, ки ҷомеае ки ӯ сохт, ба миллати ман, ба пайкари миллати ман, ба забону фарҳанги миллати ман зарбаи шадид зад. Забони моро аз байн бурданӣ буданд. Дар ҳамин Душанбе вақте дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бо забони тоҷикӣ ҳарф мезадем, моро қишлоқӣ гуфта, таҳқир мекарданд. Болотар аз ин онҳо барномаҳои калону ҷиддиеро барои аз байн бурдани фарҳангу тамаддуни миллати мо рӯи даст доштанд."
Гурӯҳе аз ҷавонони тоҷик Ленинро ба он айбдор мекунанд, ки садди роҳи озодии дини мардум мешуд. Амруллоҳи Низом, хабарнигори тоҷик мегӯяд, "аз нигоҳи ман Ленин як донишманд аст. Аммо эътиқоди мо ба ин шахсият аз баъзан фикрҳояш оид ба дин кам шудааст. Вале ҳарчанд Ленин бар муқобили дин мубориза мебурд, ҳеҷ гоҳ талош намекард ба эҳсосоту арзишҳои диндорон нохун бизанад."
Баҳс сари шахсияти Владимир Илич Ленин дар ҳоле пеш омадааст, ки аксари наврасон ҳатто шахсияти ӯро намешиносанд. Баъзеҳо шоираш мегӯянду баъзеи дигар дар борааш нашунидаанд. Миҷгона, як сокини Душанбе мегӯяд, "Ленин бо Гитлер ҷанг кардааст." Фирдавс як навраси дигар Ленинро "тинҷкунандаи ҷанг" номид.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ноогоҳии наврасон аз доҳиии пролетарҳо дар ҳолест, ки қариб аз ҳама кӯчаву хиёбонҳои Тоҷикистон пайкару нимпайкараҳои Ленин бардошта шудаанд. Аз соли 1926 давоми 81 сол дар боғи марказии Душанбе ки номи "Ленин"-ро дошт, муҷасамаи 4,5-метрии Владимир Илич қомат афрохта буд. Соли 2007 ҳангоми бозсозии он боғ пайкараи Ленин аз ин ҷо бардошта шуд ва дар ҷояш муҷасамаи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, сардафтари адабиёти классикӣ ё падари шеъри форсу тоҷик қомат афрохт ва номи боғ ҳам ба "Боғи Рӯдакӣ" иваз гардид. Ин пайкараи бузурги Ленин, ки маҳсули дасти ҳайкалтарош рус Казлов ҳаст, феълан дар саҳни бинои Бунёди мусаввирони Тоҷикистон нигоҳ дошта мешавад.
Бо вуҷуди намондани нишон аз Ленин дар кӯчаҳо, ҳанӯз ҳам дар Душанбе якчанд гӯшае ҳаст, ки ҳаводорони ин шахсият метавонанд, худро дар муҳити ленинӣ тасаввур кунанд. Қаҳвахонаи "Союз бистро", ки дар маркази шаҳри Душанбе ҷойгир аст, бо аксҳои Ленин ва парчами сурхи Шӯравӣ оро дода шудааст. Ҳангоми вуруд ба ин қаҳвахона қисме аз мизоҷонро эҳсоси аҷибе фаро мегирад. Абдулло Холов, як сокини Душанбе мегӯяд, "вақте ба ин қаҳвахона ворид мешавам, ҳамон давраҳои пионериву комсомолӣ ва ситораҳои лениниву галстуки сурх ёдам меояд. Мо дар ҳамон давра дар ятимхона тарбия гирифтаем. Ҳамон системаи ленинӣ буд, ки моро ин қадар хононд."